Нигоҳи Китоби Муқаддас (таҳрифшудаи кунунӣ) ба илм ва дониш комилан як нигоҳи бадбинона аст. Ба таври куллӣ рӯйкарди илмситезӣ дорад, ки натиҷа ва ҳосили онро метавон падид омадани Қуруни Вусто ва даврони хомушии ҷаҳони ғарб донист, ки донишмандон ё бо шадидтарин муҷозот гирифтор мешуданд ва ё маҷбур буданд аз эътиқоди илмии худ ақибнишинӣ кунанд ва бар иштибоҳи худ эътироф намоянд. Ин дар ҳоле аст, ки дини мубини Ислом то се қарн пас аз зуҳураш, тамаддуни Исломро шакл дод ва донишмандони зиёдеро тарбият намуд, ки имрӯза ба эътирофи донишмандони ғарб мадюни тамаддуни ҷаҳони Ислом аст.

     Кутуби Муқаддас на танҳо илм ва донишро барои башар лозим намедонад, балки онро самбули шаҷараи мамнуа ва гуноҳи кабира дониста ва растагорӣ ва фалоҳро дар мубориза ва дурӣ аз он муаррифӣ мекунад[1] ба гунае, ки дар Таврот дар сифри пайдоиш дар бораи ҳазрати Одам(а) ва шаҷараи мамнуа чунин омада аст:

     “Худованд ба Одамро(а) амр фармуд: Аз ҳамаи дарахтони боғ бемумониат бихӯр, аммо аз дарахти маърифати нек ва бад зинҳор нахӯр, зеро рӯзе, ки аз он хӯрдӣ ҳар оина хоҳӣ мурд”.[2]

Ва дар ҷои дигар аз Таврот чунин омада аст: “Зан ба мор гуфт: Аз меваи дарахтони боғ мехӯрем, лекин аз меваи дарахте, ки дар миёни боғ аст, Худо гуфта аз он нахӯред ва онро ламс накунед, мабодо бимиред. Мор ба зан гуфт: Ҳар оина нахоҳед мурд, балки Худо медонад рӯзе, ки аз он бихӯред, чашмони шумо боз шавад ва монанди Худо орифи нек ва бад хоҳед буд. Чун зан дид, ки дарахт (барои хӯрок) нек ва донишафзо аст, пас аз мевааш гирифта ва хӯрд ва ба шавҳари худ низ дод ва ӯ хӯрд, онгоҳ чашмони ҳардуи эшон боз шуд[3]”. Дар ҷои дигар аз забони Худованд ба унвони мӯътариз ва мухолифи илм ва огоҳии инсон чунин омадааст: “Ва Худованд гуфт: Ҳамоно инсон мисли яке аз мо шудааст, ки орифи нек ва бад гардид, инак мабодо дасти худро дароз кунад ва аз дарахти ҳаёт низ гирифта бихӯрад ва то абад зинда бимонад,”[4].

     Яҳудиён аз ин суханон ва калимоти Таврот чунин бардошт мекарданд, ки хости Худованд ин аст, ки инсон, ориф ба нек ва бад нагардад ва огоҳ нашавад, пас шаҷараи мамнӯа, ҳамон шаҷараи огоҳӣ аст ва инсон фақат бо исён ва тамарруд аз амри Худо ва сарпечӣ аз таълимоти паёмбарон(с) метавонад ба огоҳӣ ва маърифат бирасад ва чун инсон муртакиби ин исён ва гуноҳ гардид аз биҳишти Худованд ронда шуда аст. Бинобар ин набояд хатое, ки падар ва модари инсон анҷом дода, тавассути фарзанди эшон дар дунё такрор шавад, шояд Худованд биҳиштро насиби онон кунад. Бар асоси ин бардошти ғалат буд, ки яҳудиён кунҷковиҳо ва ҳақиқатҷӯиҳое, ки барои даст ёфтан ба илм ва огоҳиро, ки дар даруни инсон мавҷ мезад, васвасаҳои шайтонӣ меномиданд ва шайтони васвасагарро ҳамон ақл ва илм мепиндоштанд. Ин нигарише буд, ки яҳудиён нисбат ба илм ва дониш доштанд.

Инҷил низ аз достони Одам(а), тамсили маърифатӣ ироа карда ва дар ҷое чунин мегӯяд: “Хушбахт касоне ҳастанд, ки дар нодонӣ аз асрори коинот ба сар мебаранд, чун дар ин сурат аст, ки Худоро хоҳанд дид[5]”. Чунин эътиқоде сабаб шуд, ки исавиён ҳақиқати мазҳабро дар чаҳорчуби ҷаҳл ба коинот, курдилӣ ва бехабарӣ аз ҳақоиқи олам маҳдуд кунанд, ба гунае ки Масеҳият ба густариши дидгоҳи зидди маърифатии худ ва ин ки маърифат, хатарнок ва зиёнбор аст, пардохт ва бо нуфуз ва тавоноии Пулус, ҳидоят ва тақвият гардид. Вай дар рисолае ба Кукистон менависад: “Бо хабар бошед, ки касе шуморо нарубояд ба фалсафа ва макри ботил.[6]” Ва дар каломе хитоб ба Тимутовс мегӯяд: “Эй Тимутовс ту он амонатро маҳфуз дор ва аз беҳудагӯиҳои ҳаром ва аз мубоҳисоти дуруғ дурӣ намо”. Калисо муътақид буд: “Чун Худо бо мо сухан гуфта аст, тафаккури мо, лозим нест”[7].

   Инон муътақид буданд, ки дониш ва илм ҳадафаш кашфи ҳақиқат аст ва чун Худованд ба воситаи Исо(а) дар Китоби Муқаддас бо инсон сухан гуфта аст, бо калимоти ӯ ҳақиқат бар инсони масеҳӣ ошкор гардида ва дигар ниёз ба тафаккур ва донишандузӣ барои уммати Масеҳ вуҷуд надорад[8]. Аз ин рӯ масеҳиён, бо вуруд ва иқтибоси ҳаргуна илм ва дониш дар ҷаҳони Масеҳият, мухолифат мекарданд ва мардумро аз ҳаргуна фаолияти илмӣ наҳй менамуданд, албатта лозим ба зикр аст, ки чунин пиндоре аз таҳрифоте буда, ки бар Кутуби Муқаддас таҳмил шудааст.

   Дар ин робита устод Мутаҳҳарӣ мефармояд: Зиёновартарин таҳрифи таърих, таҳрифе аст, ки дар Таврот, китоби муқаддаси яҳудиён дар хусуси достони Одам ва Ҳаво ва ронда шудани онҳо аз биҳишт ва иллати он, рух додааст. Дар ҳамаи мутуни динӣ омадааст, ки Одам ва Ҳаво аз шаҷараи мамнӯа хӯрданд ва ба ҳамин далел низ аз биҳишт ронда шуданд. Лекин баҳс дар ин аст, ки он шаҷараи мамнӯа чӣ буда аст? Он чи ки аз мутуни динии мо аз Қуръон ва ривоёт бармеояд, ин шаҷараро марбут ба ҷанбаи ҳайвонияти инсон медонанд на ҷанбаи инсоният, яъне як амре буда аз қабили шаҳват, ҳирс, ҳасад ва ғ. Яъне ба ӯ гуфта буд ҳасуд набошад, ҳарис набошад ва ғ. вале ӯ ҳирс ва ҳасад варзид ва аз он мартаба таназзул кард ва берун ронда шуд. Вале аз назари таҳрифгароне, ки Тавротро таҳриф кардаанд, он дарахти мамнӯа марбут ба инсонияти инсон буда на ҳайвонияти ӯ. Онҳо гуфтаанд: Ду камол барои инсон вуҷуд дошт ва Худо мехост он ду камолро аз ӯ дареғ кунад; яке маърифат буд ва дигарӣ ҷовидонагӣ. Одам аз дарахти маърифат хӯрд ва чашмонаш боз шуд ва Худо, чун ки дид ӯ чашмонаш боз шуда тарсид, ки аз дарахти ҷовидонагӣ низ бихӯрад ва ҷовидона шавад, лизо ӯро аз биҳишт берун кард[9].

     Дар ҳоле ки аз назари матнҳои динии мо марҳалаи таълими асмоъ ба Одам ва маърифатдор шудани Ӯ, қабл аз хӯрдан аз шаҷараи мамнӯа аст на ба воситаи он. Дар ҳар ҳол, натиҷаи ин таҳриф ин шуд, ки баъдҳо, тазодди миёни илм ва дин матраҳ шуд ва гумон бар ин рафт, ки ё бояд диндор буд ва бо чашмҳои баста зиндагӣ кард ва ё бедин буд ва бо чашмҳои боз. Зарбулмасалҳое шакл гирифт аз қабили ин ки “ман ҷаҳаннами бо чашми бозро бар биҳишти бо чашми баста тарҷиҳ медиҳам”. Ё ин зарбулмасал, ки “ман як рӯз зиндагӣ кунам, чашмҳоям боз бошад беҳтар аст аз ин ки як умр чашмҳоям баста бошад ва кӯр бошам, ки баъд мехоҳам дар биҳишт зиндагӣ кунам”[10].

Ин аст, ки арз мекунам камтар андешае, фикре ва назарияи таҳрифшудае ба андозаи ин таҳрифе, ки дар Таврот ворид шудааст ба башарият ва ба дин зарар зада аст. То ба имрӯз дар дунё ин мавҷ матраҳ аст, ки ё бояд илмро интихоб кард ва ё дин.[11]

   Аз он чи баён шуд, маълум мешавад, ки дини мубини Ислом таваҷҷӯҳи хоссе ба илм ва дониш ва низ уламо ва донишмандон дорад ва пайравони хешро барои фарогирии он, ҳамеша тарғиб ва ташвиқ менамояд ва аз ҷаҳл ва нодонӣ танаффур дорад ва арзише барои он қоил нест. Аз ин рӯ дини Ислом комилан дини илмдӯст маҳсуб мешавад. Ин дар ҳоле аст, ки дигар адёни осмонӣ мисли дини Яҳудият ва Масеҳият нисбат ба илм бадбин буда ва гом ниҳодан ба сӯи илм ва маърифатро, гом ниҳодан ба самти залолат ва гумроҳӣ медонанд.

С. Сайид

[1]. Каримӣ, Абдулқосим, Асбоб ва заминаҳои таваҳҳуми таорузи илм ва дин, нашрияи Каломи исломӣ, шумораи 52,

[2]. Аҳди атиқ, сифри Пайдоиши, фақарот 16 ва 17.

[3]. Ҳамон, 1 то 18

[4]. Ҳамон 23.

[5]. Аҳди нав, Инҷил, ба нақли мақола Каримӣ, Абдулқосим, асбоб ва заминаҳои таваҳҳуми таорузи илм ва дин, нашрияи Каломи исломӣ, шумораи 52, саҳ.147.

[6]. Аҳди ҷадид, рисолаи Пулуси расул ба Кулистон, 2, 8.

[7]. Ҳамон, рисолаи Пулуси расул ба Тимутовс, 6, 20.

[8]. Дини мубини Ислом комилан баръакси ин дидгоҳ мавзеъ мегирад. Аз ин рӯ пайравони хешро дастур ба тафаккур ва тааққул дар коинот медиҳад, чунон ки мефармояд: “تفکروا فی الخلق ولا تفکروا فی الخالق فإنکم لا تقدرون قدره “Дар бораи офариниш тафаккур кунед! (вале) дар бораи офаридагор тафаккур нанамоед, чаро ки шумо тавоноии онро надоред”. Рейшаҳрӣ, Мизон-ул-ҳикма, ҷ.6, саҳ.176. “التفکر فی ملکوت السماوات و الأرض عبادة المخلصین “Фикр кардан дар малакути осмонҳо ва замин ибодати холисон аст”. Алӣ ибни Муҳаммади Лисӣ, Уюнул-ҳикам вал мавоиз, ҷ.1, саҳ.43.

[9]. Муртазо Мутаҳҳарӣ, масъалаи шинохт, саҳю56; Шайх Шуоӣ, Аббос, мақола, Созгори ва ҳамсуии илм ва дин, нишрияи Каломи исломӣ, шумораи 27, саҳ.111 то 133.

[10]. Ҳамон.

[11]. Муртазо Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, ҷ.13, масъалаи шинохт, саҳ.349 то 352.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить