Ҳаҷ, ибодати аҷоибу ҳайратангезест, ибодатест душвор ва печидаю тӯлонӣ. Аммо он чи аз худи ҳаҷ душвортару муҳимтар аст, фаҳми маъною асрори ҳаҷ аст. Инсон, дар ҳаҷ, бо хаёли осуда ва дар минтақаи амн, ба фикри Худою қиёмат меафтад. Роҳ рафтан дар ҳоли тавоф, қиёму рукӯъ дар намоз, тамошои Каъба ва ғайра ҳар кадом осоре дорад. Дар динҳои ҷаҳонӣ маконҳои муқаддасе, ки пайравонашон ба зиёрати онҳо мешитобанд бисёр аст, аммо дар миёни ҳамаи динҳо маросими «Ҳаҷ» дар дини Ислом барҷастагию ҷилваи махсусе дорад.

      Зоҳиран ин танҳо Ислом аст, ки пайравони худро дар ҳар куҷои  ҷаҳон,  ки сокин бошанд, вазифадор кардааст то дар тӯли умр, ба шарти иститоату  тавоноӣ, лоақал як бор дар рӯзҳои муайяне аз як моҳи муайяни сол, дар як нуқтае аз кураи замин ҷамъ шаванд ва ибодати маълуму мушаххасеро ба таври дастаҷамъӣ ба ҷой оваранд. Дар миёни динҳои бузургу маъруфи ҷаҳон, монанди масеҳияту яҳудият ва ё оини буддо, чунин падидаи иҷтимоию диние дида намешавад.

      Сафари ҳаҷ дар дунёи имрӯз, ки мардум аз васоили рафту омад ва нақлиёти пешрафта истифода мекунанд, тақрибан як моҳ тӯл мекашад. Ва агар муқаддимаҳои қабл аз сафар ва барномаҳои баъд аз бозгашти ҳоҷиро ба шаҳру диёраш ба ҳисоб оварем, аз ин ҳам тӯлонитар мешавад. Ҳаҷ пеш аз ихтирои мошину ҳавопаймо, яъне аз ҳазору чаҳорсад сол пеш то ҳамин ҳафтод-ҳаштод соли гузашта, ибодате буд, ки барои бисёре аз ҳоҷиён беш аз як сол тӯл мекашид. Ва он кас, ки пой дар роҳи ҳаҷ мениҳод, гоҳ аз дарёҳои пур аз хавфи мавҷу тӯфон мегузашт ва гоҳ аз саҳроҳои хушку беобу алаф ва регзорҳои гарму тафтида, ки хатари марг ҳар лаҳза мусофирро таҳдид мекард то онҷо, ки мегуфтанд :

« السَّفَرُ قِطْعَةٌ مِنَ السَّقَر» Яъне сафар қитъае аз ҷаҳаннам аст.

Барои мусулмононе, ки дар Самарқанду Бухоро зиндагӣ мекарданд, ё ононе, ки дар Индонезияю Малайзия буданд, пой ниҳодан дар чунин сафаре камтар аз сафарҳои ҷаҳонгардону саёҳатчиёни аврупоӣ хатарноктару пурмоҷаротар набуд.

       Аммо ҳаҷ танҳо як сафар нест, танҳо дур шудан аз хонаю кошона ва истиқомати чандрӯзае дар як шаҳри дигар нест. Балки ҳаҷ худаш як навъ зиндагӣ аст, ки бо зиндагии рӯзмарраю оддӣ фарқ дорад. Ҳаҷ ҳоҷиро аз сарпаноҳи маъмулӣ ва кошонаи худ берун мекашад ва ӯро бе соябон зери осмон қарор медиҳад ва робитаи заношӯии вайро бо ҳамсараш қатъ мекунад ва аз ҳоҷӣ, ки мумкин аст дар ҳамаи умр ҳатто як мурғро ҳам сар набурида бошад, мехоҳад, ки корд ба даст гираду гӯсфандеро қурбонӣ кунад. 

       Ҳаҷ маҷмӯае аз амалҳои ибодатист, занҷираест нисбатан тӯлонӣ ва аз ҳалқаҳои ба ҳам пайвастаи аъмоле ташкил шуда, ки ҳар кадом бояд дар вақти худ ба шакли муносиб иҷро шавад ва агар як ҳалқа, дар ҷои худ устувор нашавад ва як амал ба дурустӣ иҷро нашавад, ин занҷир аз ҳам ҷудо мешавад ва ранҷу заҳмати ҳоҷӣ беҳосил мемонад.

  Чунон ки гуфта шуд, «ҳаҷ навъе зиндагӣ аст» ва мақсад аз ин сухан ин аст, ки дар ҳаҷ зиндагию ибодати ҳоҷӣ чунон бо ҳам пайванд мехӯрад, ки ҷудо кардани онҳо аз якдигар мумин нест. Ҳаҷ дар зиндагии ҳоҷӣ ворид шуда ва бо таъйин кардани навъи либос ва кафшу кулоҳ ва бо таъйин кардани навъи суханоне, ки ҳоҷӣ набояд онҳоро ба забон оварад ва баъзе корҳои нисбатан оддӣ, ки набояд  бикунад ва низ бо ин қайд, ки шаб бояд куҷо бимонаду куҷо намонад, худ як зиндагӣ мешавад. Ҳоҷӣ зиндагии маъмулии худро боз медорад ва як зиндагии ҷадиде дар пеш мегирад, ки номи он «Ҳаҷ» аст. Пештар ишора шуд, ки дарку фаҳми розу асрори ҳаҷ, аз худи ҳаҷ (бо ҳама душворие, ки дорад) мушкилтар аст, аммо аз пеш як матлаберо ба унвони як асл фарз кардаем, ки ҳаҷ ибодате аст, ки метавон онро тафсири қобили фаҳм кард. Эътиқод бар ин аст, ки пушти ин амалҳои мухталифу тааҷҷубангез монанди давр задану давидан ва шаб дар ҷое мондан, санг ба сутунҳои сангӣ задан ва ғайра, як мақсади арзишманду маъқуле нуҳуфтааст; ин ҳаракоту саканот зоҳире аст, ки ботине дорад ва бо тааққул метавон аз ин зоҳир ба он ботин роҳ пайдо кард. Албатта шояд ҳар касе натавонад ба фаҳми ҳақиқати ботинӣ ва мақсади илоҳии ҳаҷ бирасад. Муҳим ин аст, ки чунин роҳе вуҷуд дорад ва паймудани он барои мусофирони кӯи ишқ ҳамвор аст.

  Ба ҳар тақдир бояд пурсид, ки мақсад аз ин ибодати чандрӯзаи тӯлонӣ, ки номаш «ҳаҷ» аст, чист? Мақсад ин аст, ки машқу тамрине кунем то дар даврони зиндагӣ ба ёди Худо бошем. Бо берун кардани либосҳоямон, бо канор ниҳодани кафшу кулоҳамон, бо тарошидани мӯи сарамон тамрине кунем  барои дил кандан аз дунё  ва барои дил надодан ба дунё. Ва бо ин қурбонию тавофу саъю ибодат ва розу ниёзу таваҷҷӯҳ ба Худо дар канори хонаи Худо, тамрини «ба ёди Худо будан»-ро кунем, то он ки вақте «ҳоҷӣ» мешавему аз ин сафар боз мегардем ва дубора ба суроғи ҳамон либосҳои ҳамешагӣ ва кафшу кулоҳ ва хонаю ҳамсару фарзанд  ва касбу кор меравем ва ба зиндагии худ машғул мешавем, аз ёди Худо ғофил нашавем ва намунаи ин ояти шарифа бошем, ки:

« رِجَالٌ لَّا تُلْهِيهِمْ تِجَارَةٌ وَلَا بَيْعٌ عَن ذِكْرِ اللَّهِ »[1]

         «Мардоне, ки ҳеҷ тиҷорате ва ҳеҷ хариду фурӯше ононро аз ёди Худо ғофил намекунад».

     Ҳаҷ, тарбияти Илоҳиест, ки ақаллан як бор дар ҳамаи умр ва барои ҳамаи умр анҷом мегирад, то ин ки мо доиман дар намоз бошему ҳамеша дар ҳоли «эҳром»-и ҳақиқӣ бимонем. Яъне олуда ба кори ҳаром нашавем, даст ба кори хилоф назанем ва чаҳорчӯба муҳаррамоти Илоҳиро риоят кунем ва ба хотири ному унвоне, ки пайдо кардаем ва хонае, ки сохтаем ва либоси гаронбаҳое, ки пӯшидаем ва мошини наве, ки харидаем ва қудрату мансабе, ки ёфтаем ва ғайра, худро аз дигар бандагони Худованд ҷудо надонем ва эҳсоси фахру ғуруру такаббур накунем. Ва бидонем, ки ҳар яке аз мо қатрае ҳастем монанди дигар қатраҳо, яъне бидонем, ки ҳамаи мо бандаи Худо ҳастем ва бояд ба қатраҳои дигар бипайвандем то уқёнус шавем.

     Ҳаҷ барои он аст, ки мо ба шайтоне, ки бар ӯ ғайратмандона санг зада нафрату бадбинии худро  аз ӯ эълом кардаем, дубора лабханди оштӣ назанем ва ба сӯи ӯ дасти дӯстӣ дароз накунем. Мо бо либоси сафед ба гирди хонаи Худо тавоф кардем, бикӯшем то ин либосро ҳамеша сафед нигаҳ  дорем, яъне худамонро ба чирки гуноҳ олуда накунем ва ин ҳадиси Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро ба хотир бисупорем, ки фармудаанд:« أَلْحَاجُّ لا يَزالُ عَلَيهِ نُورُ الحَجِّ مَا لَمْ يُلِمَّ بِذَنبٍ »        

«Нури ҳаҷ то вақте, ки ҳоҷӣ муртакиби    гуноҳ нашавад, (олуда ба гуноҳ  нашавад), ҳамчунон

 бар ӯ метобад».

Таҳия ва танзими Хайруллоҳи Файзуллоҳ



1 Нур,  37.

 

 

 

 

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить