1.     Барномарезӣ

2.     Манобеъ ва имконот

3.     Созмондеҳӣ ва идоракунӣ

4. Раҳбарӣ

Ҳам чунин мабҳаси тасмимгирӣ ба далели аҳамияти фаровонаш  мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт.

Дар ин қисмат, оёт бидуни тавзеҳ зикр гардида ва танҳо бо баёни тарҷума иктифо шудааст.

 

Қисмати аввал:  Барномарезӣ

Барномарезӣ иборат аст аз тарроҳии фароятнҳои иҷроӣ ва фаъолиятҳои лозим барои расидан ба ҳадаф.

Ҳорулд Кунтез мегӯяд: Барномарезӣ навъе тааҳҳуд аст ба анҷоми фаъолиятҳои муайян барои таҳаққуқи ҳадаф.

Зарурати илм барои барномарезӣ ва қудрат барои иҷрои барнома.

يُدَبِّرُ الْأَمْرَ ... ذَلِكَ عَالِمُ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ الْعَزِيزُ الرَّحِيمُ

(Саҷда,5 -6)

Тадбири низоми олам бар асоси илми Худованд аст ва Уст, ки аз зоҳиру пинҳон огоҳ аст.

Интихоби беҳтарин ва муносибтарин барнома барои иҷро

... ‏لِكُلِّ شَيْءٍ فَخُذْهَا بِقُوَّةٍ وَأْمُرْ قَوْمَكَ يَأْخُذُوا بِأَحْسَنِهَا

(Аъроф, 145)

Дар лавҳҳо ба Мусо дар ҳар мавриде панде додем ва ба ӯ гуфтем Эй Мусо онҳоро бо қувват иҷро кун ва ба қавми худ фармон бидеҳ, ки беҳтарини онҳоро интихоб кунанд ва иҷро намоянд.

Таваҷҷӯҳ  ба тамомии абъод ва осори барномаҳо

وَلَوْلَا رِجَالٌ مُؤْمِنُونَ وَنِسَاءٌ مُؤْمِنَاتٌ لَمْ تَعْلَمُوهُمْ أَنْ تَطَئُوهُمْ فَتُصِيبَكُمْ مِنْهُمْ مَعَرَّةٌ بِغَيْرِ عِلْمٍ......

 (Фатҳ, 25)

Худованд дар сулҳи Ҳудайбия иҷозаи ҳамла ба Маккаро надод ва фармуд, ки дар Макка иддае аз занону мардони боимон ҳастанд,

ки  мумкин аст дар ҷараёни ҷанг аз сӯи шумо надониста мавриди зарару зиён қарор гиранд ва ё кушта шаванд.

Ҷомеънигарӣ дар барномарезӣ ва мудирият.

وَمَا كَانَ الْمُؤْمِنُونَ لِيَنْفِرُوا كَافَّةً...

 (Тавба, 122)

Пас аз нузули оёти ҷиҳод ва сарзаниши мунофиқоне, ки ба ҷанг нарафта буданд ва ба кор бурдани  сиёсатҳои  бойкути онон тавассути Паёмбар, барои ҷангҳо ҳама мехостанд раҳсипори набард шаванд, ки Худованд мутазаккир шуд: Сазовор нест, ки ҳамаи муъминон ба ҷиҳод раванд ва шаҳрро холи бигузоранд ва тамоми умури дигарро таътил намоянд.

Зарурати илм барои барномарезӣ ва иҷро

فَالِقُ الْإِصْبَاحِ وَجَعَلَ اللَّيْلَ سَكَنًا وَالشَّمْسَ وَالْقَمَرَ حُسْبَانًا ذَلِكَ تَقْدِيرُ الْعَزِيزِ الْعَلِيمِ

 (Анъом, 96)

Худованд хуршеду моҳро асбоби шумориши айём қарор дод. Ин аст андозагирӣ ва барномарезии Худованди Қудратманду Доно.

анҷоми марҳала ба марҳала ва  тадриҷӣ

إِنَّ رَبَّكُمُ اللَّهُ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ فِي سِتَّةِ أَيَّامٍ...

(Юнус, 3)

Парвардигори шумо Худое аст, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид.

Дафъи афсад ба фосид ва тарҷиҳи аҳам бар муҳим дар тарҳҳо ва барномаҳо

أَمَّا السَّفِينَةُ فَكَانَتْ لِمَسَاكِينَ يَعْمَلُونَ فِي الْبَحْرِ فَأَرَدْتُ أَنْ أَعِيبَهَا وَكَانَ وَرَاءَهُمْ مَلِكٌ يَأْخُذُ كُلَّ سَفِينَةٍ غَصْبًا

(Каҳф, 79)

Ҳазрати Хизр ба ҳазрати Мусо гуфт: Ин кишти мутааллиқ ба чанд ятим аст, аммо хостам киштиро айбдор кунам чун подшоҳе дар камин буд, ки киштиҳои солимро ғасб кунад(ба зур мегирифт).

Таваҷҷуҳ ба унсури замон ва таъсири он дар мувафақияти барномаҳо

فَأَسْرِ بِعِبَادِي لَيْلًا...

(Духон, 23)

Эй Мусо! Бандагони маро шабона аз сарзамини Миср куч бидеҳ.

Пешгирӣ  қабл аз дармон

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنْ جَاءَكُمْ فَاسِقٌ بِنَبَإٍ فَتَبَيَّنُوا أَنْ تُصِيبُوا قَوْمًا بِجَهَالَةٍ فَتُصْبِحُوا عَلَى مَا فَعَلْتُمْ نَادِمِينَ

(Ҳуҷурот, 6)

Эй  касоне, ки имон овардаед, агар касе барои шумо хабаре овард таҳқиқ кунед ва мабодо аз рӯи  беиттилоӣ тасмим бигиред ва ба қавме осиб бирасонед ва сипас аз кардаи худ пушаймон шавед.

Риск(хатарпазири) дар анҷоми тарҳҳо

قَالَ لِفِتْيَانِهِ اجْعَلُوا بِضَاعَتَهُمْ فِي رِحَالِهِمْ لَعَلَّهُمْ يَعْرِفُونَهَا إِذَا انْقَلَبُوا إِلَى أَهْلِهِمْ لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ

(Юсуф,62)

Ҳазрати Юсуф ба ғуломони худ гуфт: Ончиро ба унвони баҳои гандум пардохтаанд дар борҳои худашон бигузоред то ҳангоме, ки ба хонаи

худ баргарданд ва борҳояшонро мегушоянд он маблағро боз шиносанд ва ба умеди такрори дубораи ин иттифоқ, ба Миср боз гарданд.

Касби таҷруба аз шикасти мавзе барои расидан ба мувафақият

وَلَا تَهِنُوا وَلَا تَحْزَنُوا وَأَنْتُمُ الْأَعْلَوْنَ...

(Оли Имрон, 139)

Пас аз шикаст дар ҷанги Уҳуд, Худованд хитоб ба мусалмонон мефармояд: Сустӣ накунед ва ғамгин набошед, ки шумо бартар аз ҳама ҳастед.

Пайгирӣ ва тадовуми барномаҳо барои ҳусули натиҷаи ниҳоӣ

وَلَقَدْ آتَيْنَا مُوسَى الْكِتَابَ وَقَفَّيْنَا مِنْ بَعْدِهِ بِالرُّسُلِ...

(Бақара, 87)

Худованд ба Мусо китоби Тавротро дод ва пас аз он паёмбароне пушти сари ҳам фиристод то дини илоҳиро таблиғ кунанд.

Идома дорад

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить