Имом Ҳусайн(а), сарвари озодагон, аз дурахшонтарин раҳбарони муслиҳе аст, ки дар саҳнаи зиндагӣ, эъҷозро муҳақақ сохта ва корвони инсониятро ба сӯи аҳдоф ва орзуҳояшон ба ҳаракат даровард ва онро барои эҷоди ҷомеаи мутавозин, пеш ронданд.

Имом Ҳусайн(а), беш аз ҳар муслиҳи дигар ҷиҳод ва фидокорӣ намуд.

Вилодати Имом Ҳусайн(а)

Вай писари Алӣ ибни Абитолиб(а), пешвои ҳақ ва адолат дар замин, бародари Паёмбар(с)[2] ва дарвозаи илми он Ҳазрат аст[3].

Модараш сайидаи занони олам – Фотимаи Заҳро, духтари гиромии Паёмбари Акрам(с) аст, ки Паёмбар(с) дар мавридаш фармуд: Фотима сарвари занони ҷаҳониён[4]  ва пораи вуҷуди ман аст, ҳар кас ӯро биозорад манро озор додааст [5].

Сарвари занони ҷаҳониён, навзоди бузургворашро дар 5–уми шаъбони[6] соли 4–уми ҳиҷрӣ дар Мадинаи Мунаввара ба дунё овард, ки ҳеҷ бонуе аз духтарони Ҳаво, на дар асри нубувват ва на баъд аз он монанди ӯро назода буд, ки баракати азимтар ва сӯди бештар аз ӯ барои инсоният  ва ҷаҳон дошта бошад.

 Чун Ҳусайн(а) ба дунё омад, Паёмбар(с) худаш маросими шаръии таваллуди муборакашро ба ҷо овард ва ин корҳоро анҷом дод.

А: Азон ва иқомат

Паёмбар(с) Имом Ҳусайн(а)-ро дар оғуш гирифт ва дар гӯши росташ азон ва дар гӯши чапи ӯ иқома гуфт.[7]

Б: Номгузорӣ

Паёмбар(с) номи ӯро Ҳусайн гузошт ва фармуд: Ҳорун фарзандонашро Шабар ва Шубайр номид ва ман фарзандонам Ҳасан ва Ҳусайнро ба ҳамон маъное, ки ӯ фарзандонашро номид, номидам.[8]

В: Ақиқа ва тарошидани мӯи сар

Ва дар рӯзи ҳафтуми вилодати он Ҳазрат, Паёмбар(с)  дастур дод, то гӯсфандеро ақиқа бикунанд ва гӯшташро байни фақирон тақсим намоянд ва ҳамчунин дастур дод, то мӯи сари фарзанди навзодашро битарошанд ва ҳамвазни мӯи сар, нуқра ба фақирон садақа диҳанд. [9]

Куния ва лақабҳо

Кунияи он бузургвор Абӯабдуллоҳ ва лақабҳои ӯ, Сибти Расулуллоҳ, Сайиди шабоби аҳли ҷаннат, Райҳонаи Расулуллоҳ мебошад,[10] ки инҳо баргирифта аз аҳодиси Паёмабри Худо(с) аст.

Паёмбари Худо(с) ва Имом Ҳусайн(а)

Рӯзе Паёмбари Ислом(с) писари хӯрдсоли худ Иброҳимро рӯи зонуи чапаш ва Ҳусайн(а)–ро рӯи зонуи росташ нишонда буд. Гоҳе Ҳасейн(а)–ро мебӯсид ва гоҳе Иброҳимро мебӯсид. Дар ин ҳангом Ҷабраил(а) бо ваҳйе, ки аз ҷониби Парвардигори оламиён дар ихтиёр дошт, бар он ҳазрат фуруд омад. Пас аз ин ки пайғоми илоҳиро ба иттилои Расули Акрам(с) расонид, Расули Акрам(с) фармуд: Инак Ҷабраил(а) аз сӯи Парвардигорам нозил шуд ва пайғом дод: Эй Муҳаммад! Парвардигорат ба ту салом мерасонад ва мефармояд, ки ман ин ду фарзандро барои ту нигоҳ намедорам. Бояд яке аз ин дуро фидои дигаре кунӣ. Пас аз шунидани пайғом нигоҳе ба Иброҳим намуду гирист ва нигоҳе ба Ҳусайн намуду ашк аз дидагонаш ҷорӣ шуд. Сипас фармуд: Агар Иброҳим фидои Ҳусайн шавад, ҷуз ман касе дигар бар ӯ сугвор намешавад ва аз сӯи дигар модари Ҳусайн Фотима аст ва падараш Алӣ(а), ки гӯшту хуни ман аст ва агар Ҳусайн фидои Иброҳим шавад духтараму писарамакам ва худи ман бар марги ӯ сугвор хоҳем шуд. Барои ҳамин, андӯҳгин будани худамро ба андӯҳнок шудани онҳо тарҷеҳ медиҳам. Ин буд, ки тақозо кардам то Иброҳим фидои Ҳусайн бошад. Тақозои ман пазируфта шуд ва Иброҳим пас аз се рӯз беморӣ даргузашт. Ҳар вақт Пайғамбари Акрам(с) мушоҳида мекард, ки Ҳусайн(а) ба сӯяш медавад, ӯро мебӯсид ва ба сина мечаспонид ва даҳонашро мебӯсид ва мефармуд: Фидои касе шавам, ки фарзандам Иброҳимро ба хотираш фидо кардам[11].

Дар яке аз рӯзҳо Пайғамбари Акрам(с) бо ҳамроҳи асҳобаш ба манзиле даъват шуданд, дар роҳ ба кӯчае расиданд, ки Ҳусайн(а) дар онҷо бо кӯдакон бозӣ мекард. Расули Худо(с) аз миёни асҳоб берун омад, дасташро кӯшод, ки он Ҳазратро бигирад. Ҳусайн(а) аз ин тараф ба он тараф мегурехт ва Пайғабар(с) ҳам хандакунон ӯро дунбол мекард, то ин ки Ҳусайн(а)-ро гирифт, онгоҳ дасташро зери чона ва дасти дигарашро пушти гардани ӯ гузошт ва лаб бар лабаш гузошт ва ӯро бӯсид ва фармуд:

حُسینٌ مِنِّی وَ انا مِن حُسین. اَحَبَّ اللهُ مَن اَحَبَّ حُسَیناً. حُسین سِبطٌ مِنَ الاَسباط

«Ҳусайн аз ман аст ва ман аз Ҳусайнам, касе ки Ҳусайнро дӯст бидорад Худо ҳам ӯро дӯст медорад. Ҳусайн сибте аз асбот аст».[12]

 Муҳаббати Паёмбар(с) нисбат ба Имом Ҳусайн(а)

Паёмбари Акрам(с) нисбат ба Имом Ҳусайн(а) бо муҳаббати фаровон рафтор мекард ва ҷойгоҳи боло ва мизони алоқаи зиёди худ ба ӯро ба мардум нишон медод ва мефармуд: اللهُمَّ اِنِّی اُحِبُّهُ فَاَحِبُّهُ

«Худоё ман ӯро дӯст дорам, пас ӯро дӯст бидор».[13]

Ва низ дар бораи ӯ ва бародараш Имом Ҳасан(а) мефармояд:

انَّ الحَسَنَ وَ الحُسَین هُما رَیحانتای مِنَ الدُنیا

»Ҳасан ва Ҳусайн ду райҳонаи ман аз дунё ҳастанд«.[14]

Усома ибни Зайд ривоят кардааст, ки шабе  барои ҳоҷате ба манзили Расули Худо(с) рафта будем, Расули Худо(с) бо ҷомаи арабии худ чизеро печонида буд. Надонистем чӣ аст. Аз ӯ савол кардем, Ҳазрат аборо боз кард, дидем Ҳасан(а) ва Ҳусайн(а) аст. Баъд Расули Худо(с) фармуд:

هَذانِ ِابنایَ وَ اِبنَا اِبنَتِی اللهُمَّ اِنِّی اُحِبُّهُما فَاَحِبُّهُما وَ احِبَّ من یُحِبُّهُما

«Ин ду писарони  ман ҳастанд ва писарони духтарам. Худоё ман онҳоро дӯст дорам, пас дӯст бидор онҳоро ва дӯст бидор ҳар касе, ки онҳоро дӯст медорад».[15]

Ҳаргоҳ  Пайғамбари Акрам(с) ба хонаи духтараш мерафт, ба духтараш Фотимаи Заҳро мефармуд: اُدعِ لِی اِبنَیَّ فَیَشُمُّهُما وَ یَضُمُّهُما اِلیهِ

«Писарҳоямро садо бизан, (то пеши ман биёянд) пас онҳоро мебӯид ва ба худ мечаспонид».[16]

Пайғамбари Акрам(с) то онҷо Имом Ҳусайн(а)-ро дӯст медошт, ки он ҳангоме ки ӯ ба маҷлиси хитобаи Пайғамбар(с) ворид мешуд, Пайғамбар(с) аз минбар поён омада, ӯро дар оғӯш мегирифт ва ба болои минбар мерафт[17].

Фазилати дӯстӣ ва мазаммати душманӣ бо Имом Ҳусайн(а)

Расули Ҳудо(с) умматро дар бораи Имом Ҳусайн(а) ва бародари бузургвораш Имом Ҳасан(а) супориши зиёде мекард ва фазилати дӯстии бо онҳо ва накуҳиши душмании бо онҳоро ба уммат гӯшзад мекард. Дар ҳақиқат мефармуд: Дӯстии бо онҳо воҷиб аст ва душмании бо онҳо ҳаром.

Ҳамчунон, ки мефармуд:

مَن اَحَبَّ الحَسَنَ وَ الحُسَینَ فَقَد اَحَبَّنِی وَ مَن اَبغَضَهُما فَقَد اَبغَضَنَی

«Ҳар кас Ҳасану Ҳусайн(а)-ро дӯст дорад, маро дӯст доштааст ва ҳар кас дӯшманашон бидорад, маро душман дошта аст».[18]

Ва дар ҷои дигар мефармояд:

الحَسَن و الحُسَین إبنایَ مَن أحَبَّهُما أحَبَّنِی وَ مَن أحَبَنِّی أحَبّهُ الله و مَن أحَبَّهُ الله أدخَلَه الجَنَه و مَن   أبغَضَهُما ابغَضَنِی و مَن اَبغَضَنِی أبغَضَهُ اللهُ و مَن أبغَضَهُ اللهُ أدخَلَه ُ النار

«Ҳасан ва Ҳусайн писарони ман ҳастанд, ҳар кас онҳоро дӯст бидорад, маро дӯст дошта аст ва ҳар кас, ки маро дӯст бидорад, Худо ӯро дӯст медорад ва ҳар касеро, ки Худо дӯст бидорад, ӯро дохили биҳишт мекунад ва агар ҳар кас онҳоро душман бидорад маро душман доштааст ва ҳар кас маро душман бидорад, Худо ӯро душман медорад ва ҳар касро, ки Худо душман бидорад, ӯро дохили дӯзах  мекунад» [19].

Ва низ мефармояд:  انا سَلمٌ لِمَن سالمتُم و حربٌ لمن حاربتُم

«Ман дар сулҳу созишам, бо ҳар кас ки бо шумо дар сулҳу созиш бошад ва дар ҷангу набардам, бо касе ки бо шумо дар ҷанг бошад» [20]

Ва дар ҷои дигар мефармояд: «Имом Ҳасан ва имом Ҳусайн дар зумраи Аҳли байте ҳастанд, ки барои пайравони худ киштии наҷот аз ғарқ шудан ҳастанд».[21]

Имом Ҳусайн(а) сарвари ҷавонони аҳли биҳишт

Расули Худо(с) Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн(а)-ро чандин бор ба  ин васф муаррифӣ намуда ва бо хушҳолӣ мефармуд: Ҷабраил(а) ба ман хабар додааст, ки онҳо сарвари ҷавонони аҳли биҳишт ҳастанд. Баъзе аз он ривоётро дар инҷо зикр мекунем: Абӯсаиди Худрӣ мегӯяд, ки аз Расули Худо(с) шунидам, ки мефармуд:

الْحَسَنُ وَالْحُسَيْنُ سَيِّدَا شَبَابِ أَهْلِ الْجَنَّةِ

 «Ҳасан ва Ҳусайн сарварони ҷавонони аҳли биҳишт ҳастанд» [22].

Абӯҳотам ривоят мекунад, ки Расули Худо(с) фармуд:

مَن أحَبَّ أن يَنظُرَ إلى سَيِّدِ شَبابِ أهلِ الجَنَة فَليَنظُرَ إلى الحُسَينِ

«Ҳар кас дӯст дорад, ки сарвари ҷавонони аҳли биҳиштро бубинад ба Ҳусайн нигоҳ кунад»[23].

Ӯ низ ривоят мекунад, ки Расули Худо(с) фармуд:

أن حَسَنًا وَ حُسَينًا سَيِّدا شَبابِ أهلِ الجِنَة وَ أبُوهُما أفضَلُ مِنهُما

«Ҳасан ва Ҳусайн сарварони ҷавонони аҳли биҳишт ҳастанд ва падарашон ҳазрати Алӣ(а) аз онҳо беҳтар аст»[24].

[2]. Сунани Тирмизӣ, китоби маноқиб, боби маноқиби Алӣ ибни Абитолиб.

[3]. Ҳамон

[4]. Усдулғоба, ҷ.5 с.522.

[5]. Сунани Тирмизӣ, китоби маноқиб, боби фазилати Фотима (с).

[6]. ал-Бидоя ван ниҳоя, Ибни Касир, ҷ.5, с.462.

[7]. Усдулғоба фи маърифатис саҳоба, ҷ.1, с.566; ал-Мустадрак алассаҳеҳайн, мин маноқибил Ҳасани вал Ҳусейн.

[8]. ал-Мустадрак алассаҳиҳайн, мин маноқибил Ҳасани вал Ҳусейн; Таърихи мадинаи Димишқ, Ибни Асокир, ҷ.41, с.119.

[9]. ал-Бидояту ван ниҳоя, Ибни Касир, ҷ.5, с.2444.

[10]. Сунани Тирмизӣ, боби маноқибул Ҳасани вал Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абӯтолиб.

[11] . Таърихи Бағдодӣ, ҷ. 2, с.204.

[12]. Усдулғоба фи маърифатис саҳоба, ҷ.1, с.566; Сунани Ибни Моҷа, китоби алсуна фазлил Ҳасан ва Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абитолиб; Таърихи мадинаи Димишқ, Ибни Асокир, ҷ.14, с.114.

[13]. Саҳеҳи Муслим, боби фазоили Ҳасан ва Ҳусайн; ал–Мустадрак алассаҳеҳайн, мин маноқибил Ҳасани вал Ҳусейн.

[14]. Сунани Тирмизӣ, боби маноқибул Ҳасани вал Ҳусейн ибни Алӣ; Фатҳул борӣ, дар шарҳи Саҳеҳи Бухорӣ боби маноқибул Ҳасани вал Ҳусейн.

[15]. Ҳамон.

[16]. Ҳамон ва Таърихи мадинаи Димишқ, Ибни Асокир, ҷ.14 с.153.

[17]. Ҳамон.

[18]. Сунани Ибни Моҷа, китобуссунна, фазлул Ҳасани вал Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абӯтолиб; Таърихи мадинату Димишқ, Ибни Асокир, ҷ14, с.152.

[19]. ал–Мустадрак алассаҳеҳайн, мин маноқибил Ҳасани вал Ҳусейн; Таърихи мадинаи Димишқ, Ибни Асокир, ҷ.14, с.156.

[20]. Таърихи мадинату Димишқ, Ибни Асокир, ҷ.14, с.15856; Сунани Ибни Моҷа, китобуссунна, фазлил Ҳасан ва Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абӯтолиб.

[21]. Мустадраки Ҳоким, ҷ.3, с.149.

[22]. Усдулғоба фи маърифатис саҳоба, ҷ.1, с.567; Захоирул уқбо, Аҳмад ибни Абдуллоҳи Табарӣ, с.128.

[23]. Захоирул уқбо, Аҳмад ибни Абдуллоҳи Табарӣ, с.128.

[24]. Ҳамон. с.127; ал–Мустадрак  алассаҳеҳайн, мин маноқибил Ҳасани вал Ҳусейн.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить