Ончи рушан аст, ин аст, ки азоби ухравӣ аз назари замонӣ муодили солҳо  зиндагии як фарди гунаҳкор нест ва Худои субҳон ваъдаи дохил шудан дар азоби илоҳӣ ва ҷовидонагии иддаеро дар ҷаҳаннам  дода аст. Чуноне ки Қуръони карим фармуда аст:

“ وَ الَّذینَ كَفَرُوا وَ كَذَّبُوا بِآیاتِنا أُولئِكَ أَصْحابُ النَّارِ هُمْ فیها خالِدُونَ ”

Тарҷумаи оя: “Ва касоне, ки кофир шуданд, ва пиндоштанд, ки оёту нишонаҳои мо дурӯғ аст, онон аҳли ҷаҳаннам ҳастанд ва ҳамеша дар он хоҳанд буд”.[1]

          Баъзе вақт мумкин аст, ки ин навъ муҷозотро ғайри одилона бидонем ва тасаввур намоем азоби ҷаҳаннам низ як навъ азоби қарордодӣ аст. Маслан ин ки фарз кунем тибқи қонун агар касе чароғи қирмизро нодида гирифта ва аз он рад шавад, бояд чанд ҳазор сомонӣ ба унвони ҷаримаи ин тахаллуфаш аз инсони мутахаллиф бигиранд. Инҷо ин муҷозотро одилона ва айни савоб медонем, чаро ки назми умумиро ба ҳам зада аст. Аммо фарзро бар ин бигирем, ки дар муқобили рад шудан аз чароғи қирмиз касе ба ҳабси абад маҳкум ва равонаи зиндон шавад. Ҳар инсони оқиле ин муҷозотро ғайри одилона шуморида ва онро маъқул ва писандида намедонад, чун таносуб ва синхияте бо ҷурми сурат гирифта надорад. Ҳамчунин агар муҷозоти рад шудан аз чароғи қирмиз, задани як сигнол боша, низ онро ҳакимона медонем ва ин сигноли ӯро ҳамле бар маъзаратхоҳӣ ва пӯзиш талабидани ӯ мекунем. Бинобарин дар ин навъ муҷозотҳо ҳатман бояд байни ҷурм ва муҷозоти содир шуда таносуб ва синхият риоят шавад.

 

          Аммо  баъзе аз аз осори манфӣ ва таквинӣ ва ҳақиқие ҳастанд, ки дар онҳо таносуб ва синхият бо тахаллуфи сурат гирифта маъное надорад. Маслан фарде як лаҳза ғафлат намуда ва дертар тормоз кунад ва ин ғафлати ӯ боис шавад то он фард дучори тасодуф шуда, садама бинад ва барои ҳамеша фалаҷ гашта ва натавонад дигар таҳарруке аз худ дошта бошад. Ва ё фарде як лаҳза беэҳтиётӣ карда ва бар асари ин беэҳтиётиаш корд ба чашмаш бархурд намояд ва ӯро барои ҳамеша кӯр гардонад. Ва ё фарде як гугирдро гирифта ва онро рушан кунад ва бозори бузургеро ба оташ бикашад ва молу сарвати мардумро дар як лаҳза ғафлат нобуд намояд ва ҳамчунин мисолҳои дигаре, ки назири онҳо дар гирду атрофамон кам нестанд. Дар ин гуна маворид таносуб ва синхияти амал бо натиҷаи он маъное надорад. Бинобарин танҳо сухани мантиқӣ ин аст, ки дар мавозеъи ҳассостар, эҳтиётҳои шадидтаре бояд иттихоз намуд.

 

        Азоби  ҷаҳаннам низ аз навъи дувум ва аз ҷумлаи азоб таквинӣ аст. Ва ба ҳамин хотир таносуб ва синхияти солҳо гуноҳ кардан, бо солҳо муҷозоте, ки инсони гунаҳкор дар ҷаҳаннам азоб мешавад, маъно ва мафҳуме надорад. Аллома Таботабоӣ дар ин мавзӯъ фармоиши ҷолибе дорад, ки зикри он дар инҷо ба равшан шудани мавзӯъ кӯмаки бештаре менамояд: Азоби холид асар ва хосияти он сурати навъияи шақоватборест, ки нафси саркаши инсони шақӣ бар худ гирифта аст. Яъне инсон бар асари шақоват ва гуноҳ, зулмат ва торикие бар қалби ӯ ҳукмфармо мешавад, ки ӯро аз инсоният хориҷ сохта ва дар зумраи ҳайвонот қарораш медиҳад. Инсон ҳаст вале бӯе аз инсоният намебарад ва ӯ ба як навъи махсусе аз инсонҳо мубаддал мегардад ҳамонгунае ки гов наметавонад рӯзе ғайр аз гов, ҳайвони дигаре шавад, ин гуна инсонҳо низ наметавонанд навъи дигае шаванд.[2]

Бинобарин  касоне, ки мустаҳаққи дохил шудани доимӣ ва ҳамешагӣ дар ҷаҳаннам ҳастанд, афроде,  мебошанд ки зоту сиришти онҳо бо хабосату нопокӣ қарин гашта аст, ки ҳаргиз аз он бар намегарданд ва аз тавбакунандагон нестанд. Ин хабосат ва носипосии онон ба гунаест, ки агар Худои мутаол ба онҳо лутф намуда ва онҳоро дубора ба дунё бозгардонад ва умри тӯлонитаре ба онҳо бидиҳад, онон боз ҳам туғён ва саркашӣ намуда ва ба куфру илҳод ва бутпарастӣ ва зулму ситам мепардозанд. Бинобарин азоб дар муқобили равиш ва хостаи абадии онҳост. Қуръони маҷид мефармод:

 “وَ لَوْ تَرى‏ إِذْ وُقِفُوا عَلَى النَّارِ فَقالُوا یا لَیْتَنا نُرَدُّ وَ لا نُكَذِّبَ بِآیاتِ رَبِّنا وَ نَكُونَ مِنَ الْمُؤْمِنینَ  (27) بَلْ بَدا لَهُمْ ما كانُوا یُخْفُونَ مِنْ قَبْلُ وَ لَوْ رُدُّوا لَعادُوا لِما نُهُوا عَنْهُ وَ إِنَّهُمْ لَكاذِبُونَ ”

 

Тарҷумаи оя: “ Агар онҳо дар он рӯзе, ки дар баробари оташ қарорашон доштаанд нигоҳ кунӣ мегӯянд: Эй кош моро боз ба дунё баргардонанд то оёту нишонаҳои парвардгорамонро такзиб накунем ва аз мӯъминон бошем (27). На, ончиро ки пеш аз ин пинҳон ва пӯшида медоштанд, акнун барояшон ошкор шуда аст, агар онҳоро ба дунё баргардонанд, боз ҳам ба ҳамон корҳое, ки манъашон карда буданд машғул мегарданд. Ва инҳо дурӯғгӯёнанд”.[3]

 

        Пардае аз ҳақиқати бозгаштани кофирону гуноҳкорон ба ин дунё ва ҳамчунон ба гуноҳони хеш машғул шудан, дар раҷъат муҳаққиқ шуда ва афроди палиде, ки ба ҳаёт дунявӣ боз мегарданд, ба шиддати ҳар чи бештар бо ҷабҳаи ҳаққу ҳақиқат меҷанганд.

Ёсин



[1] Сураи Бақара, ояи 39

[2] Тарҷумаи Тафсири Алмизон, ҷ 1, саҳ 625

[3] Сураи Анъом, ояи 27 ва 28

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить