Имон иборат аст аз шинохти ҳамроҳ бо таслими қалбӣ ва хузуъ ва фурутании дил ба Худованди Мутаол ва расули Ӯ ва омӯзаҳое, ки ба башарият ироа кардаанд. Имон яъне бовар ё нерӯи маънавие, ки сабаб мешавад инсон бо шуҷоату қудрат ва ихлосу ростӣ барои ризои Худо талош кунад ва дар масири қурби илоҳӣ қарор гирад ва бо оромиши комил ва дур аз ҳар гуна шакку шубҳае ба анҷоми вазоифи фардӣ ва иҷтимоии худ ҳиммат варзад ва аз маломати ҳеҷ, маломаткунандае тарсе ба худ роҳ надиҳад. Аломати имон ин аст, ки инсони мӯъмин ҳатто аз марг дар ин роҳ нигароние надорад ва онро шаҳодат дар роҳи Худо медонад ва аз он истиқбол мекунад.

Ёдоварии ин нукта лозим аст, ки ҳар чизе нишонае дорад ва имон ҳам нишонаҳое дорад. «Имон» як сифати қалбие аст, ки роҳи шинохт ва пай бурдан ба ин хусусияти дарунӣ, диққат дар аъмол ва рафтори марбут ба он аст. Масалан шуҷоат як сифати нафсонӣ ва дарунӣ аст ва касе нест, ки иддаои шуҷоат накунад, вале роҳи фаҳмидани фарди шуҷоъ аз фарди тарсу, дар рафторҳои ӯ ва мушоҳидаи онҳо аст. Масалан касе, ки шаб аз берун рафтан ва ё қарор гирифтан дар торикӣ худдорӣ мекунад ва бо мушоҳидаи як саҳнаи пуризтироб ранги чеҳраашро мебозад, наметавонад шуҷоъ бошад.

Бинобар ин барои пай бурдан ба имони афрод низ бояд аз назари рафторӣ ӯро мавриди диққат қарор диҳед. Масалан шахси боимон ба роҳатӣ ғайбат намекунад, тӯҳмат намезанад, аз анҷоми фароиз ва воҷибот ғафлат намеварзад ва намозҳои фарзиро сари вақт ва бо ҳузури қалб ба ҷо меоварад, дар риояти ҳуқуқи дигарон диққат дорад ва ба таври куллӣ гуноҳ намекунад. Бинобар ин танҳо ба иддао наметавон касеро боимон донист, чун муддаиёни имон кам нестанд.

Нуктаи дигар ин ки имон дараҷоте дорад ва инсонҳо дар доштани ин сифати қалбӣ гуногун ҳастанд, баъзе ҳамчун паёмбарони илоҳӣ дараҷоти болои имону ихлосро доранд ва инро дар рафтор, аъмол ва кирдори онҳо метавон мушоҳида намуд ва ин аст имони устуворе, ки ҳеҷ монеъ ва қудрати моддӣ наметавонад дар муқобили он қарор гирад. Қуръони карим ва таърихи Ислом аз чунин инсонҳое, ки дорои имонҳои қавӣ ҳастанд, ки бо хондани Қуръон ва мутолиаи таърихи Ислом метавон ба қудрат ва устувории имони онҳо пай бурд.

Ва аз тарафе имони баъзе аз инсонҳо ба гунае заиф аст, ки бо камтарин боде мелағзанд ва аз роҳи ҳақ мунҳариф мешаванд, чуноне ки Худованд ишора намудааст:

قَالَتِ الْأَعْرَابُ آمَنَّا قُلْ لَمْ تُؤْمِنُوا وَلَكِنْ قُولُوا أَسْلَمْنَا وَلَمَّا يَدْخُلِ الْإِيمَانُ فِي قُلُوبِكُمْ...

«Арабҳои бодиянишин гуфтанд: Имон овардаем, бигӯ: Шумо имон наёвардаед, вале бигӯед Ислом овардаем, аммо ҳануз имон вориди қалби шумо нашудааст» (сураи Ҳуҷурот/14).

Бинобар ин бояд таваҷҷуҳ дошт, ки имон чашмаест, ки аз дилу қалби одамӣ меҷӯшад ва дар тамоми аъзо ва ҷавореҳи ӯ ҷорӣ гардида ва ба шакли аъмоли хуб ва нек намоён мешавад, чуноне ки Паёмбари Акрам(с) фармудаанд:

«أكمل المؤمنين ايمانا أحسنهم خلقا»

«Нишонаи камоли имони банда ин аст, ки осори он ба шакл ва сурат, рафтору кирдори некӯ дар ӯ зоҳир гардад» (муснади Аҳмад, ҳадиси.7402).

Аз ин рӯ бояд талош кард авомили тақвияти имонро шинохт ва онро дар худ эҷод ва тақвият намуд ва офатҳову осебҳоро аз он дур кард. Дар оёти Қуръони карим ва ривоёти шарифа роҳҳо ва равишҳои гуногуне барои тақвияти имон ва боварҳои динӣ вуҷуд дорад, ки бо истифода аз онҳо метавон имон ва боварҳои қалбӣ ва диниро афзоиш дод ва тақвият намуд. Дар инҷо чанд намуна аз муҳимтарин роҳҳо табйин мешавад:

1-     Зикр ва ёди Худои Мутаол дар тамоми ҳолатҳо

Яке аз беҳтарин роҳҳои тақвияти имон ва боварҳои динӣ, ёд ва зикри ҳамешагии Худованд аст. Чун ёди Худованд сабаби итминони қалб мешавад ва ҳаргоҳ инсон ба мақоми итминони қалбӣ бирасад ва ба истилоҳ соҳиби «қалби мутмаина» шавад, боварҳои динии ӯ чун фулоди обдида мӯҳкам ва пуртавон мешавад. Бинобар ин Худои Субҳон фармуд:

ألَا بِذِكْرِ اللَّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ

«Огоҳ бошед, ки бо ёди Худо дилҳо итминон ва оромиш пайдо мекунад» (сураи Раъд/28).

Бинобар ин ҳузури Худованд дар хотири мо дар ҳамаи ҳолоти зиндагӣ, иртиботи моро бо Ӯ афзоиш медиҳад ва ба тадриҷ ба як пайванди устувор меанҷомад. Яке аз ҳикматҳои намозҳои панҷвақта низ зинда нигоҳ доштани ёди Худо дар тӯли шабонарӯз, дар дили мӯъмин аст, ба ин васила инсоне, ки ҳамеша бо Худои қодири мутлақ дар иртибот аст, пояҳои бовар ва эътиқоди динии худро тақвият ва устувор месозад.

2-     Илм ва шинохти саҳеҳ ва дурусти дин

Роҳи дигаре, ки барои тақвияти боварҳои динӣ ва дар воқеъ тақвияти имон ва эътиқодот вуҷуд дорад, шинохти дурусти дин аст. Зеро ҳар андоза инсон динро беҳтар ва дурустар бишиносад ва боварҳои динӣ ва мазҳабӣ бар асоси шинохти дуруст аз дин шакл бигирад ва ба вуҷуд ояд, беҳтару бештар метавонад дар баробари ҳуҷуми таблиғоти динситезии ҷаҳони муосир, муқовимат кунад ва агар пояҳои илмӣ ва маърифатии инсон қавӣ набуда ва боварҳои динии инсон, мустанад ва мӯҳкам набошад ва ҳар бовар ва эътиқоди динӣ такягоҳе дар Қуръон ва ривоёти саҳеҳ ва мабонии каломӣ ва фалсафӣ ба ҳамроҳ надошта бошад, дар баробари ҳуҷуми тунбоди ҳаводис ва таблиғоти динситези асри ҷадид, тоби муқовимат нахоҳад дошт. Ва дар ҳақиқат «онҷо, ки илм ва маърифат нест, имони мӯъминони нодон василае мешавад дар дасти мунофиқони зирак, ки намунаашро дар гурӯҳи хавориҷи садри Ислом ва дар давраҳои баъд ба шаклҳои мухталиф дида ва мебинем.[1]

Ва аз тарафи дигар низ бояд гуфт «илми бидуни имон низ теғе аст дар дасти инсони маст; чароғе аст дар нимаи шаб дар дасти дузд барои бурдани колоҳои хуб. Ин аст, ки инсони олими беимони имрӯз бо инсони нодони беимони дирӯз аз назари табиат ва моҳияти рафторҳо ва кирдорҳо кӯчактарин фарқе надорад»[2]

Чи фарқе аст миёни ҷинояткороне, ки имрӯза бо ҳазорон баҳона хуни ҳазорон инсони бегуноҳро мерезанд бо фиръавнҳо ва чингизҳои дирӯз?

Бинобар ин илм ва маърифат бо имон комилкунандаи якдигаранд ва имони бидуни илм ба ҷуз зарару бадбахтӣ чизи дигаре ба ҷаҳони башарият ба бор намеоварад, имони қавӣ дар сояи илму маърифати ҳақиқӣ ҳосил шуданӣ аст.

Ин нуктаро бояд ёдовар шуд, ки «таҷрибаҳои таърихӣ нишон додааст, ки ҷудоии илму имон зиёнҳои ғайри қобили ҷуброне ба бор овардааст. Имонро дар партави илм бояд шинохт; имон дар равшаноии илм, аз хурофот дур мемонад. Бо дур мондани илм аз имон, имон ба ҷумуд ва таасуби кӯр ва бо шиддат ба даври худ чархидан ва роҳ ба ҷое набурдан табдил мешавад.[3]

3-     Дустӣ ва муҳаббати Худо, паёмбарон ва авлиёи илоҳӣ.

Роҳи сеюм барои тақвият ва мӯҳкам шудани боварҳои динӣ ва мазҳабӣ, роҳи муҳаббат ва ишқ аст. Ба далели нақши муҳими ишқ ва муҳаббат дар тақвияти боварҳои динӣ ва мазҳабӣ аст, ки бузургон ҳамеша бар унсури муҳаббат (дӯстии Худо, паёмбар ва авлиёи илоҳӣ) таъкид доранд. Беҳтарин далел бар нақши ишқ ва муҳаббат дар таҳкими боварҳои динӣ, исору фидокории ёрони имом Ҳусейн(а) дар Карбало аст. Яъне ишқу муҳаббати онҳо сабаб шуд, ки он гуна дар рикоб ва ҳамроҳии он ҳазрат ҷони худро фидо карданд. Бинобар ин ишқу муҳаббат, нақши бисёр муҳимме дар тақвияти имон ва боварҳои динӣ ва мазҳабӣ дорад ва ҳар андоза ишқу муҳаббат ҳамроҳ бо шинохт ва маърифати инсон ба боварҳои динӣ ва мазҳабӣ бештар бошад, боварҳои динии ӯ қавитар хоҳад буд.

Идома дорад.

А. Мирзо

[1] - Мутаҳарӣ, ҷ.2, с.35.

[2] - ҳамон

[3] - ҳамон

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить