Усули сиёсати хориҷӣ аз нигоҳи Қуръони Карим

Усули аввалӣ

Асли сулҳ (ҳамзистии мусолимат омез)

Башар барои расидан ба камолот ва пешрафтҳои моддӣ ва маънавӣ дар арсаҳои гуногун зиндагӣ ниёз ба сулҳ ва оромиш дорад то ба сӯи қуллаҳои камол ҳаракат кунад, аз ин сабаб аст, ки башар умуман толиби сулҳ ва оштӣ буда ва ҳаст. Ва ҳаркуҷо сулҳ, оромиш ва амният аз байн рафта аст, пешрафти башарият низ дар заминаҳои мухталифи зиндагӣ бо ақабмондагӣ ва нуқсон дучор гашта аст.

Ислом, ки дини комил ва муддаии таъмини саодати дунявӣ ва ухравӣ башар аст, асли сулҳ ва оштиро чи дар арсаи сиёсати дохилӣ ва чи дар арсаи сиёсати хориҷӣ як асли муҳим ва аввалӣ талаққи намуда ва бо шеваҳои гуногун бар он таъкид кардааст.

Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

«وَ إِن جَنَحُواْ لِلسَّلْمِ فَاجْنَحْ لهََا وَ تَوَكلَ‏ْ عَلىَ اللَّهِ  إِنَّهُ هُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيم‏»[1]

Ва агар (душманон) ба сулҳ майл пайдо кунанд, пас (Ту низ) ба он гароӣ ва бар Худо таваккул кун! (зеро), ки дар ҳақиқат танҳо Ӯ шунаво (ва) доност.

Ин оят ба хубӣ гуёи он аст, ки агар душманон ба сулҳ гароиш пайдо карданд шумо ҳам онро бипазиред, яъне сулҳ кунед.

Дар ҷои дигар Худо муъминонро мухотаб сохта мефармояд:

 «لَّا يَنْهَئكمُ‏ُ اللَّهُ عَنِ الَّذِينَ لَمْ يُقَاتِلُوكُمْ فىِ الدِّينِ وَ لَمْ يخُْرِجُوكمُ مِّن دِيَارِكُمْ أَن تَبرَُّوهُمْ وَ تُقْسِطُواْ إِلَيهِْمْ  إِنَّ اللَّهَ يحُِبُّ الْمُقْسِطِين‏»[2]

Худо шуморо нисбати касоне, ки дар мавриди дин бо шумо ҷанг накарданд ва шуморо аз хонаҳоятон берун наронданд, манъ намекунад, ки ба онҳо некӣ кунед ва нисбати онон додгари намоед (зеро) Худо додгаронро дӯст медорад.

Бо диққат дар ин оёт илова бар дарёфти ин ки сулҳ асли аввал дар таомули кишвари исломӣ бо соири кишварҳо аст, ин нуктаи зариф низ ба даст меояд, ки сулҳ бо кишваре ва мардуме метавон кард, ки қасди ҷанг ва мухолифат надошта бошанд, ва илло сулҳ намудан бо онҳо маъно надорад, чунон ки ояти карима ҳадди сулҳро баён намуда мефармояд: Модоме, ки душманон шуморо аз хона ва кошона берун нарондаанд ва бо шумо тарҳи ҷанг нарехтаанд, монее надорад, ки бо онҳо некӣ яъне сулҳ ва рафтори мусолиматомез намоед.

Аз ончи гузашт ин нукта маълум мегардад, ки сулҳ ва рафтори мусолиматомез бо кишварҳои мухталиф модоме, ки тарҳи ҷанг нарехтаанд, асли аввал ва лозимулиҷро аст. Ва ин худ гӯёи биниш ва басирати дини Ислом ба хусус Қуръони Карим дар ростои таъмини саодат ва пешрафти башарият дар арсаҳои гуногуни зиндагӣ аст.

 

Асли вафои ба аҳду паймон

Яке аз муҳимтарин ва асоситарин корҳое, ки равобити инсонҳо бо якдигарро чи дар арсаи фардӣ ва чи дар арсаи иҷтимоӣ ва байналмилалӣ тазмин мекунад, вафои ба аҳду паймонҳо аст. Дар сурати пойбанд набудан ба ин асл, равобит ва доду ситадҳои инсонӣ дар арсаҳои гуногун  дучори ҳарҷу марҷ шуда ва дар тулони муддат амният ва балки ҳаёти инсон дар рӯи заминро бо мушкилот ва чолишҳои гуногун ру ба рӯ хоҳад сохт, аз инрӯ аст, ки Қуръони Карим асли вафои ба аҳду паймонро яке аз усули аввали дар иртиботот бо соири инсонҳо қарор дода аст.

Дар мактаби Ислом ба хусус Қуръони Карим ин асл, ба уқуд ё ҳамон паймонҳо ёд карда шуда ва бо шеваҳои мухталиф пойдорӣ ва вафо намудан ба онро таъкид намуда аст. Гоҳе ба сурати сареҳ ба вафо намудан ба паймонҳо дастур дода ва гоҳе бо инзор ва бим додан аз оқибати ухравии он, мардумро аз нақзи паймонҳо наҳй фармуда аст. Чунон ки онро аз сифоти мӯъминон шумурда муфармояд:[3] «وَالَّذِينَ هُمْ لِأَمَانَاتِهِمْ وَعَهْدِهِمْ رَاعُونَ» онон( муъминон) касоне ҳастанд ки амонат ва аҳдҳои худро муроот мекунанд.

Дар ҷои дигар бо зикри паёмади паймоншиканӣ талвиҳан мусалмононро аз пойбанд набудан ба паймонҳо наҳй мекунад, ва мефармояд:

 «فَبِمَا نَقْضِهِمْ مِيثَاقَهُمْ لَعَنَّاهُمْ وَجَعَلْنَا قُلُوبَهُمْ قَاسِيَةً...»[4]

Пас ононро ба (хотири) паймон шиканиашон лаънат кардем ва дилҳояшонро сахт гардонидем.

Ҳарчанд ин ояи карима дар мавриди Бани Исроил нозил шуда аст, аммо махсуси онҳо нест балки ҳаркасро, ки паймон шикани кунад, низ шомил мешавад, ҳатто мусалмононро.

Ин оят бар вуҷуби вафои ба аҳд аз ду ҷиҳат далолат дорад: Аввал онки калимаи “Авфу”, ки дар оят ба кор рафта аст далолат бар воҷиб будани он дорад. Дуввум онки аҳд масъул аст ва аз ғайри воҷиб суол намешавад, пас вафои ба он ваҷиб мегардад.

Илова бар оёти Қуръони Карим сира ва рафтори Паёмбари Акрам(с) гӯёи аҳамият ва зарурати пойбандӣ ба аҳду паймонҳо аст, чунон ки бо ҳазрати Муҳаммад(с) дар сулҳи ҳудайбия паймон баста шуд, ки агар фарде аз мушрикон мусалмон шавад ва ба Мадина паноҳ оварад, он Ҳазрат(с) бояд ӯро баргардонад, ва таърих гувоҳ аст, ки Ҳазрати Расул(с) ба аҳди худ вафо намуд ва афродеро, ки ба сӯи ӯ омада буданд баргардонид.[5]

Аммо он Ҳазрат(с) то замоне бар ин аҳди хӯд пойбанд буданд, ки ин аҳд аз сӯи мушрикон шикаста нашуда буд, вале ҳангоме, ки аз сӯи мушрикон ин аҳд шикаста шуд Паёмбар(с) бо асл ва қоидаи муқобила ба мисл ба сӯи фатҳи шаҳри Макка рафт.

Аз ин рӯ метавон гӯфт, ки асли вафои ба аҳд ва паймон як асли аввалӣ аст, аммо агар аз сӯи муқобил шикаста шавад қоидаи сонавии муқобила ба мисл, по ба арсаи майдон гузошта ва ҳукми худро иҷро хоҳад кард.

Аммо бояд таваҷҷуҳ дошт, ки ҳукумати исломӣ то замоне ба аҳду паймонҳо ва қарордодҳои хориҷӣ ва равобити байнал милалии худ пойбанд аст, ки сабаби мултазим шудан ба асли ғайри шаръӣ нагардад.

Идома дорад... .

 

Ёсин

 



[1] Сураи муборакаи Анфол, ояти61.

[2] Сураи муборакаи Мумтаҳина, ояти8.

[3] Сураи муборакаи муъминон, ояти 8.  

[4] Сураи муборакаи Моида, ояти13.

[5] Албидоя ва аниҳоя, Ибни КАсир, чопи мактабатул маъориф, Байрут,ц4,саҳ168.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить