Ин сура дар Макка нозил шуда ва 54 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1               Ҳамд (ва ситоиш) махсуси Худованде аст, ки тамоми он чӣ дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст. Ва (низ) ҳамд (ва ситоиш) барои Ӯст дар сарои охират ва Ӯ Ҳаким ва Огоҳ аст.

2               Он чӣ дар замин фурӯ меравад ва он чиро аз он бармеояд, медонад ва (ҳамчунин) он чӣ аз осмон нозил мешавад ва он чӣ бар он боло меравад. Ва Ӯ Меҳрубон ва Омурзанда аст.

3               Кофирон гуфтанд: «Қиёмат ҳаргиз ба суроғи мо нахоҳад омад». Бигӯ: «Оре, ба Парвардигорам савганд, ки ба суроғи шумо хоҳад омад, Худованде, ки аз ғайб огоҳ аст ва ба андозаи вазнинии заррае дар осмонҳо ва замин аз илми Ӯ дур нахоҳад монд ва на камтар аз он ва на бузургтар, магар ин ки дар китобе ошкор сабт аст».

4               То касонеро, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, подош диҳад. Барои онон мағфират ва рӯзии пурарзише аст.

5               Ва касоне, ки саъй дар ( инкори) оятҳои мо доштанд ва гумон карданд метавонанд аз доираи қудрати мо гурезанд, азоби бад ва дардноке хоҳанд дошт!

6               Касоне, ки ба онҳо илм дода шудааст, медонанд он чӣ аз сӯи Парвардигорат бар ту нозил шуда, ҳақ аст ва бар роҳи Худованди Азиз ва Ҳамид ҳидоят мекунад.

7               Ва кофирон гуфтанд: «Оё мардеро ба шумо нишон диҳем, ки ба шумо хабар медиҳад ҳангоме, ки (мурдед ва) сахт аз ҳам муталошӣ шудед, (бори дигар) офариниши наве хоҳед ёфт?!

8               Оё ӯ бар Худо дурӯғ баста ё ба навъе ҷунун гирифтор аст?!». (Чунин нест), балки касоне, ки ба охират имон намеоваранд, дар азоб ва гумроҳии дуре ҳастанд (ва нишонаи гумроҳии онҳо ҳамин инкори шадид аст).

9               Оё ба он чӣ пеши рӯ ва пушти сари онон аз осмону замин қарор дорад нигоҳ накарданд, (то ба қудрати Худо бар ҳама чиз воқиф шаванд?!). Агар мо бихоҳем, онҳоро (бо як заминларза) дар замин фурӯ мебарем ё қитъаҳое аз сангҳои осмониро бар онҳо фурӯ мерезем. Дар ин нишонае аст (бар қудрати Худо) барои ҳар бандаи тавбакор.

10           Ва мо ба Довуд аз сӯи худ фазилати бузурге бахшидем, (мо ба кӯҳҳо ва паррандагон гуфтем:) Эй кӯҳҳо ва эй паррандагон! Бо ӯ ҳамовоз шавед ва ҳамроҳи ӯ тасбеҳи Худо гӯед. Ва оҳанро барои ӯ нарм кардем.

11           (Ва ба ӯ гуфтем:) Зиреҳҳои комил ва фарох бисоз ва ҳалқаҳоро ба андоза ва мутаносиб кун. Ва амали солеҳ ба ҷо оваред, ки ман ба он чӣ анҷом медиҳед, бино ҳастам.

12           Ва барои Сулаймон бодро мусаххар сохтем, ки субҳгоҳон масири як моҳро мепаймуд ва асргоҳон масири як моҳро. Ва чашмаи мис (-и мазоб)-ро барои ӯ равон сохтем ва гурӯҳе аз ҷин пеши рӯи ӯ ба изни Парвардигораш кор мекарданд ва ҳар кадом аз онҳо, ки аз фармони мо сарпечӣ мекард, ӯро аз азоби оташи сӯзон мечашондем!

13           Онҳо ҳар чӣ Сулаймон мехост барояш дуруст мекарданд: Маъбадҳо, муҷассамаҳо, зарфҳои бузурги хӯрок монанди ҳавзҳо ва дегҳои собит, (ки аз бузургӣ қобили ҳамлу нақл набуд. Ва ба онон гуфтем:) Эй Оли Довуд! Шукр (-и ин ҳама неъматро) ба ҷо оваред, вале гурӯҳи каме аз бандагони ман шукргузоранд.

14           (Бо ин ҳама ҷалолу шукӯҳ Сулаймон) ҳангоме, ки маргро бар ӯ муқаррар доштем, касе онҳоро аз марги вай огоҳ насохт, магар ҷунбандаи замин (мӯриёна), ки асои ӯро мехӯрд, (то шикаст ва пайкари Сулаймон фурӯ афтод). Ҳангоме, ки бар замин афтод, ҷинниён фаҳмиданд, ки агар аз ғайб огоҳ буданд, дар азоби хоркунанда боқӣ намемонданд.

15           Барои қавми «Сабо» дар маҳалли сукунаташон нишонае (аз қудрати илоҳӣ) буд: Ду боғ (-и бузург ва густарда) аз росту чап (-и рудхонаи бузург, бо меваҳои фаровон. Ва ба онҳо гуфтем:) Аз рӯзии Парвардигоратон бихӯред ва шукри Ӯро ба ҷо оваред, шаҳри пок ва покизае аст ва Парвардигоре Омурзанда (ва Меҳрубон).

16           Аммо онҳо (аз Худо) рӯйгардон шуданд ва мо сели вайронгарро бар онон фиристодем ва ду боғи (пурбаракат)-ашонро ба ду боғ (-и беарзиш) бо меваҳои талх ва дарахтони шӯрагаз ва андаке дарахти сидр мубаддал сохтем.

17           Ин кайфарро ба хотири куфрашон ба онҳо додем. Ва оё ҷуз куфронкунандаро кайфар медиҳем?!

18           Ва миёни онҳо ва шаҳрҳое, ки баракат дода будем, ободиҳои ошкоре қарор додем ва сафар дар миёни онҳоро ба таври мутаносиб (бо фосилаи наздик) муқаррар доштем (ва ба онон гуфтем:) Шабҳо ва рӯзҳо дар ин ободиҳо бо эминӣ (-и комил) сафар кунед.

19           Вале (ин мардуми носипос) гуфтанд: «Парвардигоро! Миёни сафарҳои мо дурӣ афкан», (то бенавоён натавонанд дӯш ба дӯши ағниё сафар кунанд. Ва ба ин тариқ) онҳо ба худ ситам карданд ва мо ононро достонҳое (барои ибрати дигарон) қарор додем ва ҷамъияташонро муталошӣ сохтем. Дар ин ҳодиса, нишонаҳои ибрате барои ҳар собири шукргузор аст.

20           (Оре), ба яқин, Иблис гумони худро дар бораи онҳо муҳаққақ ёфт, ки ҳамагӣ аз ӯ пайравӣ карданд, ҷуз гурӯҳе андаке аз мӯъминон.

21           Ӯ султа бар онон надошт, ҷуз барои ин ки мӯъминони ба охиратро аз онҳо, ки дар шак ҳастанд, бозшиносем. Ва Парвардигори ту нигаҳбони ҳама чиз аст.

22           Бигӯ: «Касонеро, ки ғайр аз Худо (маъбуди худ) мепиндоред, бихонед! (Онҳо ҳаргиз гиреҳе аз кори шумо намекушоянд, зеро) онҳо ба андозаи заррае дар осмонҳо ва замин молик нестанд ва на дар (хилқат ва моликияти) онҳо шариканд ва на ёвари Ӯ (дар офариниш) буданд.

23           Ҳеҷ шафоате назди Ӯ, ҷуз барои касоне, ки изн дода шудаанд, суде надорад.(Дар он рӯз ҳама дар изтиробанд), то замоне, ки изтироб аз дилҳои онон зоил гардад (ва фармон аз ноҳияи Ӯ содир шавад, дар ин ҳангом муҷримон ба шафеон) мегӯянд: «Парвардигоратон чӣ дастуре додааст?». Мегӯянд: «Ҳақро (баён кард ва иҷозати шафоат дар бораи мустаҳиққон дод) ва Ӯст боломақом ва бузургмартаба».

24           Бигӯ: «Чӣ касе шуморо аз осмонҳо ва замин рӯзӣ медиҳад?». Бигӯ: «Аллоҳ! Ва мо ё шумо бар (тариқи) ҳидоят ё дар залолати ошкоре ҳастем».

25           Бигӯ: «Шумо за гуноҳе, ки мо кардаем савол нахоҳед шуд, (ҳамон гуна, ки) мо дар баробари аъмоли шумо масъул нестем».

26           Бигӯ: «Парвардигори мо ҳамаи моро ҷамъ мекунад, сипас дар миёни мо ба ҳақ доварӣ менамояд (ва сафҳои муҷримонро аз некӯкорон ҷудо месозад). Ва Ӯст довар (ва ҷудокунандаи) огоҳ».

27           Бигӯ: «Касонеро, ки ба унвони шарик ба Ӯ мулҳақ сохтаед ба ман нишон диҳед! Ҳаргиз чунин нест! (Ӯ шарик ва шабеҳе надорад), балки Ӯ Худованди Азиз ва Ҳаким аст.

28           Ва мо туро ҷуз барои ҳамаи мардум нафиристодем, то (онҳоро ба подошҳои илоҳӣ) башорат диҳӣ ва (аз озби Ӯ) битарсонӣ, вале бештари мардум намедонанд.

29           Мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ин ваъда (-и растохез) кай хоҳад буд?!».

30           Бигӯ: «Ваъдаи шумо рӯзе хоҳад буд, ки на соате аз он таъхир мекунед ва на (бар он) пешӣ хоҳед гирифт».

31           Кофирон гуфтанд: «Мо ҳаргиз ба ин Қуръон ва китобҳои дигаре, ки пеш аз он будааст, имон нахоҳем овард». Агар бибинӣ ҳангоме, ки ин ситамгарон дар пешгоҳи Парвардигорашон (барои ҳисобу ҷазо) нигаҳ дошта шудаанд, дар ҳоле, ки ҳар кадом гуноҳи худро ба гардани дигарӣ меандозанд, (аз вазъияти онҳо тааҷҷуб мекунӣ!). Мустазъафон ба мустакбирон мегӯянд: «Агар шумо набудед, мо мӯъмин будем».

32           (Аммо) мустакбирон ба мустазъафон ҷавоб медиҳанд: «Оё мо шуморо аз ҳидоят боздоштем, баъд аз он ки ба суроғи шумо омад (ва онро ба хубӣ дарёфтед?!). Балки шумо худ муҷрим будед».

33           Ва мустазъафон ба мустакбирон мегӯянд: «Васвасаҳои фиребкоронаи шумо дар шабу рӯз (сабаби гумроҳии мо шуд), ҳангоме, ки ба мо дастур медодед, ки ба Худованд кофир шавем ва ҳамтоёне барои Ӯ қарор диҳем». Ва онон ҳангоме, ки азоб (-и илоҳӣ)-ро мебинанд, пушаймонии худро пинҳон мекунанд, (то бештар расво нашаванд). Ва мо ғуллу занҷирҳо дар гардани кофирон мениҳем, оё ҷуз он чӣ амал мекарданд, ба онҳо ҷазо дода мешавад?!

34           Ва мо дар ҳеҷ шаҳру диёре пайғамбари бимдиҳандае нафиристодем, магар ин ки мутрифини онҳо, (ки масти нозу неъмат буданд), гуфтанд: «Мо ба он чӣ фиристода шудаед, кофирем».

35           Ва гуфтанд: «Амвол ва авлоди мо (аз ҳама) бештар аст (ва ин нишонаи алоқаи Худо ба мост). Ва мо ҳаргиз муҷозот нахоҳем шуд».

36           Бигӯ: «Парвардигори ман рӯзиро барои ҳар кас бихоҳад васеъ ё танг мекунад, (ин вобастагӣ ба қурб дар даргоҳи Ӯ надорад), вале бештари мардум намедонанд».

37           Амвол ва фарзандонатон ҳаргиз шуморо назди мо муқарраб намесозад, ҷуз касоне, ки имон оваранд ва амали солеҳе анҷом диҳанд, ки барои онон подоши музоаф дар баробари корҳое аст, ки анҷом додаанд ва онҳо дар ҳуҷраҳои (биҳиштӣ) дар (ниҳояти) амният хоҳанд буд.

38           Ва касоне, ки барои инокр ва ибтоли оятҳои мо талош мекунанд ва мепиндоранд аз чанги қудрати мо гурез хоҳанд кард, дар азоб (-и илоҳӣ) ҳозир мешаванд.

39           Бигӯ: «Парвардигорам рӯзиро барои ҳар кас бихоҳад вусъат мебахшад ва барои ҳар кас бихоҳад танг (ва маҳдуд) месозад ва ҳар чизеро (дар роҳи Ӯ) инфоқ кунед, ивази онро медиҳад (ва ҷои онро пур мекунад). Ва Ӯ беҳтарини рӯзидиҳандагон аст».

40           (Ба хотир овар) рӯзеро, ки Худованд ҳамаи ононро бармеангезад, сипас ба фариштагон мегӯяд: «Оё инҳо шуморо парастиш мекарданд?!».

41           Онҳо мегӯянд: «Муназзаҳӣ (аз ин ки ҳамтое дошта бошӣ!). Танҳо Ту сарпарасти мо ҳастӣ, на онҳо, (онҳо моро парастиш намекарданд), балки ҷинро парастиш менамуданд ва аксарашон ба онҳо имон доштанд».

42           (Оре), имрӯз ҳеҷ як аз шумо нисбат ба дигарӣ молики суду зиёне нест. Ва ба золимон мегӯем: «Бичашед азоби оташеро, ки инкор мекардед!».

43           Ва ҳангоме, ки оятҳои равшангари мо бар онон хонда мешавад, мегӯянд: «Ӯ фақат марде аст, ки мехоҳад шуморо аз он чӣ падаронатон мепарастиданд, боздорад». Ва мегӯянд: «Ин ҷуз дурӯғи бузурге, ки (ба Худо) нисбат дода шуда, чизи дигаре нест». Ва кофирон ҳангоме, ки ҳақ ба суроғашон омад, гуфтанд: «Ин, ҷуз афсуни ошкоре нест».

44           Мо (пеш аз он) чизе аз китобҳои осмониро ба онон надодаем, ки онро бихонанд (ва ба такяи бар он суханони туро инкор кунанд). Ва пеш аз ту ҳеҷ бимдиҳандае (пайғамбаре) барои онон нафиристодем.

45           Касоне, ки пеш аз онон буданд (низ оятҳои илоҳиро) инкор карданд, дар ҳоле, ки инҳо ба як даҳуми он чӣ ба онон додем, намерасанд. (Оре), онҳо расулони маро инкор карданд, пас (бибин) муҷозоти Ман (нисбат ба онҳо) чӣ гуна буд!

46           Бигӯ: «Шуморо танҳо ба як чиз андарз медиҳам ва он ин ки: Ду нафар ду нафар ё як нафар як нафар барои Худо қиём кунед, сипас бияндешед ин дӯсту ҳамнишини шумо (Муҳаммад) ҳеҷ гуна девонагие надорад. Ӯ фақат бимдиҳандаи шумо дар баробари азоби шадид (-и илоҳӣ) аст!».

47           Бигӯ: «Ҳар аҷру подоше аз шумо хостаам барои худи шумост, аҷри ман танҳо бар Худованд аст ва Ӯ бар ҳама чиз гувоҳ аст».

48           Бигӯ: «Парвардигори ман ҳақро (бар дили пайғамбарони худ) меафканад, ки Ӯ донои ғайбҳо (ва асрори пинҳон) аст».

49           Бигӯ: «Ҳақ омад! Ва ботил наметавонад оғозгари чизе бошад ва на таҷдидкунандаи он».

50           Бигӯ: «Агар ман гумроҳ шавам, аз ноҳияи худ гумроҳ мешавам ва агар ҳидоят ёбам, ба василаи он чӣ Парвардигорам ба ман ваҳй мекунад, ҳидоят меёбам. Ӯ Шунавои наздик аст».

51           Агар бибинӣ ҳангоме, ки фарёдашон баланд мешавад, аммо наметавонанд (аз азоби илоҳӣ) гурезанд ва онҳоро аз ҷои наздике, (ки ҳатто интизорашро надоранд) мегиранд, (аз дармондагии онҳо ҳайрат хоҳӣ кард!).

52           Ва (дар он ҳол) мегӯянд: «Ба ҳақ имон овардем», вале чӣ гуна метавонанд аз фосилаи дур ба он дастрасӣ пайдо кунанд?!

53           Онҳо пеш аз ин, (ки дар ниҳояти озодӣ буданд), ба он кофир шуданд ва дуро-дур ва ғоибона (ва беогоҳӣ) нисбатҳои нораво медоданд.

54           (Саранҷом) миёни онҳо ва хостаҳояшон ҷудоӣ афканда шуд, ҳамон гуна, ки бо пайравон (ва ҳаммаслакони) онҳо аз пеш амал шуд, зеро онҳо дар шакку тардид буданд.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить