Ин сура дар Макка нозил шуда ва 30 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1               Алиф,Лом, Мим.

2               Ин китобе аст, ки аз сӯи Парвардигори ҷаҳониён нозил шуда ва шакку тардиде дар он нест.

3               Вале онон мегӯянд: «(Муҳаммад) онро ба дурӯғ ба Худо нисбат додааст», аммо ин сухани ҳаққе аст аз сӯи Парвардигорат, то гурӯҳеро инзор кунӣ, ки пеш аз ту ҳеҷ инзоркунандае барои онон наомадааст, шояд (панд гиранд ва) ҳидоят шаванд.

4               Худованд касе аст, ки осмонҳо ва замин ва он чиро миёни ин ду аст, дар шаш рӯз (шаш даврон) офарид, сипас бар Арш (қудрат) қарор гирифт. Ҳеҷ сарпараст ва шафоаткунандае барои шумо ҷуз Ӯ нест, оё мутазаккир намешавед?!

5               Корҳои ин ҷаҳонро аз осмон ба сӯи замин тадбир мекунад, сипас дар рӯзе, ки миқдори он ҳазор сол аз солҳое аст, ки шумо мешуморед, ба сӯи Ӯ боло меравад (ва дунё поён меёбад).

6               Ӯ (Худованде аст, ки) аз пинҳону ошкор бохабар аст ва шикастнопазир ва Меҳрубон аст.

7               Ӯ ҳамон касе аст, ки ҳар чиро офарид, некӯ офарид. Ва офариниши инсонро аз гил оғоз кард.

8               Сипас насли ӯро аз усорае аз оби ночиз ва беқадр офарид.

9               Сипас (андоми) ӯро мавзун сохт ва аз рӯҳи худ дар вай дамид. Ва барои шумо гӯшу чашмҳо ва дилҳо қарор дод, аммо камтар шукри неъматҳои Ӯро ба ҷо меоваред.

10           Онҳо гуфтанд: «Оё ҳангоме, ки мо (мурдем ва) дар замин гум шудем, офариниши наве хоҳем дошт?!», вале онон лиқои Парвардигорро инкор мекунанд (ва мехоҳанд бо инкори маод, озодона ба ҳавасронии худ идома диҳанд).

11           Бигӯ: «Фариштаи марг, ки бар шумо маъмур шудааст, (рӯҳи) шуморо мегирад, сипас шуморо ба сӯи Парвардигоратон боз мегардонанд».

12           Ва агар бибинӣ муҷримонро ҳангоме, ки дар пешгоҳи Парвардигорашон сар ба зер афканда мегӯянд: «Парвардигоро! Он чӣ ваъда карда будӣ, дидем ва шунидем, моро бозгардон, то кори шоистае анҷом диҳем,мо (ба қиёмат) яқин дорем».

13           Ва агар мехостем ба ҳар инсоне ҳидояти лозимашро (аз рӯи иҷбор бидиҳем), медодем, вале (ман онҳоро озод гузоштаам ва) сухан ва ваъдаам ҳақ аст, ки дӯзахро (аз ашхоси беимону гунаҳкор) аз ҷинну инс ҳамагӣ пур кунам!

14           (Ва ба онҳо мегӯям:) Бичашед (азоби ҷаҳаннамро!) Ба хотири ин ки дидори имрӯзатонро фаромӯш кардед, мо низ шуморо фаромӯш кардем. Ва бичашед азоби ҷовидонаро ба хотири аъмоле, ки анҷом медодед!

15           Танҳо касоне ба оятҳои мо имон меоварданд, ки ҳар вақт ин оятҳо ба онон ёдоварӣ шавад, ба саҷда меафтанд ва тасбеҳ ва ҳамди Парвардигорашонро ба ҷо меоваранд ва татакаббур намекунанд.

16           Паҳлӯҳояшон аз бистарҳо дар дили шаб дур мешавад (ва ба по мехезанд ва рӯ ба даргоҳи Худо мераванд) ва Парвардигори худро бо хавфу умед мехонанд ва аз он чӣ ба онон рӯзӣ додаем, инфоқ мекунанд.

17           Ҳеҷ кас намедонад чӣ подошҳои муҳимме, ки сабаби равшании чашмҳост, барои онҳо нуҳуфта шудааст, ин подоши корҳое аст, ки анҷом медоданд.

18           Оё касе, ки бо имон бошад, ҳамчун касе аст, ки фосиқ аст?! На, ҳаргиз ин ду баробар нестанд.

19           Аммо касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, боғҳои биҳишти ҷовидон аз они онҳо хоҳад буд, ин василаи пазироӣ (-и Худованд) аз онҳост ба подоши он чӣ анҷом медоданд.

20           Ва аммо касоне, ки фосиқ шуданд (ва аз итоати Худо саркашӣ карданд), ҷойгоҳи ҳамешагии онҳо оташ аст. Ҳар замон бихоҳанд аз он хориҷ шаванд, онҳоро ба он боз мегардонанд ва ба онон гуфта мешавад: «Бичашед азоби оатшеро, ки инкор мекардед!».

21           Ба онон аз азоби наздик (азоби ин дунё) пеш аз азоби бузург (-и охират) мечашонем, шояд бозгарданд.

22           Чӣ касе ситамкортар аст аз он кас, ки оятҳои Парвардигораш ба ӯ ёдоварӣ шуда ва ӯ аз он рӯйгардондааст?! Ҳатман мо аз муҷримон интиқом хоҳем гирифт.

23           Мо ба Мӯсо китоби осмонӣ додем. Ва шак надошта бош, ки ӯ оятҳои илоҳиро дарёфт дошт. Ва мо онро василаи ҳидояти Банӣ Исроил қарор додем.

24           Ва аз онон имомон (ва пешвоёне) қарор додем, ки ба фармони мо (мардумро) ҳидоят мекарданд, чун шакебоӣ намуданд ва ба оятҳои мо яқин доштанд.

25           Албатта Парвардигори ту миёни онон рӯзи қиёмат дар он чӣ ихтилоф доштанд, доварӣ мекунад (ва ҳар касро ба сазои аъмолаш мерасонад).

26           Оё барои ҳидояти онҳо ҳамин кифоят намекунад, ки наслҳои зиёдеро, ки пеш аз онон зиндагӣ доштанд, ҳалок кардем?! Инҳо дар масканҳои (вайроншудаи) онон роҳ мераванд. Дар ин нишонаҳое аст (аз қудрати Худованд ва муҷозоти дардноки муҷримон), оё намешунаванд?!

27           Оё надиданд, ки мо обро ба сӯи заминҳои хушк меронем ва ба василаи он, зироатҳое мерӯёнем, ки ҳам чаҳорпоёнашон аз он мехӯранд ва ҳам худашон тағзия мекунанд, оё намебинанд?!

28           Онон мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ин пирӯзии шумо кай хоҳад буд?!».

29           Бигӯ: «Рӯзи пирӯзӣ, имон овардан, суде ба ҳоли кофирон нахоҳад дошт ва ба онҳо ҳеҷ мӯҳлат дода намешавад».

30           Ҳол, ки чунин аст, аз онҳо рӯй бигардон ва мунтазир бош, онҳо низ мунтазиранд. (Ту дар интизори раҳмати Худо ва онҳо ҳам дар интизори азоби Ӯ!).

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить