­Модари Мусо чу Мусоро ба Нил,

Дарфиканд аз гуфтаи Рабби Ҷалил.

Худ зи соҳил кард бо ҳасрат нигоҳ,

Гуфт к-эй фарзанди хурди бегуноҳ.

Гар фаромушат кунад лутфи Худой,

Чун раҳӣ з-ин киштии бенохудой.

Гар наёрад Эзади покат ба ёд,

Об, хокатро диҳад ногаҳ ба бод.

Ваҳй омад к-ин чи фикри ботил аст,

Раҳрави мо инак андар манзил аст.

Пардаи шакро барандоз аз миён,

То бубинӣ суд кардӣ ё зиён.

Мо гирифтем ончиро андохтӣ,

Дасти ҳақро дидиву нашнохтӣ.

Дар ту танҳо ишқу меҳри модарист,

Шеваи мо адлу бандапарварист.

Нест бозӣ кори ҳақ, худро мабоз,

Ончи бурдем аз ту, боз орем боз.

Парвини Эътисомӣ

 

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить