Мавҷудоти ҷаҳон ба ҷондорҳо ва беҷонҳо тақсим мешаванд. Мавҷудоти беҷон ҳеҷгуна нақше дар сохтани худ надоранд.Обу оташу сангу хок беҷонанд ва ҳеҷ нақше дар будан ва ба камол расондани худ надоранд, балки фаққат бо асарпазирӣ аз сабабҳои берунӣ ба вуҷуд меоянд ва таҳти таъсири ҳамон сабабҳо гоҳе як навъ камолеро ба даст меоваранд. Аз ин мавҷудот ҳеҷ гуна талоше дар ҷиҳати сохтан худ дида намешавад. Вале аз ҷондорон, монанди гиёҳу ҳайвону инсон, як силсила талошҳое дар ҷиҳати нигаҳдории худ аз офатҳо ва дар ҷиҳат ҷазб маводди дигар ва дар ҷиҳати тавлиди мисл дида мешавад.

Дар гиёҳон як силсила нерӯҳои табиие вуҷуд дорад, ки сохтани ояндаи онҳо таъсир дорад. Дар гиёҳ қувва ё қувваҳоест, ки маводро аз замин ё ҳаво ҷазб мекунад, қувва ё қувваҳоест, ки аз дарун ба воситаи маводди ҷазбшуда ӯро рушд медиҳад ва қувва ё қувваҳоест, ки имкони тавлиди мислро омода мекунад.

Дар ҳайвон ҳамаи ин қувваҳои табиӣ ба иловаи як силсила қувваҳои шуурӣ аз ҷумла ҳисси дидан, шунидан, ламс кардан ва ғайра ва ҳамчунин майлҳо ки дар пеш аз онҳо ёд шуд - вуҷуд дорад. Ҳайвон ба василаи ин қувваҳо худро аз хатари офатҳо нигоҳ медорад ва низ сабаби рушди шахсӣ ва солим мондани ҳамнавъи худро омода мекунад.

Дар инсон ҳамаи қувваҳои табиӣ ва қувваҳои шуурӣ, ки дар гиёҳу ҳайвон ҳаст дар инсон вуҷуд дорад ба иловаи як силсила майлҳои дигар ки дар пеш баён шуд ва ба иловаи нерӯи фавқулъодаи ақлу ирода, ки сарнавишти ояндаи ӯро то ҳадди зиёде ба дасти худаш медиҳад ва худаш ояндаи худро интихоб карда ва месозад.

Аз он чи гуфта шуд равшан гашт ки:

Баъзе мавҷудот ҳеҷ гуна нақше дар сохтани ояндаи худ надорад (ҷамодот).

Бархе дигар нақше дар сохтани ояндаи худ доранд, аммо ин нақш на озодана ва на огоҳона аст, балки табиат, нерӯҳои дарунии онҳоро ба таври ғайри қобили фаҳм ва ноогоҳона барои дар амон мондан ва солим мондани онҳо ва сохтани онҳо дар оянда ба хидмат гирифтааст (гиёҳҳо).

Бархе дигар нақши бештаре доранд. Ин нақш огоҳона аст, ҳар чанде ки озодона нест, яъне бо навъе огоҳӣ аз худ ва атрофи худ таҳти таъсири як майлҳои фаҳмӣ дар роҳи муроқибат аз худ барои оянда мекушанд (ҳайвонот).

Вале инсон нақши кушотар ва густардатар дар сохтани ояндаи худ дорад. Нақши инсон ҳам огоҳона аст ва ҳам озодона, яъне инсон ҳам ба худ ва ҳам ба атрофи худ огоҳ аст ва ҳам он ки бо таваҷҷуҳ ба оянда ба ҳукми нерӯи ақлу ирода метавонад озодона ояндаи худро ба ҳар шакле, ки худ бихоҳад интихоб кунад.

Доираи таъсиргузорӣ ва нақш барои инсон нисбат ба ҳайвон басе густардатар аст. Густардагии доираи созандагии инсон нисбат ба ояндааш аз се вижагӣ дар инсон сарчашма мегирад:

  1. Густардагии доираи огоҳӣ. Имон бо нерӯи дониш доираи бинишу огоҳии худро аз сатҳи табиат мегузаронад ва то даруни табиат густариш медиҳад ва қонунҳои табиатро мешиносад. Бо шинохтани қонунҳои табиат дасти инсон барои сохтани табиат он чуноне ки бо зиндагии инсон созиши беҳтаре дошта бошад боз мешавад.
  2. Густардагии хостҳо, ки дар бахши “инсону ҳайвон”[1] аз онҳо ёд шуда дар баҳсҳои ин бахш низ таҳти унвони “мавҷуди чандбуъдӣ” ба онҳо ишора рафт.
  3. Истеъдоди худсохтагии вижае, ки дар инсон аст ва ҳеҷ мавҷуди дигар дар ин ҷиҳат монанди ӯ нест.

Баён ин ки агарчи бархе ҷондорҳои дигар низ ба андозаи каме қобили “сохтан” ҳастанд ва метавон бо “умури хоси тарбиятӣ” тағйироте дар онҳо ба вуҷуд овард, он чуноне ки дар ҷаҳони гиёҳон ва ҳайвонот ба чашм меояд- вале аввал ин ки ҳеҷ як аз онҳо ба дасти худашон сохта намешаванд ва ин инсон аст, ки онҳоро месозад ва дувум ин ки тағйирпазирии онҳо нисбат ба инсон бисёр камтар аст.

Инсон дар ноҳияи хислатҳо як мавҷуди билқувва аст, яъне дар оғози таваллуд хислате надорад, бар хилофи ҳайвонҳо, ки ҳар кадом аз онҳо бо як хислатҳои вижае ба дунё меоянд. Чун инсон аз ҳаргуна хислате дур аст ва аз сӯи дигар хислатпазир аст. Ба василаи хислатҳое, ки дар тули замон пайдо мекунад як силсила “буъдҳои сонавия” илова бар буъдҳои фитрӣ барои худ месозад.

Инсон ягона мавҷуде аст, ки қонуни офариниш қалами расмкашии чеҳраи ӯро ба дасти худаш додааст, ки ҳар тавре ки мехоҳад тарсим кунад, яъне бар хилофи андомҳои ҷисмонияш, ки кораш дар марҳилаи раҳим ба поён расидааст ва бар хилофи хислатҳои рӯҳӣ ва андомҳои равонии ҳайвонҳо, ки онҳо низ дар марҳилаи қабл аз таваллуд поён гирифтааст, андомҳои равонии инсон ки ба онҳо хислатҳо ва малакаҳои ахлоқӣ гуфта мешавад ба андозаи бисёр густардае пас аз таваллуд сохта мешавад.

Ва ба ҳамин ҷиҳат аст, ки ҳар навъе аз навъҳои ҳайвонҳо ҳамон тавр ки андоми ҷисмонии ҳамаи афрод ба монанди ҳам аст андомҳои равонӣ ва хислатҳои равонии афродаш низ монанди якдигар аст. Тамомии афроди гурба як навъ хислат доранд ва тамомии афроди саг як навъи дигар ва тамомии афроди мурча як навъи дигар. Агар фарқе бошад ночиз аст, вале фарқи хислат ва ахлоқии афроди инсон бениҳоят аст. Ва ин аст ки инсон ягона мавҷуде аст, ки худаш бояд “худ”-ро интихоб кунад, ки чи бошад.

Дар асарҳои исломӣ расидааст, ки инсонҳо дар қиёмат бар ҳамон хислатҳои рӯҳие, ки ба даст овардаанд на андоми зоҳирии ҷисмонӣ барангехта мешаванд, яъне инсонҳо аз нигоҳи ахлоқӣ ба дастоварандаи аз ҳар навъ ҷондоре, ки ба ӯ монандтар бошанд ба шакли ӯ ва андоми ӯ барангехта мешаванд ва танҳо афроде ба шаклу сурати инсонӣ барангехта мешаванд, ки ахлоқҳои ба дастовардаашон ва буъдҳои сонавияи рӯҳии онҳо муносибу шоиста бо камолҳои инсонӣ бошад.

Ба ҳукми қудрати илмӣ инсон табиатро маҳор мекунад ва табиатро онгунаки мехоҳад муносиб бо ниёзҳои худ месозад ва ба ҳукми нерӯҳои худсозӣ ва худсохтагӣ худро он чуноне ки мехоҳад месозад ва ба ин васила сарнавишти ояндаи худро ба даст мегирад.

Тамомии таъсисоти тарбиятӣ, мактабҳои ахлоқӣ ва таълимоти динӣ ва мазҳабӣ барои роҳнамоии инсон аст, ки ояндаи худашро чигуна бисозад ва чигуна шакл диҳад. Роҳи рост он роҳе аст, ки инсонро басӯи ояндаи саодатбахш мерасонад ва роҳҳои каҷ он роҳҳое аст, ки инсонро ба сӯи ояндаи шақоватмандона мекашонад. Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

Мо роҳро ба инсон (ин мавҷуди озоди худсоз) нишон додем то ӯ худ чӣ бихоҳад ва чӣ интихоб кунад. (аз ду роҳ якеро интихоб хоҳад кард:) Ё роҳе, ки мо намоёндем ва шукргузори мо хоҳад буд ва ё роҳи дигар, ки роҳи носипосӣ аст.[2]

Аз баҳсҳои гузашта донистем, ки илму имон ҳар кадом нақши ҷудое дар созандагии ояндаи инсон доранд.

Нақши дониш ин аст, ки ба инсон роҳи сохтанро нишон медиҳад. Дониш инсонро тавоно мекунад ки ҳар гуна “бихоҳад” ояндаро ҳамон гуна бисозад. Аммо нақши имон ин аст, ки инсонро ба сӯи ин ки худро ва ояндаро “чӣ гуна” бисозад, ки барои худ ва барои ҷомеа беҳтар бошад, мекашонад. Имон намегузорад, ки инсон ояндаро бар меҳвари моддӣ ва фардӣ бисозад. Имон ба хостаҳои инсон ҷиҳатдиҳӣ мекунад, онро аз густараи моддиёт хориҷ мекунад ва маънавиётро низ ҷузви хостҳо қарор медиҳад.

Илм монанди абзоре дар ихтиёри инсон қарор мегирад ва табиатро он чуноне ки инсон бихоҳад ва дастур диҳад, месозад. Аммо ин ки табиатро чигуна бисозад, оё аз табиат василаҳое бисозад ба суди ҷомеаи инсонӣ ва ё нерӯҳое барои тавсиаталабии афроди махсус, он дигар ба ин абзоре, ки номаш илм аст дахле надорад, ин баста ба ин аст, ки инсонҳое, ки илм дар фармони онҳост чигуна инсонҳое буда бошанд.

Аммо имон ба монанди қудрате, ки бар инсон ҳукумат дорад амал мекунад ва хости ӯро дар ихтиёр мегирад ва дар роҳи ҳаққу ахлоқ пеш мебарад. Имон инсонро месозад ва инсон бо нерӯи илм, ҷаҳонро. Онҷо ки илму имон як шаванд ҳам инсон сомон меёбад ва ҳам ҷаҳон.

 


[1]- Дар китоби аввали ин маҷмуа ба номи "Инсон ва имон".

[2]- Даҳр\3.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить