Расули Худо (с) фармуданд:

Вақте ки Худованди Мутаол имонро офарид, имон гуфт: Худоё маро нерӯманд гардон ва Худованд онро ба некхӯӣ ва саховат нерӯманд сохт. Ва чун куфрро офарид, куфр гуфт: Худоё маро тавоно гардон ва Худованд онро ба бухл ва бадхӯӣ тавонманд сохт.

Ал-маҳаҷҷатулбайзо, ҷ.5, саҳ.90

Read more: Некхӯӣ ва бадхӯӣ

Тавбаи воқеӣ

Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ мегӯяд: Шахси биёбоние дар Мадина ба масҷиди Паёмбар(с) омад ва гуфт: Худоё ман аз ту талабу хохиши бахшиш ва тавба дорам ва ба намоз истод. Пас аз намоз ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб(к) ба ӯ гуфт:…

Read more: Тавбаи воқеӣ

СИМОИ МУТТАҚИЁН АЗ НИГОҲИ МАВЛОИ МУТТАҚИЁН (к)

Ривоят  шудааст, ки  яке аз ёрони парҳезкори имом Алӣ(к) ба номи Ҳаммом Ибни Шариҳ гуфт: Эй Амири мӯъминон! Парҳезкоронро барои ман ончунон васф кун, ки гӯё ононро бо чашм менигарам. Имом(к) дар посухи ӯ  диранге карду фармуд: ”Эй Ҳаммом! аз Худо битарс ва некӯкор бош, ки Худованд бо парҳезкорон ва некӯкорон аст”. Аммо Ҳаммом исрор варзид, то он ки имом(к) тасмим гирифт, сифоти парҳезкоронро баён фармояд. Пас Худоро сипосу сано гуфту бар Паёмбараш дуруд  фиристоду фармуд:…

Read more: СИМОИ МУТТАҚИЁН АЗ НИГОҲИ МАВЛОИ МУТТАҚИЁН (к)

 3) Озодӣ ва озодагӣ

Қуръони Карим лаззатҳои дунёиро ҳаром накардааст. Аммо сухан дар ин аст, ки баъзе аз инсонҳо мехоҳанд озодона зиндагӣ кунанд ва талошу кӯшиш доранд то ҷое, ки имкон дорад занҷири вобастагиҳо (доштани сарвати дунёӣ ва ҳамеша дар фикри он будан)-ро аз дасту пои худ бикушоянд.…

Read more: ҲАҚИҚАТИ ЗУҲД(3)

ҲАҚИҚАТИ ЗУҲД(2)

Зуҳди воқеъӣ

Гуфтем, ки омузаҳои исломӣ ба таври куллӣ дар ҳар мақоме бошад, ҳаётбахш мебошанд. Мақсад аз  зинда кардани тафаккури исломӣ ин аст, ки агар дар ҳар ҷое мурдагии фикрӣ ва хомӯширо мушоҳида кардем, бояд бидонем, ки он омӯзаҳо аз Ислом намебошанд.…

Read more: ҲАҚИҚАТИ ЗУҲД(2)