rahman... Нармӣ ва меҳрубонӣ

Рӯзе чанд нафар аз яҳудиён назди Паёмбар(с) омада бо каломе, ки маънои зишту носазое дошт, салом карданд. Ҳазрат гуфт: Ва алайкум (бар шумо ҳам). Ҳамроҳони ҳазрат ба қасди он яҳудиён огоҳ шуданд ва бо асабоният дашном доданд. Пайғамбар(с) фармуданд: “Ором бошед ва бадзабонӣ накунед, магар намедонед, ки Худо нармӣ ва меҳрубонӣ кардан бо ҳама касро дӯст дорад.”[1]

Амонатдорӣ дар ҳаққи дигарандешон

Пеш аз ҷанги Хайбар, як нафар чӯпони сиёҳчеҳрае, ки барои яҳудиёни Хайбар чупонӣ мекард, ба дасти Пайғамбар(с) дини Исломро қабул кард. Ӯ баъд аз имон овардан гуфт: Ин гӯсфандон дар дасти ман амонат аст ва акнун ки робитаи ман бо соҳибони гӯсфандон қатъ шудааст, вазифаам чист? Расули Худо(с) нагуфтанд, ки инҳо ғанимати мусулмонон аст, балки ошкор фармуданд: Дар оини мо хиёнат ба амонат яке аз бузургтарин гуноҳон аст. Ҳазрат дастур доданд, то чӯпон гӯсфандонро ба соҳибонашон баргардонад ва ӯ низ итоат кард.[2]

Хайрхоҳӣ ба мардум дар сахттарин шароит

Вақте ки дар сахттарин шароити ҷанги Уҳуд бо он ҳама мусибат ва ҷароҳат, аз Пайғамбар(с) хостанд, ки дар ҳаққи мардум нафрин кунанд, ҳамон тавре ки Нӯҳ(а) бар қавми худ нафрин фиристода буд, Пайғамбари рифқу мудоро(с) на танҳо дархости азоб накард, балки даст ба дуои хайр бардошту гуфт: “Парвардигоро, қавми маро бибахш (ва дар баъзе нақлҳо омадааст, ки ҳидоят намо), зеро ки онҳо намефаҳманд.”[3] Пайғамбар(с) дар чанд ҷои дигар ҳам ин гуна дуо карданд.

Мудорою меҳрубонӣ дар ҳангоми қудрат

Расули Акрам(с) бо сарони мушрики Макка, ки солҳо душманӣ карда кина варзида буданд ва чандин сол ёрони Пайғамбарро зери бадтарин шиканҷа қарор дода ва пайравони он ҳазратро маҷбур ба тарки ватан карда буданд, бо муҳосираи иқтисодӣ дар шиъби Абӯтолиб, ҳазрат ва ёронашро дар сахттарин рӯзҳо қарор доданд, амволу дороиҳои тарафдорони он ҳазратро ба яғмо бурданд, чандин ҷанг роҳ андохтанд, азизтарин ёрону ақвоми Пайғамбарро куштанд, дар ҷангҳо ҳатто ҳазратро маҷруҳ карда ва ҳар гуна зулму ситаму ғорат нисбат ба он ҳазрат ва ёронашон анҷом дода буданд, паймоншиканӣ карда буданд, аммо дар рӯзи фатҳи Макка бо ин ки мусулмонон ин раҷазро мехонданд, ки: “Имрӯз, рӯзи ҷангу куштору интиқом аст. Имрӯз рӯзи шикаста шудани ҳурматҳост”,[4] аммо Пайғамбар(с) дастур дод то бигӯянд: “Имрӯз рӯзи раҳмату меҳрубонист”[5]. Дар он рӯз, ки ҳама чашм­ҳо ба Пайғамбар(с) дӯхта шуда буданд, он ҳазрат фамуданд: “Эй ҷамоати Қурайш, тасаввур мекунед бо шумо чӣ рафторе дошта бошам?!”. Гуфтанд: Ҷуз некӣ дар ту суроғ надорем! Пайғамбар(с) фармуданд: “Биравед, ҳама озод ҳастед!”[6] ва низ фармуданд: “Ман ба шумо ҳамон каломи бародарам Юсуфро мегӯям: Имрӯз шуморо сарзаниш набояд кард. Худо шуморо мебахшояд, ки ӯ меҳрубонтарини меҳрубонон аст!”.[7]/[8]

Ҳифзи каромати зердастон

Анас ибни Молик(рз) мегӯяд: “Даҳ сол ҳамроҳ ва хидматгузори Паёмбари Худо(с) будам. Ба Худо савганд, ҳаргиз сухани таҳқиромез ва ранҷишоваре бар забон наёвард. Бар анҷоми ҳеҷ коре сарзанишам накард ва ба ман нафармуд, ки чаро чунин кардӣ ва чаро чунон накардӣ.”[9]

Таҳаммули сахтгириҳо

Расули Худо(с) чанд динор ба Ҷурайҷара яҳудӣ қарздор буд. Рӯзе ӯ пеши роҳи Пайғамбар(с)-ро гирифт ва пули худро талаб кард. Ҳазрат фармуд: Эй яҳудӣ, акнун пуле дар дасти ман нест. Марди яҳудӣ гуфт: То талабамро надиҳӣ, раҳоят намекунам. Ҳазрат фармуд: Ҳол ки чунин аст дар канорат менишинам. Ва ҳамон ҷо нишастанд. Дар ҳамон макон намози зуҳр, аср, мағрибу хуфтани он рӯз ва намози субҳи фардоро хонданд. Атрофиён он яҳудиро таҳдид мекарданд. Вақте Пайғамбар(с) аз таҳдиди атрофиён бохабар шуд, фармуд: Чаро бо ӯ чунин мекунед? Гуфтанд: Эй фиристодаи Худо, чигуна инро таҳаммул кунем, ки як яҳудӣ шуморо зиндонӣ кардааст?! Он ҳазрат фармуд: Худоям ба ман иҷоза надодааст, ки бар шаҳрванди ғайри мусулмон ситам кунам. Марди яҳудӣ дар асри рӯзи фардо гуфт: Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу. Онгоҳ бахше аз сарвати худро дар роҳи Худо ҳадя кард. Сипас ба Пайғамбар(с) арз кард: Танҳо ҳадафам аз ин кор ин буд, ки бибинам сифотеро, ки барои ту дар Таврот баён шуда, ки Муҳаммад ибни Абдуллоҳ зодгоҳашМакка ва ҳиҷраташ ба Мадина аст..., дуруштхӯю сангдил нест. Ҳоло ин сифотро дар ту ёфтам, акнун ин моли ман аз они туст ва ҳар тасмиме, ки мехоҳӣ дар бораи он бигир.[10]

Х. Файзулло


[1] Саҳеҳи Муслим, ҷ.7, саҳ. 4

[2] Сираи Ибни Ҳишом, ҷ.3, саҳ. 344

[3] Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 3477

[4]اليوم يوم الملحمه اليوم تستحل الحرمه

[5]اليوم يوم المرحمه

[6]اذهبوا انتم الطلقاء

[7] Сураи Юсуф, ояти 92 قَالَ لَا تَثْرِ‌يبَ عَلَيْكُمُ الْيَوْمَ يَغْفِرُ‌ اللَّـهُ لَكُمْ وَهُوَ أَرْ‌حَمُ الرَّ‌احِمِينَ

[8] Сунани Байҳақӣ, ҷ.2, саҳ. 432; Сираи Ибни Ҳишом, ҷ.4, саҳ. 26

[9] Саҳеҳи Муслим бо шарҳи Нававӣ, боби кона Расулуллоҳ аҳсананноси хулқан

[10] Алмустадрак алассаҳеҳайн, ҷ.2, саҳ. 622

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить