Ин сура дар Макка нозил шуда ва 45 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1               Ситоиш махсуси Худованде аст, ки офаринандаи осмонҳо ва замин, ки фариштагонро расулоне қарор дод, болҳои ду гона ва се гона ва чаҳор гона доранд. Ӯ ҳар чӣ бихоҳад дар офариниш меафзояд ва Ӯ бар ҳар чиз Тавоност.

2               Ҳар раҳматеро Худо ба рӯи мардум кушояд, касе наметавонад пеши онро бигирад ва ҳар чиро имсок кунад, касе ғайр аз Ӯ қодир ба фиристодани он нест. Ва Ӯ Азиз ва Ҳаким аст.

3               Эй мардум! Ба ёд оваред неъмати Худоро бар шумо, оё офаринандае ҷуз Худо ҳаст, ки шуморо аз осмону замин рӯзӣ диҳад?! Ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ нест, бо ин ҳол чӣ гуна ба сӯи ботил мунҳариф мешавед?!

4               Агар туро инкор кунанд, (ғам махӯр, мавзӯи наве нест), пайғамбарони пеш аз ту низ инкор шуданд. Ва ҳамаи корҳо ба сӯи Худо бозгардонда мешавад.

5               Эй мардум! Ваъдаи Худованд ҳақ аст, мабодо зиндагии дунё шумор фиреб кунад ва мабодо шайтон шуморо фиреб диҳад ва ба (карами) Худо мағрур созад!

6               Албатта шайтон душмани шумост, пас ӯро душман бидонед, ӯ фақат ҳизбашро ба ин даъват мекунад, ки аҳли оташи сӯзон (-и ҷаҳаннам) бошанд.

7               Касоне, ки роҳи куфр пеш гирифатанд, барои онон азоби сахте аст ва касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, омурзиш ва подоши бузург аз они онҳост.

8               Оё касе, ки амали бадаш барои ӯ ороста шуда ва онро хуб ва зебо мебинад, (монанди касе аст, ки ҳақиқатро он чунон, ки ҳаст, меёбад?!). Худованд ҳар касро бихоҳад гумроҳ месозад ва ҳар касро бихоҳад ҳидоят мекунад, пас ҷонат ба хотири шиддати таассуф бар онон аз даст наравад, Худованд ба он чӣ анҷом медиҳанд, Доност.

9               Худованд касе аст, ки бодҳоро фиристод, то абрҳоеро ба ҳаракат дароваранд, сипас мо ин абрҳоро ба сӯи замини мурдае рондем ва ба василаи он, заминро пас аз мурданаш зинда мекунем, растохез низ ҳамин гуна аст.

10           Касе, ки хоҳони иззат аст, (бояд аз Худо бихоҳад, зеро) тамоми иззат барои Худост. Суханони покиза ба сӯи Ӯ боло меравад ва амали солеҳро боло мебарад. Ва онҳо, ки нақшаҳои бад мекашанд, азоби сахте барои онҳост ва макр (ва талоши ифсодгаронаи) онон нобуд мешавад (ва ба ҷое намерасад).

11           Худованд шуморо аз хоке офарид, сипас аз нутфае, сипас шуморо ба сурати завҷҳое қарор дод. Ҳеҷ ҷинси модае бордор намешавад ва вазъи ҳамл намекунад, магар ба илми Ӯ. Ва ҳеҷ кас умри дароз намекунад ё аз умраш каста намешавад, магар ин ки дар китоб (-и илми Худованд) сабт аст. Инҳо ҳама барои Худованд осон аст.

12           Ду дарё яксон нестанд: Ин яке дарёе аст, ки обаш гуворо ва ширин ва нӯшиданаш хушгувор аст ва он яке шӯру талх ва гулӯгир, (аммо) аз ҳар ду гӯшти тозае мехӯред ва василаҳои зинатӣ берун карда мепӯшед. Ва киштиҳоро дар он мебинӣ, ки обҳоро мешикофанд (ва ба сӯи мақсад пеш мераванд), то аз фазли Худованд баҳра гиред ва шояд шукр (-и неъматҳои Ӯро) ба ҷо оваред.

13           Ӯ шабро дар рӯз дохил мекунад ва рӯзро дар шаб. Ва хуршеду моҳро мусаххар (-и шумо) кардааст, ҳар як то саромади муайяне ба ҳаракати худ идома медиҳад. Ин аст Худованд, Парвардигори шумо, ҳокимият (дар саросари олам) аз они Ӯст. Ва касонеро, ки ҷуз Ӯ мехонед (ва мепарастед), ҳатто ба андозаи пӯсти нозуки донаи хурмо молик нестанд.

14           Агар онҳоро бихонед садои шуморо намешунаванд ва агар бишнаванд ба шумо ҷавоб намегӯянд. Ва рӯзи қиёмат, ширк (ва парастиши) шуморо мункир мешаванд ва ҳеҷ касе монанди (Худованди Огоҳ ва) Хабир туро (аз ҳақоиқ) бохабар намесозад.

15           Эй мардум! Шумо (ҳамагӣ) ниёзманд ба Худоед, танҳо Худованд аст, ки бениёз ва шоистаи ҳар гуна ҳамду ситоиш аст.

16           Агар бихоҳад шуморо мебарад ва халқи наве моварад.

17           Ва ин барои Худованд мушкил нест.

18           Ҳеҷ гунаҳкоре бори гуноҳи дигариро бар дӯш намекашад ва агар шахси вазнинборе дигариро барои ҳамли гуноҳи худ бихонад, чизе аз онро бар дӯш нахоҳад гирифт, ҳар чанд аз наздикони ӯ бошад. Ту фақат касонеро бим медиҳӣ, ки аз Парвардигори худ дар пинҳонӣ метарсанд ва намозро барпо медоранд. Ва ҳар кас покӣ (ва тақво) пеша кунад, натиҷаи он ба худаш бозмегардад ва бозгашт (-и ҳамагон) ба сӯи Худост.

19           Ва нобино ва бино ҳаргиз баробар нестанд,

20           Ва на зулматҳо ва равшаноӣ,

21           Ва на соя (-и оромбахш) ва боди доғу сӯзон.

22           Ва ҳаргиз мурдагону зиндагон яксон нестанд. Худованд паёми худро ба гӯши ҳар касе бихоҳад, мерасонад ва ту наметавонӣ сухани худро ба гӯши онон, ки дар гӯр хуфтаанд, бирасонӣ.

23           Ту фақат инзоркунандаӣ, (агар имон наоваранд, нороҳат набош, вазифаатро анҷом деҳ).

24           Мо туро ба ҳақ барои башорату инзор фиристодем ва ҳар уммате дар гузашта инзоркунандае доштааст.

25           Агар туро инкор кунанд, (аҷиб нест), касоне, ки пеш аз онон буданд, (низ пайғамбарони худро) инкор карданд, онҳо бо далелҳои равшан ва китобҳои панду мавъиза ва китобҳои осмонии равшангар (дар баргирандаи маорифу аҳком) ба суроғи онон омаданд, (аммо кӯрдилон имон наоварданд).

26           Сипас Ман кофиронро (баъд аз итмоми ҳуҷҷат) гирифтам (ва сахт муҷозот кардам), муҷозоти Ман нисбат ба онон чӣ гуна буд?!

27           Оё надидӣ Худованд аз осмон обе фиристод, ки ба василаи он меваҳои рангоранге (аз замин) берун сохтем ва аз кӯҳҳо низ (ба лутфи Парвардигор) ҷоддаҳое офаридашуда сафед ва сурх ва ба рангҳои гуногун ва гоҳ ба ранги комилан сиёҳ.

28           Ва аз инсонҳо ва ҷунбандагон ва чаҳорпоён анвое бо рангҳои мухталиф, (оре) ҳақиқат чунин аст. Аз миёни бандагони Худо, танҳо донишмандон аз Ӯ метарсанд, Худованд Тавоно ва Омурзанда аст.

29           Касоне, ки китоби илоҳиро тиловат мекунанд ва намозро барпо медоранд ва аз он чӣ ба онон рӯзӣ додаем, пинҳону ошкор бахшиш мекунанд, тиҷорати (пурсуд ва) безиёну бекасодеро умед доранд.

30           (Онҳо ин аъмоли солеҳро анҷом медиҳанд), то Худованд аҷру подоши комил ба онҳо диҳад ва аз фазлаш бар онҳо афзояд, ки Ӯ Омурзанда ва Шукргузор аст.

31           Ва он чӣ аз китоб ба ту ваҳй кардем, ҳақ аст ва тасдиқкунанда ва ҳамоҳанг бо китобҳои пеш аз он, Худованд нисбат ба бандагонаш Хабир ва Биност.

32           Сипас ин китоб (-и осмонӣ)-ро ба гурӯҳе аз бандагони баргузидаи худ ба мерос додем, (аммо) аз миёни онҳо гурӯҳе бар худ ситам карданд ва гурӯҳе миёнарав буданд ва гурӯҳе ба изни Худо дар некиҳо (аз ҳама) пешӣ гирифтанд. Ва ин, ҳамон фазилати бузург аст.

33           (Подоши онон) боғҳои ҷовидони биҳишт аст, ки дар он дохил мешаванд, дар ҳоле, ки бо дастбандҳое аз тилло ва марворид оростаанд ва либосашон дар он ҷо ҳарир аст.

34           Онҳо мегӯянд: «Ҳамд (ва ситоиш) барои Худованде аст, ки андӯҳро аз мо бартараф сохт, Парвардигори мо Омурзанда ва Сипосгузор аст.

35           Ҳамон касе, ки бо фазли худ моро дар ин сарои иқомат (-и ҷовидон) ҷой дод, ки на дар он ранҷе ба мо мерасад ва на сустӣ ва дармондагӣ.

36           Ва касоне, ки кофир шуданд, оташи дӯзах барои онҳост, ҳаргиз фармони маргашон содир намешавад, то бимиранд ва на чизе аз азобаш аз онон сабук карда мешавад. Ин гуна ҳар куфронкунандаеро кайфар медиҳем.

37           Онҳо дар дӯзах фарёд мезананд: «Парвардигоро! Моро берун кун, то амали солеҳе анҷом диҳем, ғайр аз он чӣ анҷом медодем». (Дар ҷавоб ба онон гуфта мешавад:) Оё шуморо ба андозае, ки ҳар кас аҳли тазаккур аст, дар он мутазаккир мешавад умр надодем. Ва инзоркунанда (-и илоҳӣ) ба суроғи шумо наомад?! Акнун бичашед, ки барои золимон ҳеҷ ёваре нест!

38           Худованд аз ғайби осмонҳо ва замин огоҳ аст ва он чиро дар даруни дилҳост, медонад.

39           Ӯст, ки шуморо ҷонишиноне дар замин қарор дод. Ҳар кас кофир шавад, куфри ӯ ба зиёни худаш хоҳад буд ва кофиронро куфрашон ҷуз хашму ғазаб дар назди Парвардигор чизе намеафзояд. Ва (низ) куфрашон ҷуз зиёну хусрон чизе бар онҳо изофа намекунад.

40           Бигӯ: «Ба ман хабар диҳед, ин маъбудонеро, ки ҷуз Худо мехонед, чӣ чизе аз заминро офаридаанд, ё ин ки ширкате дар (офариниш ва моликияти) осмонҳо доранд?! Ё ба онон китоб (-и осмоние) додаем ва далеле аз он барои (ширки) худ доранд?!». На, ҳеҷ як аз инҳо нест, золимон фақат ваъдаҳои дурӯғин ба якдигар медиҳанд.

41           Худованд осмонҳо ва заминро нигоҳ медорад, то аз низоми худ мунҳариф нашаванд ва ҳар гоҳ мунҳариф гарданд, касе ҷуз Ӯ наметавонад онҳоро нигоҳ дорад. Ӯ Бурдбор ва Омурзанда аст.

42           Онон бо ниҳояти таъкид ба Худо савганд хӯрданд, ки агар пайғамбари инзоркунандае ба суроғашон ояд, ҳидоят ёфтатарини умматҳо хоҳанд буд, аммо чун пайғамбаре барои онон омад, ҷуз гурез ва фосила гирифтан (аз ҳақ) чизе бар онҳо наафзуд.

43           Инҳо ҳама ба хотири истикбор дар замин ва найрангҳои бадашон буд, аммо ин найрангҳо танҳо доманҳои соҳибонашро мегирад. Оё онҳо чизе ҷуз суннати пешиниён ва (азобҳои дардноки онон)-ро интизор доранд?! Ҳаргиз барои суннати Худо табдиле нахоҳӣ ёфт ва ҳаргиз барои суннати илоҳӣ тағйире намеёбӣ.

44           Оё онон дар замин нагаштанд, то бибинанд, оқибати касоне, ки пеш аз онҳо буданд, чӣ гуна буд?! Ҳамонҳо, ки аз инҳо қавитар (ва нерӯмандтар) буданд, на чизе дар осмонҳо ва на чизе да замин аз доираи қудрати Ӯ берун нахоҳад рафт. Ӯ Доно ва Тавоност.

45           Агар Худованд мардумро ба сабаби корҳое, ки анҷом додаанд муҷозот кунад, ҷундбандаеро бар пушти замин боқӣ нахоҳад гузошт, вале (ба лутфаш) онҳоро то саромади муайяне таъхир меандозад (ва мӯҳлати ислоҳ медиҳад), аммо ҳангоме, ки аҷали онон фаро расад, (Худованд ҳар касро ба муқтазои амалаш ҷазо медиҳад). Ӯ нисбат ба бандагонаш биност (ва аз аъмолу ниятҳои ҳама огоҳ аст).

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить