... Нузули ваҳй

Он ҳазрат(с) пеш аз беъсат хобҳое медид, ки монанди рӯз равшан ва дорои ҳақиқат буд.[1] Чиҳил сол аз умри муборакаш гузашта буд, ки фариштаи ваҳй ошкоро ба ишон нозил гардид ва он бузургвор ба паёмбарӣ мабъус шуд. Бешак рӯбарӯ шудан бо фариштаи ваҳй рӯҳи бузург ва неруманд мехоҳад, ки тоби таҳаммули бори нубувват ва шунидану бардошти каломи ваҳйро дошта бошад. Рӯзе амини ваҳй бар ҳазрат фуруд омад ва гуфт:

اِقرَأباسمِ رَبِکَ الَذیخَلَقَ × خَلَقَ الإنسَانَ مِن عَلَقٍ × اقرَأ وَرَبُکَ الأکرَمُ × الَذِی

عَلَّمَ بالقَلَمِ × عَلّمَ الإنسَانَ مالَم یَعلَم

“Бихон ба номи Парвардигорат, ки ҷаҳонро офарид. Касе, ки инсонро аз хуни баста халқ кард. Бихон (Қуръонро) ва Парвардигори ту гиромӣ аст. Онки ба василаи қалам таълим дод ва ба одамӣ ончиро намедонист, омухт.”[2]

Ҳазрати Ҷабраил(а) маъмурияти худро анҷом дод ва Паёмбари Акрам(с) низ аз кӯҳи Ҳиро поин омад ва ба сӯи хонаи ҳазрати Хадиҷа рафт[3]. Рӯҳи бузурги Паёмбар(с) бо нури ваҳй нуронӣ шуд ва ончи аз амини ваҳй омӯхта буд, ҳифз кард. Пас аз ин ҳодиса фаришта ба ӯ хитоб кард: “Эй Муҳаммад(с),туРасулиХудо ҳастӣ ва ман Ҷабраил ҳастам.”

Дини Ислом дар ҷазиратулараб ва ҷаҳоноҳиста-оҳистапешрафт мекард. Дар Қуръон ба касоне, ки дар пазируфтани дини Ислом пешқадам буданд “собиқун” гуфта шудааст. Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки аввалин зане, ки ба Паёмбар(с) имон овард, ҳамсари гиромиашуммулмӯъминин Хадиҷа(рз) буд ва дар ин мавзӯъ ҳеҷ кас мухолифат накардааст.[4] Яъқубӣмегӯяд: «Хадиҷа духтари Хувайлид аввалин зани Паёмбар(с) ва нахустин касе буд, ки ба Паёмбар(с) имон овард ва аз мардҳо Алӣ(к) аввалин касе буд, ки ба он ҳазрат имон овард.»[5]Табарӣ менависад: «Аввалин касе, ки аз мардон ба Пайғамбари Ислом(с) имон овард Алӣ(к) буд.»[6]Ӯ даҳ ривоят аз ровиёни бузург барои ин матлаб нақл кардааст.

Озори мушрикин бар Паёмбар(с)

Мушрикон вақте диданд, ки наметавонандРасулиХудо(с)-ро аз ҳадафаш боздоранд, ба озору азияти ӯ пардохтанд. Гурӯҳе аз сарсахттарин душманони ишон ба ғуломону фарзандони худ дастур доданд, ки он ҳазратро озор бидиҳанд. Рӯзе яке аз онон ғуломи худро амр кард то шикамба ва саргини шутурро ба ду шонаи РасулиХудо(с), ки дар ҳоли саҷда буд, партоб кунад. Он ҳазрат дар муқобили ин беэҳтиромӣ ҳеҷ чизе ба онҳо нагуфт, ҷуз инки Абӯтолибро аз ин ҳодиса хабардор кард. Абӯтолиб бо ғуломаш, дар ҳоле ки шамшери худро аз ғилофаш берун кашида буд, ба сӯи онон омад ва ба душманони РасулиХудо(с), ки ҷамъ шуда буданд, гуфт: “Ба Худо қасам, ҳарки аз шумо сухане бигӯяд, ӯро мекушам.” Он гоҳ ба ғуломаш гуфт, ҳамон корро бо онон бикунад.[7]

Рӯзе Абӯҷаҳл Паёмбар(с)-ро дар куҳи Сафо дид ва дашном дод. Расули Худо(с) ба ӯ чизе нагуфт ва ба роҳи худ идома дод. Абӯҷаҳл ба канори Каъба рафт ва бо мушрикон нишаст. Ҳамза, ки амаки Паёмбар(с) буд, аз шикор бармегашт ва одати ӯ ин буд, ки ҳамеша баъд аз шикор Каъбаро зиёрат карда баъд ба хонаи худ мерафт.Канизи Абдуллоҳ ибни Ҷаъдон, ки шоҳиди озори Абӯҷаҳл ба Паёмбар буд, Ҳамзаро аз ин ҳодиса огоҳ кард. Амӯи Паёмбар аз ҳамон роҳе, ки омада буд, баргашт ва ба тарафи Абӯҷаҳл рафт ва ӯро дар миёни ҷамоате аз Қурайш пайдо кард ва бе он, ки бо касе сухане бигӯяд, бо камони худ бар сари Абӯҷаҳл зад, ки сари ӯ хунин шуд. Ба ӯ гуфт: Ту ба Паёмбар(с) бад гуфтӣ ва ӯро озор додӣ? Ҳар кас ӯро озор бидиҳад ман ӯро мекушам.Сипас гуфт: Ман ба ӯ имон овардам ва ҳамон роҳеро меравам, ки ӯ меравад.

Дар ин вақт гурӯҳе аз мушрикон ба ёрии Абӯҷаҳл бархостанд, вале ӯ як марди ҳилагар буду нагузошт, ки ҷанге оғоз шавад ва гуфт:“Ман дар ҳаққи Муҳаммад(с) бадрафторӣ кардам ва Ҳамза ҳақ дорад, ки нороҳат шавад”.

Қаҳрамоне мисли ҳазрати Ҳамза(рз), ки баъдҳо бузургтарин сардори Ислом шуд, дар ҳифзу нигаҳдории Паёмбар(с) ва қудрати мусулмонон таъсири зиёде дошт. Қурайш мусулмон шудани Ҳамзаро бузургтарин омили пешрафт ва қудрати Ислом донистанд.[8]

идома дорад.


[1] Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ.1, саҳ. 1

[2] Сураи Алақ, ояти 1-5

[3] Саҳеҳи Бухорӣ, ҷ.1, саҳ.3

[4] Сираи Ибни Ҳишом, ҷ.1, саҳ. 240

[5] Таърихи Яъқубӣ, ҷ.1, саҳ. 342

[6] Таърихи Табарӣ, ҷ.1, саҳ. 537-538

[7] Ҳамон ҷ.1, саҳ.545

[8] Таърихи Ибни Асир, ҷ.1, саҳ. 592

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить