...б) Паймонномаи бародарӣ дар Мадина

Паёмбари Акрам(с) ҳангоме ки муҳоҷирон аз Макка ба Мадина омаданд, миёни онҳо ва “ансор” паймони бародарӣ барқарор кард. Ҳар як аз муҳоҷиронро бо яке аз “ансор” бародар кард ё худашон ҳамдигарро интихоб мекарданд ва Паёмбар(с) онҳоро бародари якдигар қарор медод.
Тибқи баёни “Сираи ибни Исҳоқ” Паёмбар(с) миёни ёронаш (аз муҳоҷирон ва ансор) паймони бародарӣ мебандад, то ду тан-ду тан дар роҳи Худо бародар шаванд. Он гоҳ дасти Алӣ ибни Абитолиб(к)-ро гирифта чунин мегӯяд: "Ин бародари ман аст" . Ба ин тариқ Расули Худо(с), ки сарвари паёмбарон ва имоми парҳезкорон ва фиристодаи Парвардигори Оламиён аст ва дар миёни бандагони Худо ҳамто ва монанде надорад, бо Алӣ ибни Абитолиб(к) бародар мешавад.
Ҳамза писари Абдулмуталлиб, ки шери Худо ва шери Паёмбар(с) ва амаки ӯ аст, бо Зайд ибни Ҳориса, ки озодшудаи Паёмбар(с) буд, бародар мешавад, чунон ки Ҳамза дар ҷанги Уҳуд пеш аз оғози корзор васият мекунад, ки агар кушта шуд, Зайд ибни Ҳориса меросдори вай хоҳад буд.
Ҷаъфар ибни Абӯтолиб мулаққаб ба “зулҷаноҳайн” (соҳиби ду бол) бо Маоз ибни Ҷабал, ки аз қабилаи Бани Салим аст, бародар мешавад. Салмони Форсӣ бо Абӯдардо аз қабилаи Абулҳорис ибни Хазраҷ, Билол (ва муаззини Пайғамбар(с)) бо Абӯрувайҳаи Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмони Хасъамӣ бародар мешаванд .
Ин паймон барои ёрони Паёмбар(с) чунон азиз аст, ки баъдҳо вақте Умар инби Хаттоб девони ҳуқуқи муҷоҳидонро тадвин мекунад ва Билол мехоҳад ба Шом рафта ва ҷиҳод кунад, Умар аз ӯ мепурсад: "Ҳуқуқатро, эй Билол, ба ки месупорӣ?" Мегӯяд: "Ба Абӯравайҳа. Ман ҳаргиз аз ӯ ҷудо нахоҳам гашт" ба эҳтиром ва ба сипоси он паймони бародарӣ, ки Расули Худо(с) миёни он ду бастааст.
Бархе аз андешамандон мегӯянд: "Кори ин мусовот ва бародарӣ ба ин ҷо кашид, ки ҳар мусулмоне бародари мусулмони худро бар хештан муқаддам медошт”. Чунончи навиштаанд, рӯзи тақсими ғаниматҳои ҷангии Бани Назир Пайғамбар(с) ба ансор гуфт: "Агар моил бошед, муҳоҷиронро дар ғанимат шарик кунед, вагарна ҳама аз они шумо бошад." Ансор гуфтанд: “Мо на танҳо ғаниматҳоро якҷо ба бародарони муҳоҷири худ мебахшем, балки ононро дар молҳо ва хонаҳои худ шарик мекунем”.
Паёмбар(с) бо тарҳи бародарӣ тавонист ваҳдати исломиро таҳаққуқ бахшад ва мусулмононро аз хатароти таҳдидкунанда ҳифз намоянд, ки сесад нафар аз муҳоҷир ва ансорро бо якдигар бародар намуд ва рӯ ба мусулмонон мекард ва мегуфт: "Фалонӣ, ту бародари фалонӣ ҳастӣ".

в) Эҷоди ваҳдати динӣ
Паёмбари Аъзам(с) барои таҳаққуқи ваҳдати уммати исломӣ дар суханонаш пас аз фатҳи Макка дар Масҷидулҳаром мегӯяд:


«المسلم اخو مسلم و المسلمون هم ید واحده علی من سواهم تتکافوا دمائهم یسعی بذنبهم ادناهم.»


Паёмбар(с) мефармояд: "Дасти Худо бо ҷамоат аст ва шайтон бо касе аст, ки бо ҷамоат ба мухолифат бипардозад".
Эҷоди ҳисси муштараки динӣ байни мусулмонон дар каломи зебои он ҳазрат(с) комилан дида мешавад. Албатта рамзи ваҳдат дар рӯҳи инсони боимон ва диндор вуҷуд дорад, ба гуфтаи Мавлавӣ:
Ҷони гургону сагон аз ҳам ҷудост,
Муттаҳид ҷонҳои мардони Худост.
Паёмбар(с) мефармояд: "Бар шумо бод ба ҷамоат, зеро дасти Худо бо ҷамоат аст ва шайтон бо як тан ҳамроҳ ва аз ду тан дуртар аст".
Бино бар ин Паёмбар(с) мусулмононро бародари ҳамдигар медонад ва бояд мисли дасти воҳид маҳкам ва устувор бошанд, то битавонанд аз ҷомеаи тавҳидӣ дифоъ намоянд.

идома дорад

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить