Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд:

Ҳар гоҳ касе бар ту салом намуд, бо саломи некӯтар посухаш деҳ ва ҳар гоҳ касе ба ту эҳсон кард, беш аз онро ба ӯ бибахш, ҳарчанд дар ҳар ҳол, бартарӣ аз они оғозкунанда аст.

(Наҳҷулбалоға ҳикмати 62)

Read more: Тақаддум дар некӯкорӣ

Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд:

Қаноат сарватест, ки тамом намешавад.

(Наҳҷулбалоға, ҳикмати 57)

Read more: Қаноат

Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд:

Ғурбат барои сарватманд, ҳамчун Ватан шавад ва Ватан барои тангдаст, чунон ғурбат гардад.

Read more: Фақр ва бениёзӣ

Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд:

Шакебоӣ бар ду гуна аст; [яке] сабр бар ончи хуш надорӣ [сабр бар тоат] ва [дигаре] шакебоӣ аз ончи дӯст дорӣ [сабр аз гуноҳ].

(Наҳҷулбалоға, ҳикмати 55)

Read more: Анвои сабр

Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд:

Саховат бахшишест, ки бе дархост бошад, аммо бахшише, ки пас аз дархост бошад ё ба хотири шарм аст ё аз тарси сухани зишт шунидан.

(Наҳҷулбалоға, ҳикмати 53)

Read more: Саховат ва дархост