ideologyМактаб ва идеология

Мактаб ё идеология чист ва чигуна таъриф мешавад? Чи зарурате аст, ки инсон ба унвони як фард ва ё ба унвони узви як ҷомеа пайрави як мактаб бошад ва ба як идеология бипайвандад ва имон дошта бошад? Оё вуҷуди як идеология барои фард ё ҷомеаи инсонӣ зарурӣ аст? Инҷо муқаддимае лозим аст.

Фаъолиятҳои инсон ду гуна аст: илтизозӣ ва тадбирӣ.

Фаъолиятҳои илтизози ҳамон фаъолиятҳои содае аст, ки инсон таҳти таъсири мустақими ғариза ва табиат ва ё одат -ки табиати сонавӣ аст- барои расидан ба як лаззат ва ё фарор аз як ранҷ анҷом медиҳад; масалан ташна мешавад ва ба сӯи зарфи об даст мебарад, газандае мебинад ва по ба фирор мегузорад.

Ингуна корҳо, корҳое аст мувофиқ ва мулоим бо майл ва мустақиман бо лаззат ва ранҷ сару кор дорад. Кори лаззатовар бо навъе ҷозиба инсонро ба сӯи худ мекашад ва кори ранҷовар бо навъе дофиа, инсонро аз худ дур месозад.

Фаъолиятҳои тадбирӣ корҳое аст, ки худи он корҳо ҷозиба ё дофиа надоранд ва ғариза ва табиат, инсонро ба сӯи он корҳо намекашонад ва ё аз онҳо дур намесозад, инсон ба ҳукми ақл ва ирода ба хотири маслиҳате, ки дар онҳо нуҳуфтааст ва ё ба хотири маслиҳате, ки дар тарки онҳо мебинад, онҳоро анҷом медиҳад ё тарк мекунад; яъне иллати ғоӣ (ниҳоӣ) ва нерӯи муҳаррик ва барангезонандаи инсон маслиҳат аст, на лаззат. Лаззатро табиат ташхис медиҳад ва маслиҳатро ақл. Лаззат барангезонандаи майл аст ва маслиҳат барангезандаи ирода. Инсон аз корҳои илтизозӣ дар ҳангоми анҷоми кор лаззат мебарад, вале аз корҳои маслиҳатӣ лаззат намебарад, аммо аз тасаввури ин ки қадаме ба сӯи маслиҳати ниҳоӣ -ки хайру камол ва ё лаззате дар оянда аст- наздик мешавад, хурсанд мегардад. Фарқ аст миёни коре, ки лаззатбахш ва масарратофарин бошад, бо коре, ки лаззате намебахшад ва аҳёнан ранҷовар аст, вале инсон бо ризоияту хурсандӣ он ранҷро таҳаммул мекунад. Корҳои маслиҳатӣ дар асари дурдаст будани натиҷа, лаззатовар ва баҳҷатзо нестанд, аммо ризоятбахш ҳастанд. Лаззат ва ранҷ аз муштаракоти инсон ва ҳайвон аст, аммо ризоят ва хурсандӣ ва ё кароҳату норизоӣ аз вижагиҳои инсон аст. Ҳамчунон, ки орзу доштан аз вижагиҳои башар аст. Ризоияту кароҳат ва орзу дар қаламрави маъқулот ва дар ҳавзаи тафаккуроти башар воқеанд, на дар ҳавзаи ҳавос ва идрокоти ҳиссии ӯ.

Гуфтем, ки инсон корҳои тадбирии худро бо нерӯи ақл ва ирода анҷом медиҳад, бар хилофи корҳои илтизозӣ, ки ба ҳукми эҳсос ва майл сурат мегирад. Маънии инки ба ҳукми ақл анҷом мегирад ин аст, ки нерӯи ҳисобгари ақл, хайру камол ва ё лаззатеро дар дурдаст мебинад ва роҳи расидан ба онро, ки аҳёнан саъбул убур ва душвор аст, кашф мекунад ва тарҳи расидан ба онро мерезад; ва маънии ин ки бо нерӯи ирода анҷом мегирад ин аст, ки дар инсон як қувваи вобаста ба қувваи ақл вуҷуд дорад, ки нақши иҷрокунандаи тасдиқоти ақлро дорад ва аҳёнан бар хилофи ҳамаи майлҳо ва ҳамаи ҷозибаҳо ва кашишҳои табиӣ, тасдиқоти ақлонӣ ва тарҳҳои фикриро иҷро мекунад.

Як донишҷӯ, табиати ҷавониаш ӯро ба сӯи хобу хӯрок ва осоишу шаҳватронӣ ва бозигӯшӣ мехонад, аммо ақли ҳисобгараш, ки аз як тараф ба натиҷаи зарарноки ин корҳо ва аз тарафи дигар ба оқибати хуби сахткӯшиҳо, бехобиҳо ва чашм аз шаҳвату лаззат пӯшиданҳо меандешад, ба ҳукми маслиҳат ба ӯ фармон медиҳад, ки бахши дуюмро интихоб кунад. Дар ин ҳангом инсон ҳукми ақлро, ки маслиҳат аст бар ҳукми табиат, ки лаззат аст тарҷеҳ медиҳад, ҳамон гуна, ки як бемор аз дору нафрат дорад, аз нӯшидани доруи талх ва бадмазза ранҷ мебарад, аммо ба ҳукми ақли маслиҳатандеш ва бо нерӯи иродаи ҳоким бар майлҳо, доруи талхи бадмаззаро мехӯрад.

Ақл ва ирода ҳар андоза нерӯмандтар бошанд фармони худро беҳтар ба табиат -бо вуҷуди тамоюлоташ -таҳмил менамоянд.

Инсон дар фаъолиятҳои тадбирии худ ҳамеша як тарҳу нақша ва як теорияро дар марҳилаи амал пиёда мекунад. Инсон ҳар андоза аз ноҳияи ақл ва ирода такомулёфтатар бошад, фаъолиятҳояш бештар тадбирӣ аст, то илтизозӣ ва ҳар андоза ба уфуқи ҳайвоният наздиктар бошад, фаъолиятҳояш бештар илтизозӣ аст, то тадбирӣ, зеро фаъолияти ҳайвонӣ ҳама илтизозӣ аст. Дар ҳайвон аҳёнан фаъолиятҳое, ки нишон медиҳад барои ҳадафҳо ва натиҷаҳои дурдаст аст, дида мешавад аз қабили лона сохтан, муҳоҷират, ҷуфтгирӣ ва тавлиди насл, вале ҳеҷ як аз онҳо огоҳона ва аз рӯи огоҳӣ ба ҳадаф ва аз рӯи тафаккур барои пайдо кардани роҳи расидан ва интихоби василае сурат намегирад, балки бо навъе илҳоми ҷабрӣ ва ғаризӣ сурат мегирад. Инсон аз назари фаъолиятҳои тадбирӣ то онҷо доираи фаъолияташ густариш меёбад, ки фаъолиятҳои илтизозиашро ҳам дарбар мегирад; яъне барномарезиҳои маслиҳатӣ то онҷо мумкин аст ба диққат пайрезӣ шавад, ки лаззатҳо дар кадри маслиҳатҳо қарор гирад ва ҳар лаззате дар айни ин ки лаззат аст, маслиҳат ҳам бошад ва ҳар фаъолияти табиӣ дар ҳамон ҳол, ки посухгӯӣ ба даъвати табиӣ аст, итоати фармони ақл низ бошад. Агар фаъолияти тадбирӣ фаъолиятои илтизозиро зери пӯшиши худ қарор диҳад ва агар фаъолиятҳои илтизозӣ, бахше аз тарҳи куллӣ ва барномаи умумии тадбири зиндагӣ қарор гирад, табиат бо ақл ва майл бо ирода интибоқ пайдо мекунад.

Фаъолияти тадбирӣ ба ҳукми он ки бар меҳвари як силсила ғоятҳо ва аҳдофи дурдаст мегардад, хоҳ-нохоҳ ниёзманд ба тарҳу барнома ва равиш ва интихоби васила барои расидан ба мақсад аст ва то онҷо, ки ҷанбаи фардӣ дорад -яъне як фард худ барои худ тадбир мекунад- тарроҳ ва барномарез ва таъйинкунандаи роҳу равиш ва васила, ақли фарде аст, ки албатта бо мизони маълумот ва иттилоот ва омӯхтаҳо ва нерӯмандии қазовати ӯ, бастагӣ дорад.

