Ин ссура дар Макка нозил шуда ва 182 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1               Савганд ба (фариштагони) сафкашида (ва муназзам),

2               Ва ба наҳйкунандагон ва (боздорандагон),

3               Ва тиловаткунандагони паёпайи оятҳои илоҳӣ,

4               Ки маъбуди шумо Ягона аст.

5               Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чӣ миёни онҳост. Ва Парвардигори машриқҳо.

6               Мо осмони наздик (поин)-ро бо ситорагон оростем,

7               То онро аз ҳар шайтони хабисе ҳифз кунем.

8               Онҳо наметавонанд ба (суханони) фариштагони олами боло гўш фаро диҳанд (ва ҳар гоҳ чунин кунанд), аз ҳар сў ҳадаф қарор мегиранд.

9               Онҳо ба шиддат ба ақиб ронда мешаванд ва барои онон муҷозоти доиме аст.

10           Магар онҳо, ки дар лаҳзаи кўтоҳе барои истироқи самъ ба осмон наздик шаванд, ки «шаҳоби сооқиб» онҳоро таъқиб мекунад.

11           Аз онон бипурс: «Оё офариниш (ва маоди) онон сахттар аст ё офариниши фариштагон (ва осмонҳо ва замин?!). Мо ононро аз гили часпандае офаридем.

12           Ту аз инкорашон ҳайрат мекунӣ, вале онҳо масхара мекунанд.

13           Ва ҳангоме, ки ба онон тазаккур дода шавад, ҳаргиз мутазаккир намешаванд.

14           Ва ҳангоме, ки мўъҷизаеро бубинанд, (дигаронро низ) ба масхара даъват мекунанд.

15           Ва мегўянд: «Ин фақат сеҳри ошкоре аст.

16           Оё ҳангоме, ки мо мурдем ва ба хок ва устухон мудаббал шудем, бори дигар барангехта хоҳем шуд?!

17           Ва оёпадарони нахустини мо (бозмегарданд?!)».

18           Бигў: «Оре, ҳамаи шумо зинда мешавед, дар ҳоле, ки хору кўчак хоҳед буд.

19           Танҳо як сайҳаи азим воқеъ мешавад, ногаҳон ҳама (аз қабрҳо бармехезанд ва) нигоҳ мекунанд.

20           Ва мегўянд: «Эй вой бар мо, ин рўзи ҷазост!».

21           (Оре), ин ҳамон рўзи ҷудоӣ (-и ҳақ аз ботил) аст, ки шумо онро инкор мекардед.

22           (Дар ин ҳангом ба фариштагон дастур дода мешавад:) Золимон ва ҳамрадифонашон ва он чиро мепарастиданд,

23           (Оре он чиро) ҷуз Худо мепарастиданд, ҷамъ кунед ва ба сўи роҳи дўзах ҳидояташон намоед.

24           Онҳоро нигаҳ доред, ки бояд бозпурсӣ шаванд.

25           Шуморо чӣ шуда, ки аз ҳам ёрӣ наметалабед?!

26           Вале онон дар он рўз таслими қудрати Худованданд.

27           (Ва дар ин ҳол), рў ба якдигар карда ва аз ҳам мепурсанд.

28           Гурўҳе мегўянд: «(Шумо раҳбарони гумроҳе будед, ки ба зоҳир) аз тариқи хайрхоҳӣ ва некӣ дохил шудед, (аммо ҷуз фиреб чизе дар коратон набуд!)».

29           (Онҳо дар ҷавоб) мегўянд: «Шумо худатон аҳли имон набудед (тақсири мо чист?!).

30           Мо ҳеҷ гуна султае бар шумо надоштем, балки шумо худ қавми туғёнгаре будед.

31           Акнун фармони Парвардигорамон бар ҳамаи мо ҳатмӣ шуда ва ҳамагӣ аз азоби Ў мечашем.

32           Мо шуморо гумроҳ кардем, ҳамон гуна, ки худ гумроҳ будем».

33           (Оре) ҳамаи онҳо (пешвоён ва пайравони гумроҳ) дар он рўз дар азоби илоҳӣ муштараканд.

34           Мо ин гуна бо муҷримон рафтор мекунем!

35           Чаро, ки вақте ба онҳо гуфта мешуд: «Маъбуде ҷуз Худо вуҷуд надорад», такаббур ва саркашӣ мекарданд.

36           Ва пайваста мегуфтанд: «Оё мо маъбудони худро ба хотири шоири девонае раҳо кунем?!».

37           Чунин нест, ў ҳақро оварда ва пайғамбарони пешинро тасдиқ кардааст.

38           Аммо шумо (мустакбирони кўрдил) ба таври ҳатмӣ азоби дарднок (-и илоҳӣ)-ро хоҳед чашид!

39           Ва ҷуз ба он чӣ анҷом медодед, кайфар дода намешавед,

40           Ҷуз бандагони мухласи Худо, (ки аз ин кайфарҳо барканоранд).

41           Барои онон (бандагони мухлас) рўзии муайян ва махсусе аст,

42           Меваҳо (-и гуногуни пурарзише) ва онҳо гиромӣ дошта мешаванд,

43           Дар боғҳои пурнеъмати биҳишт.

44           Дар ҳоле, ки бар тахтҳо рў ба рўи якдигар такя задаанд,

45           Ва гирдогирдашон қадаҳҳои лабрез аз шароби таҳурро мегардонанд.

46           Шаробе сафед ва дурахшанда ва лаззатбахше барои нўшандагон.

47           Шаробе, ки на дар он сабаби табоҳии ақл аст ва на аз он маст мешаванд.

48           Ва назди онҳо ҳамсарони зебочашме аст, ки ҷуз ба шавҳарони худ ишқ намеварзанд.

49           Гўё аз (латофату сафедӣ) ҳамчун тухми мурғҳое ҳастанд, ки (дар зери болу пари мурғ) пинҳон монда (ва дасти инсоне ҳаргиз онро ламс накардааст).

50           (Дар ҳоле, ки онҳо ғарқи гуфтугў ҳастанд), баъзе рў ба баъзе дигар карда мепурсанд.

51           Яке аз онҳо мегўяд: «Ман ҳамнишине доштам,

52           Ки пайваста мегуфт: Оё (ба ростӣ) ту ин суханро бовар кардаӣ,

53           Ки вақте мо мурдем ва ба хоку устухон мубаддал шудем, (бори дигар) зинда мешавем ва ҷазо дода хоҳем шуд?!».

54           (Сипас) мегўяд: «Оё шумо метавонед аз ў хабаре бигиред?».

55           Ин ҷост, ки нигоҳе мекунад, ногаҳон ўро дар миёни дўзах мебинад.

56           Мегўяд: «Ба Худо савганд, наздик буд маро (низ) ба ҳалокат бикашонӣ!

57           Ва агар неъмати Парвардигорам набуд, ман низ аз ҳозиршудагон (-и дар дўзах) будам!

58           (Сипас ба ёрони худ мегўяд: Эй дўстон!) Оё мо ҳаргиз намемирем (ва дар биҳишт ҷовидона хоҳем буд),

59           Ва ҷуз ҳамон марги аввал, марге ба суроғи мо нахоҳад омад ва мо ҳаргиз азоб нахоҳем шуд?!

60           Ростӣ ин ҳамон пирўзии бузург аст!».

61           Оре, барои мисли ин, бояд амалкунандагон амал кунанд.

62           Оё ин (неъматҳои ҷовидони биҳиштӣ) беҳтар аст ё дарахти (нафратангези) Заққум?!

63           Мо онро сабаби дарду ранҷи золимон қарор додем.

64           Он дарахте аст, ки аз қаъри ҷаҳаннм мерўяд.

65           Шукуфаи он монанди сарҳои шаётин аст.

66           Онҳо (муҷримон) аз он мехўранд ва шикамҳоро аз он пур мекунанд.

67           Сипас рўи он оби доғи бадбўе менўшанд.

68           Сипас бозгашти онҳо ба сўи ҷаҳаннам аст.

69           Чаро,ки онҳо падарони худро гумроҳ ёфтанд,

70           Бо ин ҳол бо шитоб дар пайи онон кашонда мешаванд.

71           Ва пеш аз онҳо бештари пешиниён (низ), гумроҳ шуданд.

72           Мо дар миёни онҳо инзоркунандагоне фиристодем,

73           Вале бинигар оқибати инзоршавандагон чӣ гуна буд!

74           Магар бандагони мухласи Худо.

75           Ва Нўҳ, моро хонд (ва мо дуои ўро иҷобат кардем) ва чӣ иҷобаткунандаи хубе ҳастем!

76           Ва ў ва хонадонашро аз андўҳи бузург раҳоӣ бахшидем,

77           Ва фарзандонашро ҳамон бозмондагон (-и рўи замин) қарор додем,

78           Ва номи неки ўро дар миёни умматҳи баъд боқӣ ниҳодем.

79           Салом бар Нўҳ дар миёни ҷаҳониён бод!

80           Мо ин гуна некўкоронро подош медиҳем.

81           Чаро,ки ў аз бандагони бо имони мо буд.

82           Сипас дигарон (душманони ў)-ро ғарқ кардем.

83           Ва аз пайравони ў Иброҳим буд.

84           (Ба хотир биёвар) ҳангомеро, ки бо қалби салим ба пешгоҳи Парвардигораш омад.

85           Ҳангоме, ки ба падар ва қавмаш гуфт: «Инҳо чист, ки мепарастед?!

86           Оё ғайр аз Худо ба суроғи ин маъбудони дурўғин меравед?!

87           Шумо дар бораи Парвардигори оламиён чӣ гумон мебаред?!».

88           (Сипас) нигоҳе ба ситорагон афканд,

89           Ва гуфт: «Ман беморам (ва бо шумо ба маросими ҷашн намеоям)».

90           Онҳо аз ў рўй бартофта ва ба ў пушт карданд (ва бо шитоб дур шуданд).

91           (Ў дохили бутхона шуд), махфиёна нигоҳе ба маъбудонашон кард ва аз рўи тамасхур гуфт: «Чаро (аз ин хўрокҳо) намехўред?!

92           (Аслан) чаро сухан намегўед?!».

93           Сипас ба сўи онҳо рафт ва зарбае маҳкаме бо дасти рост бар пайкари онҳо фуруд овард (ва ҷуз бути бузург, ҳамаро дарҳам шикаст).

94           Онҳо бо шитоб ба ў рўй оварданд.

95           Гуфт: «Оё чизеро мепарастед, ки бо дасти худ метарошед?!

96           Бо ин ки Худованд ҳам шуморо офарида ва ҳам бутҳое, ки месозед!».

97           (Бутпарастон) гуфтанд: «Бинои баланде барои ў бисозед ва ўро дар ҷаҳаннаме аз оташ афканед!».

98           Онҳо нақшае барои нобудии Иброҳим кашида буданд, вале мо ононро пасту мағлуб сохтем.

99           (Ў аз ин маҳлака ба саломат берун омад) ва гуфт: «Ман ба сўи Парвардигорам меравам, Ў маро ҳидоят хоҳад кард.

100       Парвардигоро! Ба ман аз солеҳон (фарзандони солеҳ) бибахш».

101       Мо ў (Иброҳим)-ро ба навҷавони бурдбор ва сабуре башорат додем.

102       Ҳангоме, ки бо ў ба мақоми саъй ва кўшиш расид, гуфт: «Писарам! Ман дар хоб дидам, ки туро зибҳ мекунам, назари ту чист?» Гуфт: «Падарам! Ҳар чӣ дастур дорӣ иҷро кун, ба хости Худо маро аз собирон хоҳӣ ёфт».

103       Ҳангоме, ки ҳар ду таслим шуданд ва Иброҳим ҷабини ўро бар хок ниҳод,

104       Ўро нидо додем, ки «Эй Иброҳим!

105       Он рўъёро таҳаққуқ бахшидӣ (ва ба маъмурияти худ амал кардӣ)». Мо ин гуна, некўкоронро подош медиҳем.

106       Ин ҳатман ҳамон имтиҳони ошкор аст.

107       Мо зибҳи бузургеро фидои ў кардем,

108       Ва номи неки ўро дар умматҳои баъд боқӣ ниҳодем.

109       Салом бар Иброҳим!

110       Ин гуна некўкоронро подош медиҳем.

111       Ў аз бандагони боимони мост.

112       Мо ўро ба Исҳоқ – пайғамбаре аз шоистагон – башорат додем.

113       Мо ба ў ва Исҳоқ баракат додем ва аз насли он ду, ашхосе буданд некўкор ва ашхосе ошкоро ба худ ситам карданд.

114       Мо ба Мўсо ва Ҳорун неъмат бахшидем.

115       Ва он ду ва қавмашонро аз андўҳи бузург наҷот додем.

116       Ва онҳоро ёрӣ кардем, то бар душманони худ пирўз шуданд.

117       Мо ба он ду, китоби равшангар додем,

118       Ва он дуро ба роҳи рост ҳидоят намудем.

119       Ва номи некашонро дар ақвоми баъд боқӣ гузоштем.

120       Салом бар Мўсо ва Ҳорун!

121       Мо ин гуна некўкоронро подош медиҳем.

122       Он ду аз бандагони мўъмини мо буданд.

123       Ва Илёс аз расулон (-и мо) буд.

124       (Ба хотир биёвар), ҳангомеро, ки ба қавмаш гуфт: «Оё тақво пеша намекунед?!

125       Оё бути «Баъл»-ро мехонед ва беҳтарини офаридгорҳоро раҳо месозед?!

126       Худое, ки Парвардигори шумо ва Парвардигори ниёкони шумост!».

127       Аммо онҳо ўро инкор карданд, вале ба яқин ҳамагӣ (дар додгоҳи адли илоҳӣ) ҳозир карда мешаванд.

128       Магар бандагони мухласи Худо.

129       Мо номи неки ўро дар миёни умматҳои баъд боқӣ гузоштем.

130       Салом бар Илёсин!

131       Мо ин гуна некўкоронро подош медиҳем.

132       Ў аз бандагони мўъмини мост.

133       Ва Лут аз расулон (-и мо) аст.

134       (Ба хотир биёвар) замонеро, ки ў ва хонадонашро ҳамагӣ наҷот додем,

135       Магар пиразане, ки аз бозмондагон буд (ва ба сарнавишти онон гирифтор шуд).

136       Сипас бақияро нобуд кардем.

137       Ва шумо пайвата субҳгоҳон аз канори (вайронаҳои шаҳрҳои) онҳо мегузаред,

138       Ва (ҳамчунин) шабонгоҳ. Оё намеандешед?!

139       Ва Юнус аз расулон (-и мо) аст.

140       (Ба хотир овар) замонеро, ки ба сўи киштии пур (аз ҷамъияту бор) гурехт.

141       Ва бо онҳо қуръа афканд (ва қуръа ба номи ў афтод ва) мағлуб шуд.

142       (Ўро ба дарё афканданд) ва моҳии бузурге ўро фурў бурд, дар ҳоле, ки мустаҳиққи сарзаниш буд.

143       Ва агар ў аз тасбеҳкунандагон набуд,

144       То рўзи қиёмат дар шиками моҳӣ мемонд!

145       (Ба ҳар ҳол мо ўро раҳоӣ бахшидем ва) ўро дар як сарзамини хушки холӣ аз гиёҳ афкандем, дар ҳоле, ки бемор буд.

146       Ва бўтаи кадуе бар ў рўёндем, (то дар сояи баргҳои паҳну мартубаш оромиш ёбад).

147       Ва ўро ба сўи ҷамъияти садҳазорнафарӣ - ё бештар – фиристодем.

148       Онҳо имон оварданд, бинобар ин то муддати маълуме ононро аз неъматҳои зиндагӣ баҳраманд сохтем.

149       Аз онон бипурс: Оё Парвардигорат духтароне дорад ва писарон аз они онҳост?!

150       Оё мо фариштагонро муаннас офаридем ва онҳо нозир буданд?!

151       Бидонед онҳо бо ин тўҳмати бузургашон мегўянд:

152       «Худованд фарзанд овардааст», вале онҳо ба яқин дурўғ мегўянд.

153       Оё духтаронро бар писарон тарҷеҳ додааст?!

154       Шуморо чӣ шудааст?! Чӣ гуна ҳукм мекунед?! (Ҳеҷ мефаҳмед, ки чӣ мегўед?!).

155       Оё мутазаккир намешавед?!

156       Ё шумо далели равшане дар ин бора доред?

157       Китобатонро биёваред, агар рост мегўед!

158       Онҳо (мушрикон) миёни Ў (Худованд) ва ҷин, (хешовандӣ ва) нисбате қоил шуданд, дар ҳоле, ки ҷинниён ба хубӣ медонанд, ки ин бутпарастон дар додгоҳи илоҳӣ ҳозир карда мешаванд.

159       Муназзаҳ аст Худованд аз он чӣ тавсиф мекунанд,

160       Магар бандагони мухласи Худо.

161       Шумо ва он чиро парастиш мекунед,

162       Ҳаргиз наметавонед касеро (бо он) фиреб диҳед,

163       Магар онҳо, ки дар оташи дўзах дохил мешаванд.

164       Ва ҳеҷ як аз мо нест, ҷуз он ки мақоми маълуме дорад,

165       Ва мо ҳамагӣ (барои итоати фармони Худованд) ба саф истодаем.

166       Ва мо ҳама тасбеҳгўи Ў ҳастем.

167       Онҳо пайваста мегуфтанд:

168       «Агар яке аз китобҳои пешиниён назди мо буд,

169       Ба яқин мо бандагони мухласи Худо будем».

170       (Аммо ҳангоме, ин китоби бузурги осмонӣ бар онҳо нозил шуд), бар он кофир шуданд, вале ба зудӣ (натиҷаи кори худро) хоҳанд донист!

171       Ваъдаи ҳатмии мо барои бандагони фиристодаи мо аз пеш ҳатмӣ шуда,

172       Ки онон ёришудагонанд,

173       Ва лашкари мо пирўзанд.

174       Аз онҳо (кофирон) рўй бигардон, то замони муайяне, (ки фармони ҷиҳод фаро расад).

175       Ва вазъияти онҳоро бинигар, (чӣ бе маъност!), аммо ба зудӣ (натиҷаи аъмоли худро) мебинанд!

176       Оё онҳо барои азоби мо шитоб мекунанд?!

177       Аммо ҳангоме, ки азоби мо дар остонаи хонаҳояшон фуруд ояд, инзоршудагон субҳгоҳи баде хоҳанд дошт.

178       Аз онон рўй бигардон, то замони муайяне.

179       Ва вазъи корашонро бмбин, онҳо низ ба зудӣ (натиҷаи аъмоли худро) мебинанд!

180       Муназзаҳ аст Парвардигори ту, Парвардигори иззат (ва қудрат), аз он чӣ онон тавсиф мекунанд.

181       Ва салом бар расулон.

182       Ва ҳамду ситоиш махсуси Худованде аст, ки Парвардигори ҷаҳониён аст.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить