jahanИнсон дар ҷаҳонбинии исломӣ

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Инсон дар ҷаҳонбинии исломӣ достони аҷиб дорад. Инсон аз назари Ислом фақат як ҳайвони ростқомат, ки нохуни паҳн дораду бо ду по роҳ меравад ва сухан мегӯяд, нест. Ин мавҷуд аз нигоҳи Қуръон ба гунае таъриф шудааст, ки наметавон онро бо чанд калима шиносонд.

Қуръон инсонро ситоиш ва мазаммат кардааст. Беҳтарин ситоишҳо ва бадтарин мазамматҳои Қуръон дар бораи инсон аст. Ӯро аз осмону замину фаришта бартар ва дар ҳамон ҳол аз деву чаҳорпоён пасттару поинтар ёд кардааст. Аз дидгоҳи Қуръон инсон мавҷудест, ки метавонад ҷаҳон ва фариштагонро ба хидмати худ дароварад ва баръакс ҳам метавонад ба поинтарин дараҷа афтад. Худи инсон бояд тасмим бигирад ва сарнавишти поёнии худро мушаххас кунад.

Инак баҳсро бо ситоишҳои Қуръон аз инсон, ки “арзишҳои инсон” ҳастанд, оғоз мекунем.

 

Арзишҳои инсон

  1. 1)Инсон халифаи Худо дар рӯи замин

Рӯзе, ки Худованд хост ӯро биёфаринад, нияти худро ба фариштагон баён кард. Онҳо гуфтанд: Оё мавҷуде меофаринӣ, ки дар замин фасоду хӯнрезӣ кунад? Худо гуфт: Ман чизе медонам, ки шумо намедонед.[1]

Ӯ шумо инсонҳоро ҷонишини худ дар замин гардонд, то шуморо дар мавриди сармояҳое, ки додааст имтиҳон кунад ва бисанҷад.[2]

 

  1. 2)Тавоноии илмии болои инсон

Тамомии исмҳоро[3] ба Одам омӯхт (ва ӯро ба ҳамаи ҳақиқатҳо ошно кард), онгоҳ ба фариштагон гуфт: Ин номҳо (ҳақиқатҳо)-ро ба ман хабар диҳед ва онҳоро бигӯед, агар рост мегӯед. Гуфтанд: Мо ҷуз он чи ту ба мо омӯхтаӣ намедонем (он чиро ту худат ба мо наомӯхта бошӣ мо аз роҳи касб наметавонем биёмӯзем). Худо ба Одам гуфт: Эй Одам, ту ба инҳо биёмӯз ва инҳоро огоҳӣ деҳ. Одам ба фариштагон омӯзонд ва огоҳӣ дод. Худо ба фариштагон гуфт: Оё ба шумо нагуфтам, ки ман аз ниҳонҳои осмону замин огоҳам (чизеро медонам, ки шумо намедонед) ва ҳам медонам он чиро шумо ошкор ва он чиро пинҳон мекунед?[4]

  1. 3)Соҳиби сиришти худошинос

Инсон дар даруни худ бо Худо ошноӣ дорад. Инкору шак, беморӣ аст ва инсонро аз сиришти аслиаш дур мекунад.

Ҳанӯз ки фарзандони Одам дар пушти падарони худ буда (ва ҳастанд ва хоҳанд буд) Худованд (бо забони офариниш) онҳоро бар вуҷуди худаш шоҳид гирифт ва онҳо шаҳодат доданд.[5]

Рӯи худро ба сӯи дини ҳақгаро нигаҳ дор, ҳамон ки сиришти худоист ва ҳамаи мардумро ба он сириштааст.[6]

 

  1. 4)Дар даруни инсон илова бар унсурҳои моддӣ, ки дар ҷимоду гиёҳу ҳайвон аст, унсури малакутӣ ва илоҳӣ вуҷуд дорад. Инсон аз табиат ва фаротар аз табиат, аз моддаву маъно ва аз ҷисму ҷон таркиб шуда аст.

Он ки ҳарчиро офарид некӯ офарид ва офариниши инсонро аз гил оғоз кард, баъд насли ӯро аз шираи кашидае, ки обе паст аст қарор дод, онгоҳ ӯро биёрост ва аз рӯҳи хеш дар ӯ дамид.[7]

  1. 5)Офариниши инсон, офариниши беҳисоб ва тасодуфӣ нест, балки интихобшуда ва баргузидашуда аст:

Худованд Одамро баргузид ва тавбаашро пазируфт ва ӯро ҳидоят кард.[8]

  1. 6)Ӯ шахсияти мустақиллу озод дорад, амонатдори Худованд аст, рисолат ва масъулият дорад, аз ӯ хосташуда аст, ки бо кор ва навоварӣ заминро обод созад ва бо интихоби худ яке аз ду роҳи хушбахтӣ ва бадбахтиро ихтиёр кунад:

Ба дурустӣ ки амонати хешро бар осмону замин арза кардем ва ҳама аз пазируфтани он дурӣ ҷустанд ва аз қабули он тарсиданд, аммо инсон бори амонатро ба дӯш кашид ва онро пазируфт. Ба дурустӣ, ки ӯ ситамкору нодон буд.[9]

Мо инсонро аз нутфае таркибшуда офаридем, то ӯро имтиҳон кунем, пас ӯро шунавову бино қарор додем. Ба дурустӣ ки роҳро ба ӯ нишон додем, ӯ худ ё сипосгузор ва ё кофир аст. (Ё роҳи ростро, ки ба ӯ нишон додем меравад ва ба саодат мерасад ва ё носипосии неъмат карда қаҷравӣ мекунад ва бадбахт мешавад).[10]

  1. 7)Ӯ соҳиби каромату шарофат аст.

Худо ӯро бар бисёре аз махлуқоташ бартарӣ додааст. Ӯ онгоҳ ҳақиқати худро дарку эҳсос мекунад, ки ин каромату шарофатро дар худ дарк кунад ва худро бартар аз пастиҳо, асоратҳо ва шаҳватрониҳо бидонад:

Ба дурустӣ ки мо фарзандони Одамро каромат бахшидем ва ононро бар саҳрову дарё (хушку тар) мусаллат кардем ва бар бисёре аз махлуқоти худ бартарӣ додем.[11]

  1. 8)Ӯ виҷдони ахлоқӣ дорад ва ба ҳукми илҳоми фитрӣ хубу бадро мефаҳмад:

Савганд ба нафси инсон ва он ки ӯро сомон дод, пас покиҳо ва нопокиҳоро ба ӯ илҳом кард.[12]

  1. 9)Ӯ фақат бо ёди Худо ором мегирад. Хостаҳояш бепоён аст ва ба ҳар чизе бирасад аз он серу дилзада мешавад, магар он ки ба зоти беҳадду ниҳоят (Худо) бипайвандад:

Ба дурустӣ ки танҳо бо ёди Ӯ дилҳо ором мегирад.[13]

Эй инсон! Ту ба сӯи Парвардигори худ бисёр талошкунанда ҳастӣ ва саранҷом Ӯро дидор хоҳӣ кард.[14]

  1. 10)Неъматҳои замин барои инсон офарида шудааст:

Ба дурустӣ Ӯст, ки он чи дар осмону замин аст барои шумо офарид.[15]

Ӯ он чи дар осмонҳову замин аст аз назди худ дар ихтиёри шумо қарор додааст (пас ӯ ҳаққи баҳрагирии писандида аз ҳамаи инҳоро дорад).[16]

  1. 11)Ӯро барои ин офарид, ки танҳо Худои худро парастиш кунад ва фармони Ӯро анҷом диҳад. Пас вазифааш итоати амру фармони Худост:

Ман ҷинну инсро наёфаридам, магар барои ин ки маро парастиш кунанд.[17]

  1. 12)Ӯ танҳо худро ба василаи парастиш ва ёди Худои худ мешиносад. Агар Худоро фаромуш кунад худро фаромуш мекунад ва намедонад чӣ касе ҳаст ва барои чӣ ҳадаф офарида шудааст ва чӣ бояд кунад ва ба куҷо бояд равад:

Аз онҳое набошед, ки Худоро фаромуш карданд ва Худованд, худашонро аз ёди худашон бурд.[18]

  1. 13)Вақте ки ӯ аз ин ҷаҳон равад ва пардаи тан, ки ҳиҷоби чеҳраи ҷон аст дур афканда шавад, бисёре аз ҳақиқатҳои пӯшидаи имрӯз бар ӯ ошкор мегардад:

Пардаро канор задем, акнун дидаат тезбин аст.[19]

  1. 14)Ӯ танҳо барои масъалаҳои моддӣ кор намекунад ва ягона ҳаракатдиҳандаи ӯ ниёзҳои моддии зиндагӣ нест. Ӯ барои ҳадафҳои бисёр баланд талош мекунад. Ӯ мумкин аст, ки аз ҳаракату талоши худ ба ҷуз ризои Парвардигор чизи дигаре надошта бошад:

Эй ҷони оромёфта, ба итминону оромиш расида! Ба сӯи Парвардигорат бозгард, ки ту аз Ӯ хушнуд ва Ӯ аз ту хушнуд аст.[20]

Худованд ба мардону занони боимон боғҳо ваъда кардааст, ки дар онҳо ҷӯйборҳо ҷорӣ аст. Ҳамеша дар он ҷо хоҳанд буд ва ҳам хонаҳои покиза, аммо хушнудии Худо аз ҳамаи инҳо бартару болотар аст. Ин ҳамон комёбии бузург аст.[21]

 Бар асоси он чи гуфта шуд аз дидгоҳи Қуръон инсон мавҷудест баргузидашуда аз тарафи Худованд, халифа ва ҷонишини Ӯ дар замин, нисфаш малакутӣ ва нисфаш моддӣ, баҳраманд аз сиришти худошинос, мустақиллу озод, амонатдори Худо ва масъули худ ва ҷаҳон, маҳор доштан бар табиату замину осмон, илҳомшуда ба хубию бадӣ, вуҷудаш аз заъфу нотавонӣ оғоз мешавад ва ба сӯи қуввату камол сайр мекунад ва боло меравад, аммо ҷуз бо ёди Худо ором намегирад, баҳраи илмию амалиаш беҳадду бениҳоят аст, аз шарофату каромати зотӣ баҳра мебарад, ҳадафҳояш гоҳе ҳеҷ гуна ранги моддию табиӣ надорад ва ҳаққи баҳрагирии писандида аз неъматҳои Худо ба ӯ дода шудааст, аммо дар баробари Худои худ вазифадор аст.

Зидди арзишҳо

Дар айни ҳол, ҳамин мавҷуд дар Қуръон мавриди бузургтарин сарзанишҳо ва мазамматҳо қарор гирифтааст:

Ӯ бисёр ситамкору бисёр нодон аст.[22]

Ӯ нисбат ба Парвардигораш бисёр носипос аст.[23]

Ӯ туғёну саркашӣ мекунад, онгоҳ ки худро бениёз бинад.[24]

Ӯ шитобгар аст.[25]

Ӯ ҳаргоҳ ба сахтӣ афтад ва худро гирифтор бинад моро дар ҳар ҳол (ба паҳлу ва ё нишаста ва ё истода) мехонад, дар ҳоле ки вақте гирифториро аз ӯ бартараф кунем гӯё чунин ҳодисае пеш наёмадааст.[26]

Ӯ бисёр бахилу тангназар аст.[27]

Ӯ муҷодилагартарин махлуқ аст.[28]

Ӯ ҳарис офарида шудааст.[29]

Агар бадӣ ба ӯ бирасад бетоб аст ва агар неъмат ба ӯ расад бахил аст.[30]

 

Зишт ё зебо?

Оё инсон аз диди Қуръон як мавҷуди ҳам зишт ва ҳам зебост?

Оё инсон як мавҷуди ду сириштӣ аст; ниме аз сиришташ нуру рушаноӣ ва ниме зулмату торикӣ? Чаро Қуръон ӯро то болотарин дараҷа ситоиш ва то поинтарин дараҷа мазаммат мекунад?!

Ҳақиқат ин аст, ки ин ситоишу мазаммат аз он ҷиҳат нест, ки инсон як мавҷуди ду сириштӣ асту ниме аз сиришташ сутуданӣ ва ними дигараш накӯҳиданӣ. Назари Қуръон ба ин аст, ки ҳамаи камолҳо дар инсон нуҳуфта аст ва бояд инсон ин камолҳоро ба худ гирад ва ин худи ӯст, ки бояд созандаи худ бошад. Шарти аслии расидани инсон ба камолҳое, ки дар ӯ нуҳуфта, «имон» аст. Аз имон аст, ки тақво, амали шоиста ва кӯшиш дар роҳи Худо ба вуҷуд меояд. Ба воситаи имон аст, ки илму дониш аз ҳолати корбурди нодуруст, ки дар дасти нафси аммора аст хориҷ мешавад ва пурфоида мешавад.

Пас инсони ҳақиқӣ, ки халифаи Худост, саҷдашудаи фариштагон аст, ҳама чиз барои ӯст ва дар ниҳоят ҳамаи камолҳои инсониро дорад, инсони бо имон аст на инсони ҷудо аз имон. Инсони ҷудо аз имон нақс дорад. Чунин инсоне ҳарис аст, хунрез аст, бахил аст, кофир аст ва аз ҳайвон ҳам пасттар аст.

Дар Қуръон оятҳое омадааст, ки равшан мекунад инсони ситоишшуда чӣ инсонест ва инсони мазаммматшуда чӣ инсонест. Аз ин оятҳо фаҳмида мешавад, ки инсони беимон ва ҷудои аз Худо инсони воқеӣ нест. Агар инсон ба ягона ҳақиқате, ки бо имон ба Ӯ ва ёди Ӯ ором мегирад бипайвандад, дорандаи ҳамаи камолҳост ва агар аз Худо ҷудо бимонад, монанди дарахтест, ки аз решаи худ ҷудо шудааст. Мо ба унвони намуна ду оятро баён мекунем:

Савганд ба аср! Ба ростӣ инсон дар зиён аст, магар онон, ки имон оварда ва амали шоиста карда ва якдигарро ба ҳаққу сабр тавсия кардаанд. [31]

Ба ростӣ бисёре аз ҷинниёну одамиёнро барои ҷаҳаннам офаридаем (поёни корашон ҷаҳаннам аст), зеро дил доранд, вале бо ин ҳол намефаҳманд, чашм доранд, вале бо ин ҳол намебинанд, гӯш доранд, вале бо ин ҳол намешунаванд. Инҳо монанди чаҳорпоёнанд, балки роҳгумкардатаранд[32].

 Мавҷуди чандҷиҳатӣ

Аз он чи гуфта шуд маълум шуд, ки инсон бо ҳамаи хислатҳои муштараке, ки бо дигар ҷондорҳо дорад, фарқҳои зиёде бо онҳо пайдо кардааст. Инсон мавҷуди моддӣ-маънавӣ аст. Як фарқи асосӣ ва решаӣ бо онҳо дорад, ки ҳар як аз онҳо ҷиҳати ҷудогона ба ӯ мебахшад ва риштае ҷудогона дар бофти ҳастии ӯ ба ҳисоб меравад. Ин фарқҳо дар се ҷиҳат аст:

  1. Ҷиҳати фаҳм ва кашфи худ ва ҷаҳон.
  2. Ҷиҳати ҷозибаҳое, ки бар инсон иҳота дорад.
  3. Ҷиҳати чигунагии асаргузории ҷозибаҳо бар инсон ва интихоби онҳо.

Аммо дар ҷиҳати фаҳму кашфи ҷаҳон. Ҳисҳои ҳайвон василае барои огоҳии ҳайвон ба ҷаҳон аст. Инсон дар ин ҷиҳат бо ҳайвонҳои дигар муштарак аст ва гоҳе баъзе ҳайвонҳо аз инсон қавитар ҳастанд. Огоҳӣ ва шинохте, ки ҳисҳо ба ҳайвон ва ё инсон медиҳад зоҳирӣ аст. Ба чистӣ, зоти чизҳо ва робитаҳои мантиқии онҳо дахл надорад. Вале дар инсон нерӯи дигаре барои дарку кашфи худ ва ҷаҳон вуҷуд дорад, ки дар ҷондорони дигар вуҷуд надорад. Он нерӯи пуррамзу роз, тааққулу андеша аст. Инсон бо нерӯи андеша қонунҳои куллии ҷаҳонро кашф мекунад ва бар асоси шинохти куллии ҷаҳон ва кашфи қонунҳои куллии табиат, табиатро ба хидмат мегирад ва дар ихтиёри худ қарор медиҳад. Дар баҳсҳои гузашта низ ба ин гуна шинохт, ки махсуси инсон аст ишора кардем ва гуфтем, ки шинохти низоми андешаварзӣ аз печидатарин низомҳои вуҷуди инсон аст. Диққат дар ҳамин низоми печида дарвозаи ҳайратангезеро барои шинохти инсон боз мекунад ва ҳақиқатҳои бисёреро, мисли шинохти Худо, ки ҳиссӣ нестанд кашф мекунад.

Аммо дар ҷиҳати ҷозибаҳо. Инсон монанди дигар ҷондорон аз ҷозибаҳову кашишҳои моддӣ ва табиӣ асар мепазирад. Майл ба хӯрок, хоб, корҳои ҷинсӣ, истироҳату осоиш ва монанди инҳо ӯро ба сӯи модда ва табиат мекашад. Аммо фақат ин ҷозибаҳо нестанд, бакли кашишҳои дигар, инсонро ба сӯи конунҳои ғайримоддӣ, яъне умуре, ки на ҳаҷм дорад ва на сангинӣ ва онҳоро бо умури моддӣ санҷида нашавад, мекашонад. Усули ҷозибаҳои маънавӣ, ки то имрӯз шинохта шуда ва мавриди қабул аст умури зер аст:

 1)Илму доноӣ

Инсон донишу огоҳиро танҳо аз он ҷиҳат, ки табиатро ба хидмати худ дароварад ва ба фоидаи зиндагии моддии ӯст, намехоҳад. Дар инсон ғаризаи ҳақиқатҷӯӣ ва таҳқиқ вуҷуд дорад. Худи илму огоҳӣ барои инсон матлуб ва лаззатбахш аст. Худи илм, ғайр аз он ки василае барои беҳтар зиндагӣ кардан ва хуб аз ӯҳдаи масъулият баромадан мебошад, матлуби башар аст. Инсон агар бидонад розе дар пушти каҳкашонҳо вуҷуд дорад ва донистану надонистани он асаре дар зиндагии ӯ надорад, боз ҳам мехоҳад бидонад. Инсон аз ҷаҳлу нодонӣ мегурезад ва ба сӯи илму доноӣ мешитобад. Бинобар ин илму огоҳӣ яке аз ҷиҳатҳои маънавии вуҷуди инсон аст.

 2)Хайри ахлоқӣ

Баъзе аз корҳоро инсон анҷом медиҳад на ба хотири фоида бурдан аз онҳо ва бартараф кардани зиёне ба василаи онҳо, балки танҳо як отифае, ки отифаи ахлоқӣ номида мешавад дар ӯ асар мегузорад ва бар ин бовар аст, ки инсоният инчунин талаб мекунад. Фарз кунед инсоне дар шароити сахт, дар биёбони хатарноке аст ва ҳар лаҳза хатари марг ӯро метарсонад, озуқа ва василае барои наҷоти худ надорад. Дар ин вақт инсони дигаре пайдо мешавад ва ба ӯ кӯмак мекунад ва ӯро аз хатари марги ҳатмӣ наҷот медиҳад. Баъд ин ду инсон аз якдигар ҷудо мешаванд ва якдигарро намебинанд. Солҳо баъд он фарде, ки рӯзе гирифтор шуда буд наҷотдиҳандаи худро мебинад, ки ба ҳоли сахте афтодааст. Ба ёдаш меафтад, ки рӯзе ҳамин шахс ӯро наҷот додааст. Оё виҷдони ин инсон дар ин ҷо ҳеҷ фармоне намедиҳад? Оё ба ӯ намегӯяд, ки подоши некӣ, некӣ аст? Оё намегӯяд, ки сипосгузории касе, ки кори нек кардааст, зарурист? Посух "бале" аст.

Оё агар ин инсон ба он шахс кӯмак кард, виҷдони инсонҳои дигар чӣ мегӯяд? Ва агар аҳамият надод ва кӯмаке накард, виҷдони дигарон чӣ мегӯяд?

Дар ҳақиқат дар сурати аввал дигар виҷдонҳо аз ӯ ба некӯӣ ёд мекунанд ва ба ӯ офарин мегӯянд ва дар сурати дуюм мазаммату нафрин мекунанд. Ин ки виҷдони он инсон ҳукм мекунад “подоши некӣ, некӣ аст”[33] ва ҳам ин ки виҷдони инсонҳо инро мегӯянд, ки “подоши некидиҳандаро бояд ба некӣ ҷавоб дод ва инсони беэътиноро бояд мазаммат кард” аз виҷдони ахлоқӣ сарчашма мегирад ва ин гуна аъмолро хайри ахлоқӣ мегӯянд.

Меъёри бисёре аз корҳои инсон “хайри ахлоқӣ” аст ва бисёре аз корҳоро инсон ба ҷиҳати “арзиши ахлоқӣ” анҷом медиҳад на ба ҷиҳати касби моддиёт. Ин низ махсуси инсон аст ва ба ҷанбаи маънавии инсон дахл дорад ва яке аз ҷиҳатҳои маънавии ӯст. Дигар ҷондорон ҳаргиз чунин меъёре надоранд. Барои ҳайвон “хайри ахлоқӣ” маъно надорад ва “арзиши ахлоқӣ” бемаъно аст.

 3)Ҷамолу зебоӣ

Яке аз ҷиҳатҳои маънавии дигари инсон, дӯст доштани ҷамолу зебоӣ аст. Қисмати муҳимме аз зиндагии инсонро ҷамолу зебоӣ ташкил медиҳад. Инсон ҷамолу зебоиро дар ҳамаи ҳолатҳои зиндагӣ дахолат медиҳад. Барои гармӣ ва хунукӣ ҷома мепӯшад ба ҳамон андоза ҳам ба зебоӣ ва рангу дӯхти ҷома аҳамият медиҳад, барои сокин шудан, хона месозад ва беш аз ҳар чиз ба зебоии хона диққат дорад ва ҳатто суфрае, ки барои ғизо хӯрдан паҳн мекунад ва зарфе, ки дар он хӯрок мерезад ва ҳам тартиби рехтани ғизо дар зарфҳо, ҳама бар асоси зебоӣ аст. Инсон дӯст медорад рангу рӯяш зебо бошад, номаш зебо бошад, ҷомааш зебо бошад, хаташ зебо бошад, шаҳру кӯчааш зебо бошад, манзараҳои пеши чашмаш зебо бошад ва саросари зиндагӣ пур аз зебоӣ бошад.

Барои ҳайвон масъалаи зебоӣ матраҳ нест. Он чи барои ҳайвон матраҳ аст охур аст, аммо ин ки охур зебо бошад ё нозебо матраҳ нест. Барои ҳайвон либоси зебо, табиати зебо, хонаи зебо ва ғайра матраҳ нест.

 4)Тақдису парастиш

Яке аз пойдортарину қадимитарин таҷаллиёти рӯҳи одамӣ ва яке аз асилтарин ҷиҳатҳои вуҷуди одамӣ, ҳисси ниёишу парастиш аст. Баррасии асарҳои зиндагии башар нишон медиҳад, ки ҳар замону ҳар куҷо, ки башар вуҷуд доштааст, ниёишу парастиш ҳам вуҷуд доштааст ва танҳо фарқ дар маъбуд ва наҳваи парастиш он будааст. Паёмбарон(а) асли парастишро наёварданд, балки чигунагӣ– яъне одобу аъмоли- парастишро ба башар омӯхтанд ва дигар ин ки аз парастиши ғайри Худои Ягона (ширк) пешгирӣ карданд.

Аз назари қатъиёти динӣ ва ҳамчунин аз назари бархе олимони диншинос[34] башар дар оғоз ягонапараст будааст ва Худовандро мепарастида аст. Парастиши бут ё моҳ ва ё ситора ё инсон аз навъи каҷравиҳоест, ки баъдҳо ба вуҷуд омадааст, яъне чунин набудааст, ки башар парастишро аз бут ё инсон ё дигар махлуқ оғоз карда бошад ва баъд аз ба камол расидани тамаддун ба парастиши Худои Ягона расида бошад. Ҳисси парастиш, ки гоҳе аз он ба “ҳисси динӣ” ишора мешавад, дар ҳамаи инсонҳо вуҷуд дорад.

Ирик Фурум дар ин бора мегӯяд:

Инсон мумкин аст ҷондорон ё дарахтон ё бутҳои зинатӣ ё санге ё худои нодиданӣ ё марде ё пешвои шайтонсифатро бипарастад, метавонад наздикон ё миллат ё табақа ё ҳизби худ ё пул ва комёбиро бипарастад... ӯ мумкин аст аз маҷмӯаи боварҳояш ба унвони дин, ки ҷудо аз боварҳои ғайридинӣ огоҳ бошад ва мумкин аст таври дигар фикр кунад, ки ҳеҷ дине он фикрро надорад. Масъала бар сари ин нест, ки дин дорад ё надорад, масъала бар сари ин аст, ки кадом динро дорад.[35]

Вилём Ҷеймз ба гуфтаи Иқбол мегӯяд:

