ТАЪРИХИ ҲАҶ ВА ЧИГУНА БИНОШУДАНИ КАЪБА

 Таваҷҷўҳ ба Каъбаи муаззама ва фаризаи Ҳаҷ аз аркони муҳимми эътиқодӣ ва амалии Ислом аст. Оятҳои  марбут ба Ҳаҷ ва эҳтироми Каъба дар сураҳои Бақара, Оли Имрон, Моида, Анфол, Иброҳим, Ҳаҷ ва сураҳои дигар баён шудааст. Дар китобҳои мўътабари исломӣ Ҳаҷ аз пояҳои аслии Ислом шумурда шуда ва барои намуна метавон ба китобҳои Мишкоти Шариф, Саҳеҳи Бухорӣ, Саҳеҳи Муслим ва китобҳои дигар муроҷиа намуд. Барои огоҳии бештар аз фазилати Каъба, Ҳаҷар-ул-асвад, Мақоми Иброим(а), Масҷид-ул-ҳаром ва Маккаи мукаррама кифоят мекунад, ки ба китоби “Эҳёи улуми дин”-и Ғаззолӣ назари кўтоҳе бияндозем.

  Дар ин мақола саъй шудааст аз таърихи Ҳаҷ ва чӣ гуна бино шудани Хонаи Каъба баёни кўтоҳе бикунем. Умед аст, ки ин мақола барои онҳое, ки дар сафари Ҳаҷ ҳастанд сабаби афзоиши маълумот ва барои мушаррафшудагони Хонаи Худо ва орзумандон ҳам мояи хушҳолӣ гардад.

 Фуруд омадани Ҳазрати Одам(а) ба Замин ва сохтани ў Каъбаро  ва Ҳаҷгузоридан ва тавофи ў ба Хонаи Худо

   Вақте ки ҳазрати Одам(а) аз биҳишт берун шуд, назди парвардигор шикоят кард, ки парвардигоро барои ман чӣ пеш омадааст, ки овози фариштагонро намешуна- вам ва вуҷудашонро дигар эҳсос намекунам? Аз тарафи Худо нидо омад, ки ин натиҷаи хатои туст, вале бирав ва барои ман хонае бисоз ва бар он тавоф кун ва бар гирди он маро ёд кун, ҳамон гуна, ки фариштагон ва малоик анҷом медиҳанд.

Ҳазрати Одам(а) шурўъ ба сохтани  Хонаи Каъба намуд ва ҳазрати Ҷабраил(а) дар ин кор ўро кўмак ва ёрӣ мекард то ин ки Хонаи Худо дар Макка сохта шуд.

Ибни Аббос, яке аз саҳобагони ҷалил-ул-қадр мегўяд:

“Аввалин касе, ки асос ва пояи хонаи Каъбаро бунёд  кард ва дар он намоз гузорид ва барои он тавоф кард, Одам(а) буд.”

Пас маълум мешавад, ки поягузори Каъба ва аввалин касе, ки Ҳаҷ намуд ва гирди Хонаи Худо тавоф кард, Ҳазрати Одам(а) буд. Ва ҳоло бубинем ҳаҷҷи Одам(а) чӣ гуна будааст?

 Ҳаҷҷи Одам(а)

   Ҳангоме ки Ҳазрати Одам(а) ҳаҷ намуд ва аз аъмоли ҳаҷ берун омад ва фариштагону малоик дар ноҳияи “Радӣ” ўро истиқбол карданд ва гуфтанд ҳаҷҷи ту қабул бод, мо ду ҳазор сол қабл аз ту дар ин Хона ҳаҷ гузоридем. Ҳазрати Одам(а) пурсид шумо ҳангоми тавоф чӣ мегўед? Гуфтанд: “Субҳоналлоҳи валҳамду лиллоҳи ва ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар”. Одам(а) гуфт: “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ”-ро ҳам изофа кунед ва фариштагон онро низ афзуданд. Аз ин ба баъд тавоф ба таври як суннат барои умматҳои баъдӣ боқӣ монд. Баъд аз вафоти Ҳазрати Одам(а), писарони ў дубора Байт-ул-ҳаромро таъмир намуданд.

 Интихобиҷойгоҳи Каъба тавассути ҳазрати Иброҳим(а)

   Ҳангоме ки ҳазрати Иброҳим(а) маъмур ба таҷдиди бинои хонаи Каъба шуд, аз сўи малоик ҷойгоҳи он нишон дода шуд ва фариштагон дар таъмир кардани Хона ба ў ёрӣ расонданд.

Ибни Исҳоқ аз Муҷоҳид нақл мекунад: Чун Худованди мутаол ҷойгоҳи хонаи Каъбаро барои ҳазрати Иброҳим(а) мушаххас фармуд, Иброҳим(а) аз Шом ба сўи Макка ҳамроҳ бо писараш Исмоил ва модари ў Ҳоҷар ҳаракат кард. Ҷабраил(а)  бо онҳо ҳамсафар буд ва  онҳоро раҳнамоӣ мекард, то ин ки ба  ҷои Каъба расиданд. Онгоҳ ҳазрати Иброҳим(а) он дуро канори ҳиҷри Исмоили феълӣ гузошт, ки миёни чоҳи Замзами имрўза ва суффаи масҷид будааст. Ҳамин ки Иброҳим(а) мехост аз он ноҳия биравад, Ҳоҷар дунболи ў равон шуд ва дар маҳалли «Кадо» ба он Ҳазрат расид ва аз ў пурсид, ки ман ва писарамро ба чӣ касе месупорӣ?

Гуфт: «Ба Худованди азза ва ҷалл» Ҳоҷар гуфт: «Ба хости Худованд розиам» — ва дар ҳоле, ки писари худро дар оғўш гирифта буд, баргашт ва дар сояи «Хорбун» нишаст ва писарашро канори хеш ниҳод.

Достони ин қисса хеле тўлонӣ аст, аммо ба таври мухтасар мо онро баён мекунем.

 Достони ба вуҷуд омадани чоҳи Замзам.

Ҳоҷар, вақте дид оби нўшиданӣ      тамом шудааст ва  шираш ҳам хушк гардидаву кўдак гурусна аст, ба дунболи об равон шуд. Ба сўи кўҳи Сафо медавид ва аз онҷо ба Марва, то шояд касе ва ё чизе пайдо шавад, то онҷо, ки ҳафт бор миёни ин ду кўҳ рафту омад кард. 

Расули Акрам(с) фарму- даанд:   «Ба ҳамин сабаб, мардум, ҳафт бор миёни кўҳи Сафо ва Марва саъй мекунанд».

Алқисса, Ҳоҷар вақте баргашт то бубинад тифлакаш дар чӣ ҳол аст, ногаҳон садое ба гўшаш расид. Ҳоҷар садо зад: «Ба ҳоли кўдакам  бирасед». Онгоҳ Ҷабраил(а) пеши ў ошкор шуд. Ҳоҷар аз паи ў равон гардид ва Ҷабраил(а) дар маҳалли чоҳи Замзам пой ба замин зад ва ҳамон ҷо об бар рўи замин равон   шуд ва Ҳоҷар об ошомида ва машки худро пур аз об кард. Ҷабраил(а) ба Ҳоҷар гуфт: «Инҷо аввалин парастиш- гоҳест, ки барои мардум муқаррар шуда». Сипас ба ў гуфт: «Ба зудӣ падари ин писар бармегардад ва хонае хоҳад сохт, ки инҷо ҷойгоҳи он хона аст».

Нақл кардаанд, ки модари ҳазрати Исмоил(а) пеш аз он ки Иброҳим(а) ва Исмоил(а) хонаи Каъбаро бисозанд даргузашт ва дар маҳалли «Ҳиҷри Исмоил»  ба хок супурда шуд.

 Сохта шудани хонаи Каъба ба дасти ҳазрати Иброҳим(а)

Ибни Ҷурайр аз Касир ва ў аз Ибни Аббос нақл мекунад:  Иброҳим(а) муддате дар Шом монд ва сипас барои бори саввум ба Макка омад. Дар онҷо Исмоилро дид, ки зери дарахте наздики Замзам нишастааст ва тире метарошад. Ҳазрати Иброҳим(а) салом дод ва канори ў нишаст ва сипас гуфт: «Эй Исмоил! Ҳамоно Парвардигор  фармудааст хонае бисозем». Сипас ҳар ду даст ба кор шуданд. Чун деворҳо баланд шуд ва дастрасии Иброҳим(а) бар он душвор гардид, Исмоил(а) сангеро, ки имрўз ба «Мақоми Иброҳим» маъруф аст, овард ва Иброҳим(а) бар он истода ва ба кори худ идома дод.

Ибни Аббос мегўяд: Чун ҳазрати Иброҳим(а) рўи он санг меистод, ба мақоми Иброҳим маъруф шудааст.

      Ин буд хулосае аз чӣ гуна сохта шудани хонаи Каъба ба дасти ҳазрати Иброҳим(а).

  Ҳамон гуна ки дар боло зикр кардем, масъалаи сохта шудани хонаи Каъба аввалин бор ба дасти ҳазрати Одам(а) ва сипас ба дасти писарони Одам ва дар марҳалаи севвум ба дасти ҳазрати Иброҳим(а) анҷом гирифтааст. Ва шоёни зикр аст, ки Каъбаи муаззама дар замони ҳаёти Паёмбари Ислом қабл аз паёмбарии эшон низ таҷдиди  бино гардидааст. Дар ин кор ҳазрати Паёмбар(с) низ саҳим буданд. Баъд аз таъмири бино, ҳангоми гузоштани «Ҳаҷар-ул-асвад» дар дохили Каъбатуллоҳ миёни қабилаҳои араб низову кашмакаш воқеъ гардид.

Ҳар як аз қабилаҳо мехост ифтихори гузоштани ин санги муқаддас дар ҷойгоҳаш насиби ў бошад. Бархе аз сардорони қабоил аз бими ин ки мабодо низои онҳо мунҷар ба шамшеркашӣ шавад, пешниҳод намуданд, ки ин корро бар ўҳдаи аввалин шахсе, ки бар онҷо ворид мешавад, вогузор намоянд. Дидагони ҳама ба сўи дари вурудии Каъбатуллоҳ буд, ки чӣ  касе ворид ва ифтихори  гузоридан ин санги муқаддасро дар ҷояш доро хоҳад шуд. Ин ҳангом буд, ки як дафъа диданд Паёмбари акрам(с) бар онҷо ворид шуданд ва ҳамагон бо як садо фарёд заданд: «Ин ҳамон Муҳаммади амин аст, ки мо ҳама доварии ўро мепазирем».

Алқисса Паёмбари акрам(с), ки ин кори бузург бар ўҳдаашон вогузор гардид, фармуданд, ки ҷомае оварда шавад ва аз чаҳор гўшаи ҷома намояндагони ҳар қабила сангро бардошта ва дохили Каъба бигузорем ва ин кор ба ҳамин сурат анҷом пазируфт.

 Каъба, аввалин хона ҷиҳати ибодат.

   Ҳангоме ки байни яҳудиён ва мусалмонон гуфтугўе анҷом шуд ва яҳудиён мегуфтанд Байтулмуқаддас аз Каъба муҳимтар ва бузургтар аст, зеро ҷойгоҳи ҳиҷрати паёмбарон аст ва дар сарзамини муқаддас қарор дорад ва мусалмонон ме- гуфтанд Каъба муҳимтар ва арзишмандтар аст. Мавзўи ин гуфтугў ба маҳзари Паёмбар(с) расонда шуд ва ин оя нозил шуд, ки дар Каъба нишонаҳои равшане аз ҷумла Мақоми Иброҳим(а) қарор дорад ва дар Байтулмуқаддас чунин  чизе  нест.

 Ҳазрати Иброҳим(а) ва дуои ў дар пешгоҳи Худованди мутаол

  Иброҳим(а) пеши Худо- ванди мутаол чунин арз кард: «Бор худоё! Ин шаҳрро шаҳри амн қарор бидеҳ ва рўзӣ деҳ аҳлашро аз меваҳо ҳар кӣ имон оварад (аз эшон) ба Худо ва рўзи бозпасин».

Худованди мутаол ин дуои ўро иҷобат фармуд ва Маккаро шаҳри амн қарор дод ва ба аҳли он меваҳоро рўзӣ дод, ки аз ҳар сў мева  ба он шаҳр ҳамл мешавад.

Ин буд таърихе мухтасар аз ибтидои бинои Каъба ба дасти ҳазрати Одам(а) ва пи- саронаш ва сипас тавассути ҳазрати Иброҳим(а).

Абдуллоҳ Қодирӣ

 

Охирин матолиб

Нигоҳе ба масъалаи Рӯза

Рӯза яке аз ибодатҳои воло ва барҷаста ба шумор меравад. Дар ин навиштор матолиберо дар бораи ин ибодати муҳим пешкаши шумо мегардонем. Таърифи рӯза он...

Моҳи Рамазон дар Қуръон

Худои Мутаол дар ояти 185 сураи Бақара мефармояд: شَهْرُ رَمَضَانَ اَلَّذِى أُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْءَانُ. هُدىً لِّلنَّاسِ وَبَيِّنَتٍ مِنَ الْهُدَى‏ وَالْفُرْقَانِ. فَمَنْ شَهِدَ مِنْكُمْ الْشَّهْرَ فَلْيَصُمْهُ...