Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд:

Касеро, ки наздиконаш раҳо кунанд, бегона ӯро пазиро мегардад.

(Наҳҷулбалоға, ҳикмати 14)

Read more: Умед ба ёрӣ

Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд:

Онгоҳ, ки оғози неъматҳо ба шумо расид, охири онро дар асари камсипосӣ аз худ дур накунед.

(Наҳҷулбалоға, ҳикмати 13)

Read more: Таъсири камсипосӣ дар дур шудани неъмат

Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд:

Ҳар гоҳ бар душмани худ пирӯз шудӣ бахшидан ва даргузаштан аз ӯро шукронаи ғалаба бар ӯ қарор деҳ.

Read more: Шукронаи пирӯзӣ бар душман

Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд:

Бо мардум ба гунае рафтор кунед, ки агар аз дунё рафтед, бар шумо гиря кунанд ва агар зинда будед, бо шавқ ба сӯи шумо оянд.

Read more: Шеваи рафтор бо мардум

Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд:

Онгоҳ, ки дунё ба касе рӯй оварад, хубиҳои дигаронро [ҳам] ба номи ӯ гузорад. Ва онгоҳ, ки дунё ба ӯ пушт кунад, хубиҳои худашро [низ] аз ӯ мерубояд.

Read more: Осори пушт кардан ва рӯй овардани дунё