Ангезаи ниёиш натиҷаи зарурии ин амр аст, ки дар ҳамон ҳол ки дар қавитарин қисмат аз худҳои ихтиёрӣ ва амалӣ ҳар кас худе аз навъи иҷтимоӣ аст, бо вуҷуди ин мусоҳиби комили худро фақат дар ҷаҳони андеша (дарунандешӣ) метавонад пайдо кунад... бештари мардум хоҳ ба сурати пайваста ва хоҳ ба сурати тасодуфӣ дар дили худ ба он бармегарданд. Хортарин фард дар рӯи замин бо ин диққати боло, худро воқеӣ ва боарзиш эҳсос мекунад.[36]

Вилём Ҷеймз дар бораи ҳамагонӣ будани ин ҳис дар ҳамаи инсонҳо чунин мегӯяд:

Эҳтимол дорад, ки мардум аз лиҳози дараҷаи асарпазирӣ аз эҳсоси як бинандаи дарунӣ дар вуҷудашон бо якдигар ихтилоф дошта бошанд. Барои баъзе аз мардум ин диққат, асоситарин қисмати худогоҳиро ташкил медиҳад. Онон, ки бештар чунин ҳастанд ба эҳтимоли зиёд диндортаранд, вале бовар дорам, ки он касоне ҳам мегӯянд, ки ба куллӣ аз он эҳсос дуранд, худро фиреб медиҳанд ва дар ҳақиқат то ҳадде диндор ҳастанд.[37]

Сохтани қаҳрамонҳои афсонаӣ аз паҳлавонон ва ё донишмандон ва ё бузургони динӣ, пайдошуда аз ҳисси тақдиси башар аст, ки мехоҳад мавҷуди қобили ситоишу тақдис дошта бошад ва ӯро ошиқона ва дар ҳадди ғайритабиӣ ситоиш намояд. Ситоишҳои муболиғаомези башари имрӯз аз қаҳрамонҳои ҳизбӣ ё миллӣ, дам задан аз парастиши ҳизб, маром, маслак, парчам, обу хок ва эҳсоси майл ба фидокорӣ дар роҳи инҳо ҳама аз ин ҳис ба вуҷуд омадааст.

Эҳсоси ниёиш ниёзи ғаризист ба як камоли бартар, ки дар ӯ нақсе нест ва ҷамоле, ки дар он зиштӣ вуҷуд надорад. Парастиши махлуқот ба ҳар шакл, навъе каҷравии ин ҳис аз роҳи аслӣ аст.

Инсон дар ҳоли парастиш, аз вуҷуди маҳдуди худ мехоҳад парвоз кунад ва ба ҳақиқате бипайвандад, ки дар он ҷо нақсу фано ва маҳдудият вуҷуд надошта бошад. Энштейн мегӯяд:

Дар ин ҳол фард ба кӯчакии орзуҳо ва ҳадафҳои башарӣ пай мебарад ва бузургӣ ва ҷалолеро, ки дар пушти падидаҳои табиӣ ва фикрҳо ошкор мешавад, ҳис мекунад.[38]

Иқбол мегӯяд: Ниёиш кори ҳаётӣ ва шинохташудаест, ки бо он ҷазираи кӯчаки шахсияти мо шароити худро дар кул бузургтар аз ҳаёт кашф мекунад.[39]

Ибодату парастиш нишондиҳандаи як “имкон” ва як “майл” дар инсон аст. Имкони берун рафтан аз марзи умури моддӣ ва майл ба пайвастан ба уфуқи болотар ва густардатар. Чунин майл ва чунин ишқе махсус ба инсон аст.

Ин аст, ки парастишу ниёиш яке дигар аз ҷиҳатҳои маънавии рӯҳи инсон аст.

Аммо фарқи инсон дар чигӯнагии қарор гирифтан таҳти асарпазирии ҷозибаҳо ва интихоби яке аз онҳо, матлабе аст, ки дар баҳси оянда матраҳ мешавад.

 Тавоноиҳои гуногуни инсон

Қувва ва нерӯ ниёзе ба шиносондан надорад. Омиле, ки аз ӯ асаре ошкор мешавад ба номи қувва ё нерӯ номида мешавад. Ҳар мавҷуде аз мавҷудоти ҷаҳон сарчашмаи як ё чанд хосияту асар ҳаст. Ба ҳамин хотир дар ҳар мавҷуде хоҳ сангу гиёҳ ва хоҳ ҳайвону инсон қувва ва нерӯ вуҷуд дорад. Қувва агар бо фаҳму дарк ва хостан ҳамроҳ бошад ба номи “қудрат” ва ё “тавоноӣ” номида мешавад.

Яке дигар аз тафовутҳои ҳайвону инсон бо сангу гиёҳ ин аст, ки ҳайвону инсон бар хилофи сангу гиёҳ қисмате аз қувваҳои худро бар асоси майлу шавқ ва ё тарс анҷом медиҳад. Бар фарзи мисол магнит, ки нерӯи кашиши оҳанро дорад худ ба худ ва ба сурати ҷабри табиӣ оҳанро ба сӯи худ мекашад. Магнит на аз кори худ огоҳ аст ва на майлу шавқ ё тарсу бимаш иқтизо кардааст, ки оҳанро ба сӯи худ бикашад. Ё оташ месӯзонад ва гиёҳ аз замин мерӯяд ва дарахт шукуфа мекунад ва мева медиҳад.

Аммо ҳайвон, ки роҳ меравад ба роҳ рафтани худ огоҳ аст ва хостааст, ки роҳ биравад ва агар намехост чунин ва маҷбур набуд.

Ин аст ки гуфта мешавад “ҳайвон ҷунбандаи бо хост аст”. Ба иборати дигар қисмате аз қувваҳои инсон пайрави хости инсон аст ва дар фармони хости инсон, яъне агар ҳайвон бихоҳад, он қувваҳо кор мекунанд ва агар нахоҳад, кор намекунанд.

Дар инсон низ порае аз қувва ва нерӯе ба ҳамин шакл вуҷуд дорад, яъне пайрави хости инсон аст, бо ин фарқ, ки хости ҳайвон майли табиӣ ва ғаризии ҳайвон аст ва ҳайвон дар баробари майли худ қудрату нерӯе надорад. Ҳайвон дар як лаҳза, ки майлаш ба тарафе ҳаракат кунад худ ба худ ба он сӯ кашида мешавад. Дар ҳайвон қудрати истодагӣ дар баробари майли дарунии худ ва ҳамчунин қудрати андеша дар баробари коре ва ё беҳтар донистани як майл бар дигар майл вуҷуд надорад.

Аммо инсон чунин нест. Инсон қудрату тавоноӣ дорад, ки дар баробари майлҳои дарунии худ истодагӣ кунад ва ба дастури онҳо кор накунад. Инсон ин тавоноиро ба сабаби “ирода”, ки таҳти фармони ақл аст дорад. Ақл ташхис медиҳад ва ирода анҷом медиҳад.

Аз он чи гузашт равшан шуд, ки инсон аз ду ҷиҳат як силсила тавоноиҳое дорад, ки дигар ҷондорон надоранд.

Яке аз ҷиҳати ин ки дар инсон майлҳо ва ҷозибаҳое вуҷуд дорад, ки дар дигар ҷондорҳо вуҷуд надорад. Ин ҷозибаҳо ин имконро ба инсон медиҳанд, ки доираи фаолияташро аз ҳадди моддиёт густариш дода ва то уфуқи болои маънавиёт бикашонад, вале дигар ҷондорон наметавонанд аз зиндони моддиёт хориҷ шаванд.

Дигар аз он ҷиҳат ки инсон аз нерӯи “ақл” ва “ирода” баҳра мебарад метавонад дар баробари майлҳо биистад ва худро аз таъсири маҷбурии онҳо озод кунад ва бар майлҳо “ҳукумат” кунад. Инсон метавонад ҳамаи майлҳоро таҳти фармони ақл қарор диҳад ва бар онҳо тасаллут ёбад ва ба ҳеҷ майле беш аз ҳадди мушаххасшуда имкон надиҳад ва ба ин васила “озодии маънавӣ”-ро, ки боарзиштарин навъи озодист даст ёбад.

Ин тавоноии бузург мухсуси инсон аст ва дар ҳеҷ ҳайвоне вуҷуд надорад, аз ин рӯ инсон шоистаи “таклиф” ва соҳиби “интихоб ва ихтиёр” шудааст.

Майлҳо ва ҷозибаҳо навъе пайванду кашиш аст миёни инсон ва як конуни берунӣ, ки инсонро ба сӯи худ мекашонад. Инсон ба ҳар андозае, ки таслими майлҳо бишавад худро раҳо мекунад ва ҳолати сустӣ ӯро фаро мегирад ва сарнавишташ дар дасти як нерӯи хориҷӣ ва берунӣ қарор мегирад, ки ӯро ба ин сӯ ва он сӯ мекашонад, вале нерӯи ақлу ирода нерӯи дарунӣ ва ошкоркунандаи шахсияти ҳақиқии инсон аст.

Инсон дар он ҷо ки ақлу иродаро ба кор мебандад нерӯҳои худро танзим карда ва аз дахолатҳои берунӣ пешгирӣ мекунад ва худро “озод” месозад ва ба шакли “ҷазираи мустақил” ҷилва дода мешавад. Ба сабаби ақлу ирода аст, ки “молики худ” мешавад ва ба шахсияташ қувват бахшида мешавад.

Молик будани бар нафс ва тасаллути бар худ ва раҳоӣ аз дахолати ҷозибаи майлҳо ҳадафи асосии тарбияти исломӣ аст. Ҳадафи чунин тарбияте “озодии маънавӣ” аст.

 Худшиносӣ

Ислом диққати хоссе дорад, ки инсон мақому мартабаи “худ”-ро дар ҷаҳони офариниш бишиносад, то ба мақоми баланде, ки шоистаи он аст бирасад.

Қуръон китоби инсонсозӣ аст. Як фалсафаи назарӣ нест, ки алоқааш танҳо ба баҳсу дидгоҳу чашмандоз бошад. Ҳар чашмандозеро, ки баён мекунад барои амал кардану қадам бардоштан аст.

Қуръон барои кашфи “худи” инсон омадааст. Ин “худ”, “худи” шиносномаӣ нест, ки чӣ ном дорӣ? Номи падарат чист ва дар чӣ соле ба дунё омадаӣ? Аз кадом кишвар ҳастӣ? Аз кадом обу хок ва чанд фарзанд дорӣ?

Ин “худ” ҳамон чизе аст, ки “рӯҳи илоҳӣ” номида мешавад ва бо шинохтани он “худ” аст, ки (инсон) эҳсоси шарофату каромату бузургӣ мекунад ва худро аз тан додан ба пастиҳо бартар мешуморад, ба қадосату покии худ пай мебарад, муқаддасоти ахлоқӣ ва иҷтимоӣ барояш маъно ва арзиш пайдо мекунад.

Қуръон аз баргузидагии инсон сухан мегӯяд. Чаро? Мехоҳад бигӯяд: Ту як мавҷуди “тасодуфӣ нестӣ, ки ҷараёнҳои куру кар бар фарзи мисол ҷамъ шудани атомҳо – туро ба вуҷуд оварда бошад. Ту як мавҷуди интихобшуда ва баргузида ҳастӣ ва ба ҳамин далел масъулият дорӣ. Бешак инсон дар ҷаҳони хокӣ қудратмандтарину нерӯмандтарин мавҷуд аст. Агар замину мавҷудоти заминиро як “деҳа” фарз кунем инсон раиси ин деҳа аст. Аммо бояд бубинем, ки оё инсон як раиси интихобшуда ва баргузида аст ва ё як раисест, ки ба зур худро ба ин мансаб расондааст?

Фалсафаҳои моддӣ, қудрати ҳокимаи инсонро танҳо аз зуру қудрати инсон медонанд ва бар ин боваранд, ки инсон ба сабабҳои тасодуфӣ дорои зуру қудрат аст. Бадеҳӣ аст, ки бо ин фарз, “рисолат” ва "масъулият” барои инсон бемаъно аст. Чӣ рисолате ва чӣ масъулияте? Аз тарафи чӣ касе ва дар муқобили чӣ касе?

Аммо аз назари Қуръон, инсон як раис ва роҳбари интихобшуда аз тарафи Худованд дар замин ба ҳукми шоистагӣ ва салоҳият аст на фақат зуру қудрат, аз ин рӯ рисолат ва масъулияти хос дорад, ки ин бовар асарҳои равонӣ ва тарбиятӣ дар афрод ба вуҷуд меоварад.

Худшиносӣ ба маънои ин аст, ки инсон мақоми ҳақиқии худро дар олами ҳастӣ бифаҳмад. Бидонад хоки холӣ нест, партаве аз рӯҳи илоҳӣ дар ӯ ҳаст. Бидонад, ки дар илму маърифат метавонад бар фариштагон пешӣ бигирад. Бидонад, ки ӯ озод ва соҳиби ихтиёр ва масъули худ ва масъули афроди дигар ва масъули обод кардани ҷаҳон ва беҳтар кардани ҷаҳон аст (Ӯ шуморо аз замин офарид ва аз шумо обод кардани онро хост)[40]. Бидонад, ки ӯ амонатдори илоҳӣ аст. Бидонад, ки ба таври тасодуф бартарӣ наёфтааст, то зуру қудрат нишон диҳад ва масъулият ва таклифе барои худ қоил набошад.

 Парвариши истеъдодҳо

Таълимоти исломӣ нишон медиҳад, ки ин мактаби муқаддаси илоҳӣ ба ҳамаи ҷиҳатҳои инсон, чи ҷисмиву рӯҳӣ, чи моддию маънавӣ, чи фикриву отифӣ ва чи фардиву иҷтимоӣ аҳамияти дақиқе доштааст ва на танҳо ҷониби ҳеҷ кадомро номаъмул нагузоштааст, балки аҳамияти хос ба “парвариши” ҳамаи инҳо бар асоси асли мушаххасе доштааст. Дар ин ҷо ба таври хулоса ба ҳамаи инҳо ишора мекунем.

 Парвариши ҷисм

Ислом аз “танпарварӣ” ба маънои “ҷонпарварӣ” ва шаҳватпарастиро манъ кардааст, аммо парвариши бадан ба маънои муроқибат ва нигаҳдории саломату беҳдоштро аз воҷибот медонад ва ҳар гуна амалеро, ки барои бадан зиён бирасонад ҳаром донистааст. Ислом, дар он ҷо ки як амри воҷиб (монанди рӯза), ки агар барои бадани инсон зарарнок ташхис дода шавад, дигар онро бар инсон фарз намедонад. Ҳар эътиёде, ки барои бадани зарарнок бошад аз назар Ислом ҳаром аст. Одоб ва суннатҳои бисёре дар Ислом ба хотири беҳдошту саломати бадан гузошта шудааст.

Мумкин аст афроде миёни “парвариши бадан”, ки амри беҳдоштӣ аст ва “танпарварӣ” ба маънои худпарварӣ ва ҷонпарварӣ, ки амре ахлоқӣ аст, фарқ нагузоранд ва хаёл кунанд, ки Ислом агар бо танпарварӣ мухолиф аст бо беҳдошти бадан мухолиф аст, пас қайде нест дар нигаҳдории саломат, балки корҳое, ки ба саломати бадани инсон зарар мерасонад аз назари Ислом кори ахлоқӣ аст. Ин иштибоҳи ошкору хатарнок аст. Қавӣ кардани бадану саломатии он дахле ба танпарварӣ надорад.

Танпарварӣ ва шаҳватпарастие, ки дар Ислом манъ шудааст, ҳамон тавре ки бар зидди рӯҳпарварӣ аст ва сабаби бемории рӯҳу равон мегардад бар зидди беҳдошту парвариши саҳеҳи ҷисм низ ҳаст ва сабаби бемории ҷисмӣ мегардад. Зеро танпарварӣ ва шаҳватпарастӣ сабаби зиёдаравиҳое мешавад ва зиёдаравӣ сарчашмаи дигаргуниҳои зарарнок дар организм мешавад.

 Парвариши рӯҳ

Парвариши ақлу фикр ва ба дастоварии истиқлоли фикрӣ ва мубориза бо умуре, ки бар зидди истиқлоли ақл аст, аз ҷумла пайравӣ аз ниёкон, аз роҳу рафтори зиёдаи мардум ва монанди инҳо, мавриди таваҷҷуҳи Ислом аст.

Парвариши ирода ва ба дастоварии моликият бар тану ҷон ва озодии маънавӣ аз ҳукумати беқайди майлҳо, ҳадафи бисёре аз ибодатҳо ва таълимоти исломист.

Парвариши ҳисси ҳақиқатҷӯӣ ва доништалабӣ, отифаҳои ахлоқӣ, ҳисси ҷамолу зебоӣ, ҳисси парастиш ҳар кадом ба навбаи худ мавриди таваҷҷуҳи дақиқи Ислом аст.

 


[1].Бақара\30(тарҷумаиоятбамазмунаст)

«وَإِذْ قَالَ رَبُّكَ لِلْمَلَائِكَةِ إِنِّي جَاعِلٌ فِي الْأَرْضِ خَلِيفَةً قَالُوا أَتَجْعَلُ فِيهَا مَن يُفْسِدُ فِيهَا وَيَسْفِكُ الدِّمَاءَ وَنَحْنُ نُسَبِّحُ بِحَمْدِكَ وَنُقَدِّسُ لَكَ قَالَ إِنِّي أَعْلَمُ مَا لَا تَعْلَمُونَ»

[2]. Анъом\165

«وَهُوَ الَّذِي جَعَلَكُمْ خَلَائِفَ الْأَرْضِ وَرَفَعَ بَعْضَكُمْ فَوْقَ بَعْضٍ دَرَجَاتٍ لِّيَبْلُوَكُمْ فِي مَا آتَاكُمْ»

[3]. Муродазисмҳотамомииҳақиқатиҳастӣмебошад.

[4]. Бақара\31-33

«وَعَلَّمَ آدَمَ الْأَسْمَاءَ كُلَّهَا ثُمَّ عَرَضَهُمْ عَلَى الْمَلَائِكَةِ فَقَالَ أَنبِئُونِي بِأَسْمَاءِهَؤُلَاءِ إِن كُنتُمْ صَادِقِينَ!قَالُوا سُبْحَانَكَ لَا عِلْمَ لَنَا إِلَّا مَا عَلَّمْتَنَاإِنَّكَ أَنتَ الْعَلِيمُ الْحَكِيمُ!قَالَ يَا آدَمُ أَنبِئْهُم بِأَسْمَائِهِمفَلَمَّا أَنبَأَهُم بِأَسْمَائِهِمْ قَالَ أَلَمْ أَقُل لَّكُمْ إِنِّي أَعْلَمُ غَيْبَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَأَعْلَمُ مَا تُبْدُونَ وَمَا كُنتُمْ تَكْتُمُونَ»

[5].Аъроф\172

«وَإِذْ أَخَذَ رَبُّكَ مِن بَنِي آدَمَ مِن ظُهُورِهِمْ ذُرِّيَّتَهُمْ وَأَشْهَدَهُمْ عَلَى أَنفُسِهِمْ أَلَسْتُ بِرَبِّكُمْ قَالُوا بَلَى»

[6]. Рум\30

«فَأَقِمْ وَجْهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفًا فِطْرَتَ اللَّهِ الَّتِي فَطَرَ النَّاسَ عَلَيْهَا»

[7]. Саҷда\7 - 9

«الَّذِي أَحْسَنَ كُلَّ شَيْءٍ خَلَقَهُ وَبَدَأَ خَلْقَ الْإِنسَانِ مِن طِينٍ ثُمَّ جَعَلَ نَسْلَهُ مِن سُلَالَةٍ مِّن مَّاءٍ مَّهِينٍ ثُمَّ سَوَّاهُ وَنَفَخَ فِيهِ مِن رُّوحِهِ»   

[8]. Тоҳо\122

«ثُمَّ اجْتَبَاهُ رَبُّهُ فَتَابَ عَلَيْهِ وَهَدَى»

[9]. Аҳзоб\72

«إِنَّا عَرَضْنَا الْأَمَانَةَ عَلَى السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَالْجِبَالِ فَأَبَيْنَ أَن يَحْمِلْنَهَا وَأَشْفَقْنَ مِنْهَا وَحَمَلَهَا الْإِنسَانُ إِنَّهُ كَانَ ظَلُومًا جَهُولًا»

[10]. Даҳр\2-3

«إِنَّا خَلَقْنَا الْإِنسَانَ مِن نُّطْفَةٍ أَمْشَاجٍ نَّبْتَلِيهِ فَجَعَلْنَاهُ سَمِيعًا بَصِيرًا!إِنَّا هَدَيْنَاهُ السَّبِيلَإِمَّا شَاكِرًا وَإِمَّا كَفُورًا»

[11]. Исро\70

«وَلَقَدْ كَرَّمْنَا بَنِي آدَمَ وَحَمَلْنَاهُمْ فِي الْبَرِّ وَالْبَحْرِ وَرَزَقْنَاهُم مِّنَ الطَّيِّبَاتِ وَفَضَّلْنَاهُمْ عَلَى كَثِيرٍ مِّمَّنْ خَلَقْنَا تَفْضِيلًا»

[12]. Шамс\7-8

«فَأَلْهَمَهَا فُجُورَهَا وَتَقْوَاهَا!وَنَفْسٍ وَمَا سَوَّاهَا»

[13].Раъд\28

«أَلَا بِذِكْرِ اللَّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ»                                 

[14]. Иншиқоқ\6

«يَا أَيُّهَا الْإِنسَانُ إِنَّكَ كَادِحٌ إِلَى رَبِّكَ كَدْحًا فَمُلَاقِيهِ»

[15]. Бақара\29

«هُوَ الَّذِي خَلَقَ لَكُم مَّا فِي الْأَرْضِ جَمِيعًا»

[16]. Ҷосия\13

«وَسَخَّرَ لَكُم مَّا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ جَمِيعًا مِّنْهُ »

[17]. Зориёт\56

«وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ»

[18]. Ҳашр\19

«وَلَا تَكُونُوا كَالَّذِينَ نَسُوا اللَّهَ فَأَنسَاهُمْ أَنفُسَهُمْ»

[19]. Қоф\22

«فَكَشَفْنَا عَنكَ غِطَاءَكَ فَبَصَرُكَ الْيَوْمَ حَدِيدٌ»

[20]. Фаҷр\27-28

«ارْجِعِي إِلَى رَبِّكِ رَاضِيَةً مَّرْضِيَّةًيَا أَيَّتُهَا النَّفْسُ الْمُطْمَئِنَّةُ»

[21] .Тавба\72

«وَعَدَ اللَّهُ الْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِن تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا وَمَسَاكِنَ طَيِّبَةً فِي جَنَّاتِ عَدْنٍ وَرِضْوَانٌ مِّنَ اللَّهِ أَكْبَرُ ذَلِكَ هُوَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ»

[22].Аҳзоб\72

«إِنَّهُ كَانَ ظَلُومًا جَهُولًا»

[23]. Ҳаҷ\66

«إِنَّ الْإِنسَانَ لَكَفُورٌ»

[24]. Алақ\6 -7

«أَن رَّآهُ اسْتَغْنَىٰ !كَلَّا إِنَّ الْإِنسَانَ لَيَطْغَىٰ»

[25]. Исроъ\11

«وَكَانَ الْإِنسَانُ عَجُولًا»

[26]. Юнус\12

«وَإِذَا مَسَّ الْإِنسَانَ الضُّرُّ دَعَانَا لِجَنبِهِ أَوْ قَاعِدًا أَوْ قَائِمًا فَلَمَّا كَشَفْنَا عَنْهُ ضُرَّهُ مَرَّ كَأَن لَّمْ يَدْعُنَا إِلَى ضُرٍّ مَّسَّهُ»

[27]. Исроъ\100

«وَكَانَ الْإِنسَانُ قَتُورًا»

[28]. Каҳф\54

«وَكَانَ الْإِنسَانُ أَكْثَرَ شَيْءٍ جَدَلًا»

[29]. Маориҷ\19

«إِنَّ الْإِنسَانَ خُلِقَ هَلُوعًا»

[30]. Маориҷ\20-21

«وَإِذَا مَسَّهُ الْخَيْرُ مَنُوعًا!إِذَا مَسَّهُ الشَّرُّ جَزُوعًا»

[31] . Аср\1-3

«وَالْعَصْرِ!إِنَّ الْإِنسَانَ لَفِي خُسْرٍ !إِلَّا الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ وَتَوَاصَوْا بِالْحَقِّ وَتَوَاصَوْا بِالصَّبْرِ»

[32]. Аъроф\179

«وَلَقَدْ ذَرَأْنَا لِجَهَنَّمَ كَثِيرًا مِّنَ الْجِنِّ وَالْإِنسِ لَهُمْ قُلُوبٌ لَّا يَفْقَهُونَ بِهَا وَلَهُمْ أَعْيُنٌ لَّا يُبْصِرُونَ بِهَا وَلَهُمْ آذَانٌ لَّا يَسْمَعُونَ بِهَا  أُولَئِكَ كَالْأَنْعَامِ بَلْ هُمْ أَضَلُّ» 

[33]. Ар-Раҳмон\60

«هَلْ جَزَاءُ الْإِحْسَانِ إِلَّا الْإِحْسَانُ»

[34]. БамонандиМоксМулер.

[35]. Ҷаҳонеазхуббегона, саҳ.100.

[36]. Эҳёификридинӣ, саҳ.105.

[37]. Ҳамон.

[38]. Дунёе, киманмебинам, саҳ.56.

[39]. ЭҳёификридинӣдарИслом, саҳ.105.

[40]. Ҳуд\61

«هُوَ أَنشَأَكُم مِّنَ الْأَرْضِ وَاسْتَعْمَرَكُمْ فِيهَا»

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить