Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд:

Эй писари Одам! Чун бубинӣ Парвардигорат, ки муназзаҳ аз ҳар айбе аст, паёпай ба ту неъмат мерасонад, дар ҳоле ки ту ӯро нофармонӣ мекунӣ аз ӯ битарс.

(Наҳҷулбалоға, ҳикмати 25)

Read more: Неъмати паёпай дар ҳоли маъсият

Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд:

Касе, ки кору кирдораш вайро ба ҷое нарасонад, ифтихорот ва шарофати хонаводагиаш ӯро ба ҷое нахоҳад расонид.

(Наҳҷулбалоға, ҳикмати 23)

Read more: Кор сабаби пешрафт

Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд:

Аз лағзиш [ва хатои] ҷавонмардон даргузаред, зеро ҳар кас аз онҳо билағзад Худованд дасташро бигирад ва баландаш кунад.

(Наҳҷулбалоға, ҳикмати 20)

Read more: Мудоро бо ҷавонмардон

 

Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд:

Ҳар кас ҳамроҳи орзуи худ битозад, маргаш ӯро бар замин афканад.[1]

(Наҳҷулбалоға, ҳикмати 19)

 


[1]. Орзуҳои пай дар пай, ба аспи лаҷомгусехта ташбиҳ шудааст, ки афсори он раҳо шуда то саворро ба ҳар сӯ ки мехоҳад бибарад. Чунин савориро марг бар замин хоҳад куфт.

Read more: Саранҷоми орзупарварӣ

 

Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд:

Ҳар гирифторе [ё фиребхурдае]-ро набояд сарзаниш кард.

(Наҳҷулбалоға, ҳикмати 15)

Read more: Накӯҳиши нобаҷо