Фаъолияти тадбирӣ бар фарз ба авҷи камоли худ бирасад, барои инсонӣ шудани фаъолиятҳои инсон кофӣ нест. Фаъолияти тадбирии инсон, шарти лозими инсоният аст, зеро ними аз инсонияти инсонро ақл ва илм ва огоҳӣ ва тадбири ӯ ташкил медиҳад, аммо шарти кофӣ нест. Фаъолияти инсонӣ онгоҳ инсонӣ аст, ки илова бар ақлонӣ будан ва иродӣ будан, дар ҷиҳати гароишҳои олии инсонӣ бошад ва лоақал бо гароишҳои олӣ мухолиф набошад. Ва илло ҷиноят омезтарин фаъолиятҳои башарӣ аҳёнан бо тадбирҳо ва тезҳушиҳо ва моландешиҳо ва тарҳрезиҳо ва теория созиҳо сурат мегирад. Нақшаҳои шайтонии истеъморӣ беҳтарин шоҳид муддаост. Дар истилоҳоти динии исломӣ, нерӯи тадбир онҷо, ки аз гароишҳои инсонӣ ва имонӣ ҷудо мешавад ва дар хидмати аҳдофи моддӣ ва ҳайвонӣ қарор мегирад, “нукро” ва “шайтанат” номида шудааст. Бигузарем аз ин ҷиҳат, ки фаъолияти тадбирӣ лузуман инсонӣ нест балки агар бар меҳвари ҳадафҳои ҳайвонӣ бошад аз фаъолиятҳои илтизозии ҳайвонӣ хатарноктар аст -масалан ҳайвоне ба хотири пур кардани шиками худ ҳайвоне ё инсонеро медарад, вале инсони тадбиргари ҳисобгар барои мақсуде дар ҳамин ҳад, шаҳрҳоеро вайрон мекунад ва садҳо ҳазор нафари бегуноҳро ба оташ мекашад- бале, бигзарем аз ин ҷиҳат, оё аҳдофи ақл аз назари маҷмӯи масолеҳи фардӣ кофӣ аст? Ба иборати дигар, ҳадди короии ақли фардӣ аз назари ироаи масолеҳи фардӣ чист?

Дар ин ки нерӯи ақл ва тафаккур ва андеша барои тадбирҳои ҷузъӣ ва маҳдуди зиндагӣ зарурӣ ва муфид аст баҳсе нест. Инсон дар зиндагӣ ҳамеша мувоҷеҳ бо масоиле аст; монанди интихоби дӯст, интихоби риштаи таҳсилӣ, интихоби ҳамсар, интихоби шуғл, мусофират, муошират, тафриҳ, фаъолиятҳои некӯкорона, мубориза бо каҷиҳо ва норостиҳо ва ғ. Бидуни шак дар ҳамаи инҳо ниёзманди ба тафаккуру андеша ва тадбир аст ва ҳарчи бештар ва беҳтар бияндешад муваффақияти бештар касб мекунад ва аҳёнан ниёзманд ба истимдод аз тафаккур ва таҷрибаи дигарон мешавад -асли машварат-. Дар ҳамаи ин мавориди ҷузъӣ, инсон тарҳе таҳия мекунад ва онро ба марҳилаи иҷро дармеоварад.

Дар доираи куллӣ ва васеъ чӣ тавр? Оё инсон қодир аст тарҳи куллӣ барои ҳамаи масоили зиндагии шахсии худ, ки ҳамаро дарбар гирад ва мунтабиқ бар ҳамаи масолеҳи зиндагӣ ӯ бошад бирезад, ё қудрати тарҳрезии фикрии фардӣ дар ҳудуди масоили ҷузъӣ ва маҳдуд аст ва иҳота бар маҷмӯи масолеҳи зиндагӣ, ки саодати ҳамаҷонибаро дарбар бигирад аз уҳдаи нерӯи ақл берун аст?

Медонем, ки бархе файласуфон ба чунин худкифоӣ муътақид буданд; муддаӣ шуданд, ки роҳи саодат ва шақоватро кашф кардаем ва бо эътимод ба ақл ва ирода, худро хушбахт месозем. Аммо аз тарафи дигар медонем, ки дар ҷаҳон ду файласуф ёфт намешаванд, ки дар пайдо кардани ин роҳ, ваҳдати назар дошта бошанд. Худи саодат, ки ғояти аслӣ ва ниҳоӣ аст ва дар ибтидо мафҳуми возеҳ ва бадеҳӣ ба назар мерасад, яке аз ибҳомомезтарин мафоҳим аст. Инак саодат чист ва бо чи чизҳое ба даст меояд, шақоват чист ва авомили он кадом аст, ҳанӯз ба сурати як маҷҳул матарҳ аст ва ношинохта боқӣ мондааст, чаро? Чун ҳанӯз, ки ҳанӯз аст худи башар ва истеъдодҳо ва имконоташ ношинохтааст. Магар мумкин аст худи башар ношинохта бимонад ва саодаташ, ки чист ва бо чи чизе муяссар мешавад шинохта гардад?!

Болотар ин ки инсон мавҷуди иҷтимоӣ аст; зиндагии иҷтимоӣ ҳазорҳо масъала ва мушкил барояш ба вуҷуд меоварад, ки бояд ҳамаи онҳоро ҳал кунад ва таклифашро дар муқобили ҳамаи онҳо равшан намояд; ва чун мавҷуде аст иҷтимоӣ, саодаташ, ормонҳояш, меъёрҳои хайру шарраш, роҳу равишаш, интихоби василааш, бо саодатҳо ва ормонҳо ва меъёрҳои хайру шарҳо ва роҳу равишҳо ва интихоби василаҳои дигарон омехтааст; наметавонад роҳи худро мустақил аз дигарон баргузинад; саодати худро бояд дар шоҳроҳе ҷӯстуҷӯ кунад, ки ҷомеаро ба саодат ва камол бирасонад.

Ва агар масъалаи ҳаёти абадӣ ва ҷовидонагии рӯҳ ва таҷриба надоштани ақл нисбат ба олами мобаъди олами дунёро дар назар бигирем, масъала бисёр мушкилтар мешавад.

Инҷост, ки ниёз ба як мактаб ва идеология зарурати худро нишон медиҳад; яъне ниёз ба як теорияи куллӣ, як тарҳи ҷомеъ ва ҳамоҳанг ва мунсаҷим, ки ҳадафи аслӣ, камоли инсон ва таъмини саодати ҳамагонӣ аст ва дар он, хутути аслӣ ва равишҳо, боядҳо ва набоядҳо, хубҳову ва бадҳо, ҳадфҳо ва василаҳо, ниёзҳо ва дардҳо ва дармонҳо, масъулиятҳо ва таклифҳо мушаххас шуда бошад ва манбаи илҳоми таклифҳо ва масъулиятҳо барои ҳамаи афрод буда бошад.

Инсон аз оғози пайдоиш, лоақал аз даврае, ки рушду тавсеаи зиндагии иҷтимоӣ сабаби як силсила ихтилофот шудааст,[1] ниёзманд ба идеология ва ба истилоҳи Қуръон шариат будааст. Ҳарчи замон гузашта ва инсон рушд карда ва такомул ёфтааст, ин ниёз шадидтар шудааст. Дар гузашта, гироишҳои хунӣ ва нажодӣ ва қавмӣ ва қабилаӣ ва миллӣ, монанди як рӯҳи ҷамъӣ бар ҷомеаҳои инсонӣ ҳоким буд. Ин рӯҳ ба навбаи худ як силсила ормонҳои ҷамъӣ -агар чи ғайри инсонӣ -ба вуҷуд меовард ва ба ҷомеа ваҳдат ва ҷиҳат медод. Рушду такомули илмӣ ва ақлӣ, он пайвандҳоро суст кардааст. Илм ба ҳукми хосияти зотии худ тамоюл ба фардият дорад, отифаҳоро заиф ва пайвандҳои эҳсосиро суст мекунад. Ончи башари имрӯз -ва ба тариқи авло башари фардо- ро ваҳдат ва ҷиҳат мебахшад ва ормони муштарак медиҳад ва меъёри хайру шар ва бояду набояд барояш мегардад, як фалсафаи зиндагӣ интихоби огоҳонаи ормонхези муҷаҳҳаз ба мантиқ ва ба иборати дигар як идеологияи ҷомеъ ва комил аст.

Башари имрӯз бештар аз башари дирӯз ниёзманд ба чунин фалсафаи зиндагӣ аст, фалсафае, ки қодир бошад ба ӯ дилбастагӣ ба ҳақоиқи моварои фардӣ ва манофеи фард бидиҳад. Имрӯз дигар ҷои тардид нест, ки мактаб ва идеология аз заруриёти ҳаёти иҷтимоӣ аст.

Инчунин мактаберо чи касе қодир аст тарҳ ва пайрезӣ кунад? Бидуни шак ақли як фард қодир нест. Оё ақли ҷамъ қодир аст? Оё инсон метавонад бо истифода аз маҷмӯи таҷрибаҳо ва маълумоти гузашта ва ҳоли худ чунин тарҳе бирезад? Агар инсонро болотарин маҷҳул барои худаш бидонем, ба тариқи авло ҷомеаи инсонӣ ва саодати иҷтимоӣ маҷҳултар аст. Пас чӣ бояд кард? Инҷост, ки агар диди ростин дар бораи ҳастӣ ва хилқат дошта бошем, низоми ҳастиро низоми мутаодил бидонем, халаъ ва пучиро аз ҳастӣ ҳазф намоем, бояд эътироф кунем, ки дастгоҳи азими хилқат ин ниёзи бузургро, ин бузургтарин ниёзҳоро, раҳо накарда ва аз уфуқи мо фавқи ақли инсон, яъне уфуқи ваҳй, хутути аслии ин шоҳроҳро мушаххас кардааст (асли нубувват). Кори ақл ва илм, ҳаракат дар даруни ин хутути аслӣ аст. Чи зебо ва оли гуфта Буалӣ Сино дар китоби Наҷот, онҷо ки ниёзҳои инсонҳоро ба шариати илоҳӣ, ки ба василаи инсоне (набӣ) баён шуда бошад, тавзеҳ медиҳад:

Ниёз ба набӣ ва баёнкунандаи шариати илоҳӣ ва идеологияи инсонӣ дар бақои навъи инсон ва дар расидани инсон ба камоли вуҷудии инсониаш, басе бештар аст аз ниёз ба рӯёнидани мӯ бар абрувон ва манофеи дигар аз ин қабил, ки сирфан нофеъ дар бақои навъи инсонанд, бидуни инки зарурати бақои навъ иҷоб кунад.

 

Яъне дастгоҳи азими хилқат, ки ниёзҳои кӯчак ва ғайри заруриро раҳо накардааст, чи гуна мумкин аст заруритарин ниёзҳоро раҳо кунад?

Аммо агар аз диди ростин дар бораи ҳастӣ ва офариниш маҳрум бошем, бояд таслим шавем, ки инсон маҳкум ба саргаштагӣ ва гумроҳӣ аст ва ҳар тарҳу ҳар идеология аз тарафи инсони саргашта дар зулматкадаи табиат, ҷуз саргармӣ ва сардаргумӣ чизи дигаре нест.

Бо баёни фавқ ҳамчунон, ки зарурати вуҷудии як мактаб ва идеология намоён мешавад, зарурати пайвастани фард ба як мактаб ва идеология низ равшан мегардад.

Аммо пайвастани як фард ба як идеология онгоҳ сурати воқеӣ ба худ мегирад, ки шакли имон ба худ бигирад ва имон ҳақиқате аст, ки бо зур ва ба хотири маслиҳат суратпазир нест. Бо зур метавон ба матлабе таслим шуд ва гардан ниҳод, вале идеология гардан ниҳоданӣ нест, идеология пазируфтанӣ ва ҷазб шуданӣ аст, идеология имон металабад.

Як идеологияи коромад, аз тарафе бояд бар навъе аз ҷаҳонбинӣ такя дошта бошад, ки битавонад ақлро қонеъ ва андешаро тағзия намояд ва аз тарафи дигар бояд битавонад мантиқан аз ҷаҳонбинии худаш ҳадафҳое истинтоҷ кунад, ки кашиш ва ҷазаба дошта бошанд. Дар ин ҳангом ишқ ва қонеъ шудан, ки ду унсури асосии имонанд даст ба дасти якдигар дода, ҷаҳонро месозанд.

Дар инҷо чанд масъала ҳаст, ки ночорем ба таври иҷмол ва ихтисор матраҳ кунем ва тафсили онҳоро ба фурсати муносибтар вомегузорем.

А. Идеологияҳо ду гунаанд: инсонӣ ва гурӯҳӣ. Идеологияҳои инсонӣ яъне идеологияҳое, ки мухотаби онҳо навъи инсон аст, на қавм ё нажод ё табақаи хос ва иддиои наҷоти навъи инсонро дорад, на наҷот ва раҳоии гурӯҳ ё табақаи муаян; тарҳеро, ки ироа медиҳад шомили ҳамаи инсонҳост на дастаи махсусе; пуштибонон ва ҳомиёне, ки ҷалб мекунад аз миёни ҳамаи қишрҳо, гурӯҳҳо, миллатҳо ва табақот аст на як қишр ё гурӯҳи муаян.

Идеологияи гурӯҳӣ, баръакси мухотабаш гурӯҳ ё табақа ё қишри хос аст ва иддиои раҳоӣ ва наҷот ё сиёдату бартарии ҳамон гурӯҳро дорад ва мухотабаш ҳам танҳо ҳамон гурӯҳ аст ва тарҳе ҳам, ки ироа медиҳад вижаи ҳамон гурӯҳ аст ва танҳо аз миёни ҳамон гурӯҳ ҳам пуштибон ва ҳомӣ ҷазб мекунад ва сарбоз мегирад.

Ҳар як аз ин ду навъи идеология, мабни бар навъи дид дар бораи инсон аст. Идеология умумӣ ва инсонӣ монанди идеология исломӣ навъе шинохт аз инсон дорад, ки аз он ба “фитрат” таъбир мешавад. Аз назари Ислом, имон дар ҷараёни хилқат, муқаддам бар таъсири авомили таърихӣ ва авомили иҷтимоӣ, дорои буъди вуҷудии хос шуда ва истеъдодҳои воло, ки ӯро аз ҳайвон ҷудо мекунад ва ба ӯ ҳувият мебахшад ба ӯ дода шудааст. Тибқи ин назар, инсон дар матни хилқат аз навъе шуъур ва виҷдони навъӣ, ки дар ҳамаи инсонҳо вуҷуд дорад баҳраманд шуда ва ҳамон виҷдони фитрӣ ба ӯ тааюни навъӣ ва салоҳияти даъват, мухотаб воқеъ шудан, ҳаракат ва ҷунбиш додааст. Ин идеологияҳо бо такя ба виҷдони фитрии мушаххиси навъи инсон, даъвати худоро оғоз мекунанд ва ҳаракат меофаринанд.

Гурӯҳе аз идеологияҳо диди дигаре аз инсон доранд. Аз назари ин идеологияҳо инсони навъӣ, салоҳияти даъват ва тарафи хитоб қарор гирифтан ва ҳаракатро надорад, зеро шуур ва виҷдон ва гароишҳои инсон таҳти таъсири авомили таърихӣ, дар ҳаёти миллӣ ва қавмӣ ва ё таҳти таъсири авомили иҷтимоӣ, дар мавзеъи табақотии инсон мушаххас мешавад. Инсони мутлақ, сарфи назар аз авомили таърихӣ ё иҷтимоии хос, на шуур дорад ва на виҷдон ва на салоҳияти даъват ва хитоб, балки мавҷуди интизоъӣ аст, на айнӣ. Марксисм ва ҳамчунин фалсафаҳои миллӣ ва қавмӣ бар чунин диде аз инсон мубтанӣ аст. Хостгоҳи ин фалсафаҳо манофеи табақотӣ ва ё эҳсосоти қавмӣ ва нажодӣ ва ҳадди аксар фарҳанги қавмӣ аст.

Бидуни шак идеологияи исломӣ аз навъи аввал ва хостгоҳи он фитрати инсон аст. Ба ҳамин хотир мухотаби Ислом “аннос” яъне умуми мардум аст,[2] на табақа ё гурӯҳи хос. Ислом амалан тавониста аз миёни ҳамаи гурӯҳҳо ҳомӣ ва пуштибон ҷалб кунад, ҳатто аз миёни табақае, ки бо онҳо ба набард бархоста аст; яъне табақаи “малаъ” ва “мутриф” ба истилоҳи Қуръон. Сарбозгирӣ аз табақае бар зиддӣ худи он табақа ва аз гурӯҳе бар зиддӣ манофеи худи он гурӯҳ, балки шуронидан як фард бар зиддӣ табаҳкории шахси худаш, коре аст, ки Ислом фаровон дар тули таърих карда ва мекунад.

Ислом ба ҳукми онки дин аст ва дар дарунитарин лояҳои вуҷуди инсон нуфуз мекунад ва аз тарафи дигар бар фитрати инсонии инсон такя дорад, қодир аст фардеро алайҳи табаҳкории худаш бишуронад ва инқилоби худ алайҳи худ ба вуҷуд оварад, ки номаш “тавба” аст. Идеологияҳои гурӯҳӣ ва табақотӣ танҳо қудрати инқилобиашон шуронидани фард алайҳи фарди дигар ё табақае алайҳи табақаи дигар аст, вале ҳаргиз қодир нестанд инқилоби фард алайҳи худ барпо кунанд, ҳамчунонки қодир нестанд фардеро дар даруни худ аз ноҳияи худ таҳти муроқибат ва контрол қарор диҳанд.

Ислом ба ҳукми ин ки мазҳаб аст ва ба ҳукми ин ки дини хотам аст, беш аз ҳар мазҳаби осмонии дигар барои барпо доштани адолати иҷтимоӣ омадааст[3] ва қаҳран ҳадафаш наҷоти маҳрумон ва мустазъафон ва набард ва ситез бо ситампешагон аст; аммо мухотаби Ислом танҳо муҳрумон ва мустазъафон нестанд, ҳамчунон, ки ҳомиёни худро танҳо аз ин табақа ҷалб накардааст. Ислом ҳатто аз миёни табақаоте, ки ба набард бо онҳо бархостааст, бо такя ба нерӯи мазҳабӣ аз як тараф ва бар фитрати инсонии инсон аз тарафи дигар ба гувоҳии таърих сарбоз гирифтааст. Ислом теория ва назарияи пирӯзии инсоният бар ҳайвоният, илм бар ҷаҳл, адолат бар зулм, мусовот бар табъиз, фазилат бар разилат, тақво бар бетақвоӣ, тавҳид бар ширк аст. Пирӯзии мустазъафон бар ҷабборон ва мустакбирон яке аз мазоҳир ва масодиқи ин пирӯзиҳост.

Б. Ба дунболи баҳси гузашта, ин масъала бояд тарҳ шавад, ки оё фарҳанги аслии инcонӣ моҳияти ягона дорад, ё фарҳанги ягонае дар кор нест; фарҳанг моҳияти қавмӣ, миллӣ ё табақотӣ дорад, ончи вуҷуд дорад ва ё дар оянда вуҷуд хоҳад ёфт фарҳангҳост на фарҳанг?

Ин масъала низ вобаста ба ин аст, ки оё навъияти инсон аз фитарати ягона ва асил бархурдор аст ва ҳамон фитрати асил ва ягона ба фарҳангии инсон ягонагӣ медиҳад ва ё чунин фитрати ягонае дар кор нест; фарҳангҳо сохтаи авомили таърихӣ, қавмӣ ва ҷуғрофиёӣ ва ё сохтаи гароишҳои манфиатталабонаи табақотӣ аст? Ислом ба ҳукми ин ки дар ҷаҳонбиниаш қоил ба “фитрати ягона” аст, ҳам тарафдори идеологияи ягона аст ва ҳам тарафдори фарҳанги ягона.

В. Равшан аст, ки танҳо як идеологияи инсонӣ на гурӯҳӣ ва як идеологияи ягона, на идеологияи мабни бар тақсим ва таҷзияи инсон, як идеологияи фитрӣ, на як идеологияи судгароёна метавонад бар арзишҳои инсонӣ муттакӣ бошад ва моҳияти инсонӣ дошта бошад.

Г. Оё ҳар идеология вобаста ба замон ва макон аст? Оё инсон маҳкум аст, ки дар ҳар вазъи замонии мутағайир ва дар ҳар шароити муҳитӣ ва маконии мухталиф як идеологияи махсус дошта бошад? Оё бар идеология, аслӣ ихтилоф (бар ҳасаби минтақа ва макон) ва асли насх ва табдил (бар ҳасби замон) ҳукмфармост, ё идеологияи инсон ҳамон тавре, ки аз назари гурӯҳӣ ягона аст на чандгона, аз назари замонӣ ва маконӣ низ ягона аст на чандгона; ба иборати дигар, ҳамчунон, ки аз назари гурӯҳӣ, умумӣ аст на хос, аз назари замонӣ ва маконӣ, мутлақ аст на нисбӣ?

Инки як идеология аз назари замонӣ ва маконӣ мутлақ бошад ё нисбӣ низ ба навбаи худ аз як назар баста ба ин аст, ки хостгоҳаш фитрати навъи инсон аст ва ҳадафаш саодати навъи инсон бошад ва ё хостгоҳаш манофеи гурӯҳӣ ва эҳсосоти қавмӣ ва табақотӣ -ва ҳадафаш саодати гурӯҳи хос- бошад, ва аз назари дигар, баста ба он аст, ки моҳияти таҳаввулоти иҷтимоиро чи бидонем. Оё онгоҳ, ки ҷомеае мутаҳаввил мешавад ва давраеро пушти сар мегузорад ва давраи ҷадидеро оғоз мекунад, он ҷомеа тағйири моҳият медиҳад ва дар натиҷа қавонине бар он ҳоким мешавад мухолифи қавонини ҳокими пешин, ончунон, ки масалан об пас аз як давра боло рафтани дараҷаи ҳарорат табдил ба бухор мешавад ва аз он пас қавонини газҳо бар он ҳоким аст, на қавонини моеъот; ё таҳаввулот ва такомулҳои иҷтимоӣ аз ин қабил нест, қавонини аслии такомули ҷомеа ва мадоре, ки дар он таҳаввул меёбад собит аст, ҷомеа тағйири манзил ва марҳила медиҳад на тағйири мадор ва қонуни такомул, ончунон, ки ҷондорон аз назари зистӣ мутаҳаввил ва мутакомил мешаванд, аммо қавонин ҳамеша собит аст.

Ва аз назари ин масъала, ки як идеология аз назари замонӣ ва маконӣ мутлақ аст ё нисбӣ, баста ба он аст, ки ҷаҳонбинии он идеология чи ҷаҳонбиние бошад, илмӣ ё фалсафӣ ва ё мазҳабӣ? Идеологияи илмӣ ба ҳукми ин ки мубтани бар як ҷаҳонбинии нопойдор аст, наметавонад пойдор бошад, бар хилофи ҷаҳонбинии фалсафӣ мубтани бар усули аввалия ва бадеҳиёти аввалия ё ҷаҳонбинии мазҳабӣ мубтани бар ваҳй ва нубувват (ки ин ду навъ метавонанд пойдор бошанд).

Дар инҷо ҳамчунон, ки маҷол ва фурсате нест, ки масъалаи фитратро, ки аз муҳимтарин масоили маорифи исломӣ аст матраҳ кунем, маҷол ва фурсате барои тарҳу баррасии таҳаввулоти ҷомеа нест; вале дар бахши панҷуми ин китоб, ки дар бораи ҷомеа ва таърих баҳс мекунем дар бораи таҳаввулоти ҷомеа ва робитааш бо фитрат баррасӣ хоҳем кард.

Д. Оё бар худи идеология “асли субот” ҳоким аст ё “асли тағйир”? Дар боло сухан дар ин буд, ки оё идеологияи инсон дар замонҳои мухталиф ё маконҳои мухталиф, гуногун аст? Дар онҷо масъали насх ва табдили идеология матраҳ буд, вале акнун маъалаи дигаре матраҳ аст ва он масъалаи тағйир ва таҳаввули як идеология аст. Масъала ин аст, ки оё идеология, хоҳ аз назари муҳтаво умумӣ бошад ё хос, мутлақ бошад ё нисбӣ, худ аз назари инки як падида аст ва падидаҳо мутағайир ва мутаҳаввил ва мутакомиланд, доиман дар таҳаввул ва татаввур аст? Оё воқеияти як идеология дар рӯзи таваллуд бо воқеияти он дар даврони рушду боландагӣ фарқ мекунад? Яъне ҳатман бояд доиман дар ҳоли ҳак[4] ва ислоҳ ва ороиш ва пироиш ва мавриди таҷдиди назар воқеъшудан аз тарафи раҳбарон ва идиологҳо бошад ончунон, ки дар идеологияиҳои моддии асри худ мебинем- ва агар на ба зуди кӯҳна ва фарсуда мешавад ва салоҳияти худро аз даст медиҳад? Ё онки мумкин аст як идеология ончунон танзим шуда бошад ва ончунон рӯй хатҳои аслии ҳаракати инсон ва иҷтимоъ такя карда бошад, ки ниёзе ба ҳеҷ гуна таҷдиди назар ва ислоҳ аз тарафи раҳбарон надошта бошад, нақши раҳбарон ва идиологҳо танҳо “иҷтиҳод” дар фаҳво[5] ва муҳтаво бошад ва такомулҳои идиологӣ дар ноҳияи иҷтиҳодҳо бошад на дар матни идеология?

Посухи ин пурсиш низ аз посухи пурсишҳои гузашта равшан мешавад.[6]

Муртазо Мутаҳҳарӣ

 


[1]Аз маҷмуи оёти Қуръони Карим ба дастмеояд, ки ин ихтилофот ва ин ниёз, аз замони Нуҳ (а) пайдо шудааст. Пайғамбарони пештар соҳиби шариат набуданд. Руҷуъ шавад ба тафсири Алмизон, дар зери ояти 213 аз сураи Бақара.

[2]Гоҳ дар мафҳуми ин калима “аннос”, ки ба маънои умуми мардум аст, иштибоҳ мешавад ва муродиф бо калимаи “тудаи мардум” гирифта мешавад, ки нуқтаи муқобили табақоти мумтоз аст ва чун мухотаби Ислом “аннос” аст, иддио мешавад, ки дини Ислом дини тудаи мардум аст ва зимнан ин ҷиҳат фазилате барои Ислом шумурда мешавад, вале бояд бидонем, ки ончи воқеият аст ва ҳам фазилат аст барои Ислом, инаст, ки Ислом ба ҳимояти тудаи мардум бархоста, на ин ки мухотабаш танҳо тудаи мардуманд ва идеологияаш идеологияи гуруҳӣ ва табақотӣ аст; ва он чи бештар мояи фазилат аст ин аст, ки илова бар табақоти баҳрадиҳанда, аз миёни табақоти баҳракаш ва соҳиби сармоя ва қудрат, бо иттико ба фитрати инсонӣ, аҳёнан виҷдонҳоро ба суди табақоти баҳрадеҳ ва маҳрум бармеангезад.

[3]СураиҲадид, ояти 25 “ لَقَدْأَرْسَلْنَارُسُلَنَابِالْبَيِّنَاتِوَأَنْزَلْنَامَعَهُمُالْكِتَابَوَالْمِيزَانَلِيَقُومَالنَّاسُبِالْقِسْطِва сураи Аъроф, ояти 29 بِالْقِسْطِرَبِّيأََمَرقُلْ

[4]Кандан, тарошидан

[5]Мафҳуми сухан

[6]Мо дар мақолаи “Хатми нубувват” дар ҷилди  аввали “Муҳаммад хотами пайғамбарон”, дар бораи куллиёт ва итлоқи идеологияи исломӣ ва нақши иҷтиҳод дар татбиқи он бо шароити мухталифи маконӣ ва авзоъи мутағайири замонӣ ва ин ки он чи таҳаввул ва такомул мепазирад иҷтиҳоди исломӣ аст, на идеологияи исломӣ, баҳс кардаем.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить