А) Манобеи молӣ

Б) Манобеи физикӣ

В) Манобеи инсонӣ

Г) Равияҳои созмонӣ

Д) Манобеи инсонӣ

Манзур аз манобеи инсонӣ, потенсиели неруи кории фарҳехта ҷиҳати пешбурд ва ба анҷом расонии фарояндҳо ва фаъолиятҳои созмон ҷиҳати расидан ба аҳдоф ва стротегияҳо аст. Аз инрӯ дар аҳамияти он гуфта мешавад, ки агар афроди муносиб истихдом шаванд ва дар ҷои муносиб ба кор гирифта шаванд ҳама чиз ба хубӣ пеш хоҳад рафт.

Зарурати вогузории мудирият ва раҳбарӣ ба афроди лоиқ

إِنَّ اللَّهَ يَأْمُرُكُمْ أَنْ تُؤَدُّوا الْأَمَانَاتِ إِلَى أَهْلِهَا...

(Нисо, 58)

Худованд фармон медиҳад, ки амонатҳоро ба соҳибонашон баргардонед.

Шоистасолорӣ ҳатто дар мавриди зердастон

إِنَّ وَلِيِّيَ اللَّهُ الَّذِي نَزَّلَ الْكِتَابَ وَهُوَ يَتَوَلَّى الصَّالِحِينَ

(Аъроф, 196)

Паёмбари Акарам (с) мефармояд: Сарпарасти ман Худое аст, ки ин китоби осмониро нозил карда аст ва Ӯ ҳамаи солеҳонро сарпарастӣ ва ҳидоят мекунад.

Бартарӣ дар созмон бар асоси шоистагӣ

إِذْ قَالُوا لَيُوسُفُ وَأَخُوهُ أَحَبُّ إِلَى أَبِينَا مِنَّا وَنَحْنُ عُصْبَةٌ...

(Юсуф, 8)

Бародарони Юсуф (а) гуфтанд: Юсуф ва Бинёмин назди падарамон аз мо маҳбубтаранд дар ҳоле ки мо гурӯҳи неруманде ҳастем.

Бакоргирии назари шахсии мудир дар интисобҳои муҳим

وَإِذْ غَدَوْتَ مِنْ أَهْلِكَ تُبَوِّئُ الْمُؤْمِنِينَ مَقَاعِدَ لِلْقِتَالِ...

(Оли Имрон, 121)

Худованд дар ёдоварии ҷанги Уҳуд хитоб ба Паёмбари Акрам(с) мефармояд: Он субҳе, ки аз хонаат хориҷ шудӣ ва мӯъминонро барои ҷанг дар ҷойгоҳи худашон қарор додӣ.

Иртиқои созмонӣ ва додани мақом ва мансаб бар асоси амалкард

وَلِكُلٍّ دَرَجَاتٌ مِمَّا عَمِلُوا...

(Аҳқоф, 19)

Дар қиёмат барои ҳар кас ба мизони амале, ки анҷом додааст, рутба ва дараҷа дода мешавад.

Иртиқои созмонӣ, пас аз муваффақият дар марҳалаи қабл

وَإِذِ ابْتَلَى إِبْرَاهِيمَ رَبُّهُ بِكَلِمَاتٍ فَأَتَمَّهُنَّ...

(Бақара, 124)

Худованд ҳазрати Иброҳим (а)-ро мавриди озмоиш қарор дод ва ӯ ҳамаи озмунҳоро бо муваффақият гузаронд.

Милок ва меъёри иртиқо, лаёқат ва собиқа

وَإِذْ قُلْنَا لِلْمَلَائِكَةِ اسْجُدُوا لِآدَمَ...

(Бақара, 34)

Ҳангоме, ки Худо ба малоика амр фармуд ба Одам (а) саҷда кунанд...

Мизони талош меъёре барои арзишгузорӣ

تِلْكَ أُمَّةٌ قَدْ خَلَتْ لَهَا مَا كَسَبَتْ وَلَكُمْ مَا كَسَبْتُمْ...

(Бақара, 134)

Онҳо уммате буданд, ки даргузаштанд ва дастоварди онҳо -ончи ки касб карданд- марбут ба худашон аст ва дастоварди шумо -ончи ки касб кардед- марбут ба худатон аст.

Тарфеъи ба мавқеъ, на зудтар ва на дертар

وَلَمَّا بَلَغَ أَشُدَّهُ آتَيْنَاهُ حُكْمًا وَعِلْمًا وَكَذَلِكَ نَجْزِي الْمُحْسِنِينَ

(Юсуф, 22)

Ва чун Юсуф (а) ба рушду қуввати худ расид ба ӯ ҳукм -нубувват ё ҳикмат- ва илм додем ва ин гуна подоши неконро медиҳем.

Иртиқои тадриҷӣ ва марҳалаӣ

...عَسَى أَنْ يَنْفَعَنَا أَوْ نَتَّخِذَهُ وَلَدًا...

(Юсуф, 21)

Азизи Миср ба ҳамсараш гуфт: Юсуфро ба чашми барда ва ғулом нигоҳ накун, умед аст дар оянда моро суд бирасонад -дар хона моро кӯмак кунад- ё ӯро ба фарзандӣ бипазирем.

Гузиниш ва озмоиш барои мансуб кардани афрод ба мақом

وَإِذِ ابْتَلَى إِبْرَاهِيمَ رَبُّهُ بِكَلِمَاتٍ فَأَتَمَّهُنَّ...

(Бақара, 124)

Худованд ҳазрати Иброҳим (а)-ро мавриди озмоиш қарор дод ва ӯ ҳамаи озмунҳоро бо мувафақият гузаронд.

Вогузории масъулият ба зердастон ва интизор аз онҳо бар асоси тавоноиҳои онҳо

لَا تُكَلَّفُ نَفْسٌ إِلَّا وُسْعَهَا......

(Бақара, 233)

Ҳама ба андозаи тавонашон мукалаф мешаванд.

Муаррифии афроди шойиста барои вогузории масъулият

وَيَضِيقُ صَدْرِي وَلَا يَنْطَلِقُ لِسَانِي فَأَرْسِلْ إِلَى هَارُونَ

(Шуаро, 13)

Мусо (а) ба Худованд (ҷалла ҷалолуҳу) гуфт: Синаам танг мегардад ва забонам боз намешавад пас Ҳорунро низ рисолат бидеҳ то маро ёрӣ кунад.

Интихоби афроди шойиста барои масъулиятҳои муҳимм

وَاخْتَارَ مُوسَى قَوْمَهُ سَبْعِينَ رَجُلًا...

(Аъроф, 155)

Ҳазрати Мусо (а) барои рафтан ба ваъдагоҳи Худованд, ҳафтод нафарро интихоб кард.

Шарти вогузории масъулият: Аҳлият[1] ва Авлавият[2]

...وَكَانُوا أَحَقَّ بِهَا وَأَهْلَهَا...

(Фатҳ, 26)

Худованд оромиши худро бар дилҳои мӯъминин нозил фармуд ва эшонро ба тақво наздик намуд зеро ки эшон ба риояти тақво сазовортаранд ва аҳли он буданд.

Ёсин

________________________________________

[1] Шойистагии умумӣ

[2] Имтиёзи вижа

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить