... 2)Тавоноии илмии инсон бузургтарин тавоноиест, ки як махлуқ мумкин аст дошта бошад:

Тамомии исмҳоро[1] ба Одам омӯхт (ӯро ба ҳамаи ҳақиқатҳо ошно кард), онгоҳ аз фариштагон савол кард: Бигӯед номҳои инҳо чист? Гуфтанд: Мо ҷуз он чи ту ба мо омӯхтаӣ намедонем (он чиро ту худат ба мо наомӯхта бошӣ мо аз роҳи касб наметавонем биёмӯзем). Худо ба Одам гуфт: Эй Одам, ту ба инҳо биёмӯз ва инҳоро огоҳӣ деҳ. Дар ҳамон ҳол ки Одам фариштагонро омӯзонид ва огоҳӣ дод, Худо ба фариштагон гуфт: Нагуфтам, ки ман аз ниҳонҳои осмону замин огоҳам (чизеро медонам, ки шумо намедонед) ва ҳам медонам он чиро шумо ошкор ва он чиро пинҳон мекунед?[2]

    3)Ӯ сиришти худошинос дорад; дар даруни худ ба Худо ошноӣ дорад. Ҳамаи инкорҳо, шакҳо, бемориҳо ва каҷравиҳоест аз сиришти аслии инсон:

Ҳанӯз, ки фарзандони Одам дар пушти падарони худ буда (ва ҳастанд ва хоҳанд буд) Худованд (бо забони офариниш) онҳоро бар вуҷуди худаш шоҳид гирифт ва онҳо шаҳодат доданд.[3]

Рӯи худро ба сӯи дин нигаҳ дор, ҳамон ки сиришти худоист ва ҳамаи мардумро ба он сириштааст.[4]

идома дорад.


[1]. Мурод аз исмҳо тамомии ҳақиқати ҳастӣ мебошад.

[2]- Бақара\31-33.

[3]- Аъроф\172.

[4]- Рум\43.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить