Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд:

Пирӯзӣ дар гарави дурандешӣ ва дурандешӣ дар гарави ба кор андохтани фикр [у андеша] ва андеша дар гарави ҳифзи асрор аст.

(Наҳҷулбалоға, ҳикмати 48)

Read more: Роҳи пирӯзӣ

Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд:

Арзиши мард ба андозаи ҳиммати ӯст, садоқати вай ба андозаи ҷавонмардияш, шуҷоаташ ба андозаи нанг доштанаш [аз анҷоми кори зишт] ва покдоманияш ба андозаи ғайрати ӯст.

(Наҳҷулбалоға, ҳикмати 47)

Read more: Меъёри арзиши инсон

Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд:

Хушо ба ҳоли он касе, ки ба ёди қиёмат буда, барои ҳисобрасии рӯзи қиёмат кор кунад ва ба миқдори кифояташ қаноат варзида ва аз Худованд хушнуд бошад.

(Наҳҷулбалоға, ҳикмати 44)

Read more: Тавсифи инсони саодатманд

Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд:

Амал ба мустаҳаббот дар ҷое, ки ба воҷибот зиён расонад, сабаби тақарруб ба Худо намегардад.

(Наҳҷулбалоға, ҳикмати 39)

Read more: Шарти амал ба мустаҳаббот

Васият ба фарзанд

Ҳазрати Алӣ(к) ба фарзандаш Имом Ҳасан(а) фармуд:

Писарам! Чаҳор чиз аз манд ёд гир (хубиҳо) ва чаҳор чиз аз ман ба ёд бисупор (ҳушдорҳо), ки бо ба кор бастани онҳо, ба ту зиён нарасонад [ё ҳар андоза, ки онро ба кор бандӣ зиён набинӣ].

(Хубиҳо): 1) Гиромитарин [ё бениёзкунандатарин] сарват,…

Read more: Васият ба фарзанд