Созмондиҳӣ фаъолияте аст, ки дар он бо тақсими кор миёни афрод ва гурӯҳҳои корӣ ва эҷоди ҳамоҳангӣ миёни онҳо барои сабк ҳадафи хоссе талош мешавад.[1]

Назми сохторӣ дар мудирияти созмонӣ

وَحُشِرَ لِسُلَيْمَانَ جُنُودُهُ مِنَ الْجِنِّ وَالْإِنْسِ وَالطَّيْرِ فَهُمْ يُوزَعُونَ

(Намл, 17)

Сипоҳиёни Сулаймон (а), ки аз ҷинн ва инс ва парандагон буданд, ҳама гирд омаданд, пас аз ташатут -парокандагӣ- ва беназмӣ боздошта шуданд.(Сулаймон (а) дастур дод ҳама муназзам биистанд.)

Таваҷҷӯҳ ба сутуҳи мухталифи созмон

...وَقُلْ لِلَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ وَالْأُمِّيِّينَ...

(Оли Имрон, 20)

Дар мубоҳисаҳое, ки Паёмбари Акрам(с) бо мушрикон доштанд, Худованд мефармояд: ба аҳли китоб -донишмандон- ва авом бигӯ...

Аҳамият ваҳдат ва инсиҷоми созмон

...إِنِّي خَشِيتُ أَنْ تَقُولَ فَرَّقْتَ بَيْنَ بَنِي إِسْرَائِيلَ...

(Тоҳо, 94)

Ҳорун дар ҷавоби ҳазрати Мусо (а), ки вайро ба камкорӣ муттаҳам кард, фармуд: Ман тарсидам бигӯӣ, ки чаро байни Бани Исроил тафриқа андохтӣ, лизо дар муқобили гӯсолапарастӣ сукут кардам.

Якпорча будани созмон ва афроди он

...أَنِّي لَا أُضِيعُ عَمَلَ عَامِلٍ مِنْكُمْ مِنْ ذَكَرٍ أَوْ أُنْثَى بَعْضُكُمْ مِنْ بَعْضٍ...

(Оли Имрон, 195)

Худованд мефармояд, ки ман талоши ҳеч соҳиб амалеро табоҳ намекунам чи зан ё мард бошед ҳама аз якдигаред.

Ваҳдати фармондиҳӣ

...ضَرَبَ اللَّهُ مَثَلًا رَجُلًا فِيهِ شُرَكَاءُ مُتَشَاكِسُونَ وَرَجُلًا سَلَمًا لِرَجُلٍ هَلْ يَسْتَوِيَانِ

(Зумар, 29)

Ва Худованд масале задааст: Мардеро, ки мамлуки шариконе аст, ки дар бораи ӯ пайваста ба мушоҷира машғуланд, ва марде, ки танҳо таслими як нафар аст. Оё ин ду яксонанд?

Аҳамияти ҷонишин ва дастуроти ӯ

فَرَجَعَ مُوسَى إِلَى قَوْمِهِ غَضْبَانَ أَسِفًا قَالَ يَا قَوْمِ أَلَمْ يَعِدْكُمْ رَبُّكُمْ وَعْدًا حَسَنًا أَفَطَالَ عَلَيْكُمُ الْعَهْدُ أَمْ أَرَدْتُمْ أَنْ يَحِلَّ عَلَيْكُمْ غَضَبٌ مِنْ رَبِّكُمْ فَأَخْلَفْتُمْ مَوْعِدِي

(Тоҳо, 86)

Ҳазрати Мусо (а) пас аз шунидани хабари инҳирофи қавмаш аз Ҷабраил(а) ба суръат ва бо нороҳатӣ ба сӯи Бани Исроил бозгашт ва ба эшон фармуд: Оё Парвардигоратон ба шумо ваъдаи ҷазои нек надод... пас чаро ваъдае, ки бо ман доштед тахаллуф кардед.

Истифода аз мушовирини амин

وَقَالَ الْمَلِكُ ائْتُونِي بِهِ أَسْتَخْلِصْهُ لِنَفْسِي فَلَمَّا كَلَّمَهُ قَالَ إِنَّكَ الْيَوْمَ لَدَيْنَا مَكِينٌ أَمِينٌ

(Юсуф, 54)

Подшоҳ гуфт: Юсуфро назди ман оваред то ӯро мушовири махсуси худ қарор диҳам. Пас ҳангоме, ки бо ӯ гуфтугӯ намуд ба ӯ гуфт: Ту имрӯз назди мо дорои манзалати бузург ва фарди амин ҳастӣ.

Мушовира бо хубрагон

...وَقَصَّ عَلَيْهِ الْقَصَصَ قَالَ لَا تَخَفْ...

(Қасас, 25)

Мусо (а) баъд аз бархурд бо Шуайби паёмбар (а) саргузашти худро бозгӯ кард то ӯро роҳнамоӣ кунад. Шуайб гуфт натарс.

Анҷоми корҳо бо изни мудири аршад

تَنَزَّلُ الْمَلَائِكَةُ وَالرُّوحُ فِيهَا بِإِذْنِ رَبِّهِمْ

(Қадр, 4)

Дар шаби қадр фариштагон ва рӯҳ бо изни Парвардигорашон барои анҷоми корҳо фуруд меоянд.

Иҷоза аз мофавқ барои мурахасӣ ва ғайра

إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ الَّذِينَ آمَنُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ وَإِذَا كَانُوا مَعَهُ عَلَى أَمْرٍ جَامِعٍ لَمْ يَذْهَبُوا حَتَّى يَسْتَأْذِنُوهُ إِنَّ الَّذِينَ يَسْتَأْذِنُونَكَ أُولَئِكَ الَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ فَإِذَا اسْتَأْذَنُوكَ لِبَعْضِ شَأْنِهِمْ فَأْذَنْ لِمَنْ شِئْتَ ...

(Нур, 62)

Мӯъминони воқеӣ касоне ҳастанд, ки ҳаргоҳ барои анҷоми коре бо Паёмбар (с) ҷамъ мешаванд ё машварат медиҳанд, бидуни иҷозаи Ӯ намераванд. Эй Паёмбар, пас агар касе аз Ту иҷоза хост, ки ба корҳои шахсии худ бипардозад, ба маслиҳат амал кун ва ҳаркиро хости иҷоза бидеҳ.

Вогузории масъулият ҳамроҳи бо силсилаихтиёрот

...إِذَا أَثْخَنْتُمُوهُمْ فَشُدُّوا الْوَثَاقَ فَإِمَّا مَنًّا بَعْدُ وَإِمَّا فِدَاءً...

(Муҳаммад,4)

Пас аз он ки дар ҷанг иддаеро асир гирифтед, тасмимгирӣ бо худатон, ки ё онҳоро бо миннат озод кунед ва ё фидя бигиред ва озод кунед.

Вогузории масъулият ҳамроҳ бо имконоти мавриди ниёз

...لَقَدْ أَرْسَلْنَا رُسُلَنَا بِالْبَيِّنَاتِ وَأَنْزَلْنَا مَعَهُمُ الْكِتَابَ وَالْمِيزَانَ

(Ҳадид, 25)

Мо паёмбаронамонро бо далоили равшан фиристодем ва ҳамроҳи онон китоб ва силаи санҷиш фурӯ фиристодем.

Тафвизи тасмимгири ба мудирони зердаст

فَالْمُدَبِّرَاتِ أَمْرًا

(Нозиот, 5)

Тадбири умур ба даст Худованд аст, вале дар умуре, Худованд онро ба фариштагон тафвиз менамояд.

Таърифи ҳудуди вазоиф ва ихтиёрот

وَجَاءَتْ كُلُّ نَفْسٍ مَعَهَا سَائِقٌ وَشَهِيدٌ

(Қоф, 21)

Бо аҳли қиёмат, ду фаришта аст, ки яке ононро ба пеш савқ медиҳад ва дигари гувоҳ аст.

Эъломи шарҳи вазоифи мудирон ба онҳо ва ба дигарон

يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ إِنَّا أَرْسَلْنَاكَ شَاهِدًا وَمُبَشِّرًا وَنَذِيرًا

(Аҳзоб, 45)

Худованд (ҷ) хитоб ба Расули Акрам(с) нақши ӯро ташреҳ мефармояд: Эй Паёмбар мо туро гувоҳ бар мардум ва башорат диҳанда ва бим диҳанда фиристодем.

Хатари чоплусӣ ва тамаллуқ гӯён

...وَإِذَا جَاءُوكَ حَيَّوْكَ بِمَا لَمْ يُحَيِّكَ بِهِ اللَّهُ...

(Муҷодила, 8)

Ҳангоме, ки ба сӯи Ту меоянд калимотеро барои салом ба кор мебаранд, ки ҳатто Худо он тавр Туро таҳият ва салом нагуфтааст.

Тақаддуми завобит бар равобит

...يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُونُوا قَوَّامِينَ بِالْقِسْطِ شُهَدَاءَ لِلَّهِ وَلَوْ عَلَى أَنْفُسِكُمْ أَوِ الْوَالِدَيْنِ وَالْأَقْرَبِينَ

(Нисо, 135)

Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳамвора адолатро барпо доред ва барои ризои Худо гувоҳӣ диҳед агар чи ба зиёни худатон ё волидайну бастагонтон бошад.

Ёсин

 

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить