Ин сура дар Макка нозил шуда ва 60 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1              Алиф,Лом, Мим.

2              Румиён мағлуб шуданд.

3              (Ва ин шикаст) дар сарзамини наздике рух дод, аммо онон пас аз (ин) мағлубият ба зудӣ ғалаба хоҳанд кард,

4              Дар чанд сол. Ҳамаи корҳо аз они Худост, чӣ пеш ва чӣ баъд (аз ин шикаст ва пирӯзӣ). Ва дар он рӯз мӯъминон (ба хотири пирӯзии дигаре) хушҳол хоҳанд шуд,

5              Ба сабаби ёрии Худованд. Ва Ӯ ҳар касро бихоҳад ёрӣ медиҳад ва Ӯ соҳиби қудрат ва Раҳим аст.

6              Ин ваъдае аст, ки Худо карда ва Худованд ҳаргиз аз ваъдааш тахаллуф намекунад, вале бештари мардум намедонанд.

7              Онҳо фақат зоҳире аз зиндагии дунёро медонанд ва аз охират (ва поёни кор) ғофиланд.

8              Оё онон бо худ наандешиданд, ки Худованд, осмонҳо ва замин ва он чиро миёни он ду аст, ҷуз ба ҳақ ва барои замони муайяне наофаридааст?! Вале бисёре аз мардум (растохез ва) лиқои Парвардигорашонро мункиранд.

9              Оё дар замин гардиш накарданд, то бибинанд оқибати касоне, ки пеш аз онон буданд, чӣ гуна буд?! Онҳо нерӯмандтар аз инҳо буданд ва заминро (барои зироату ободӣ) беш аз инҳо дигаргун сохтанд ва обод карданд. Ва пайғамбаронашон бо далелҳои равшан ба суроғашон омаданд, (аммо онҳо инкор карданд ва кайфари худро диданд). Худовандҳаргиз ба онон ситам накард, онҳо ба худашон ситам мекарданд.

10         Сипас саранҷоми касоне, ки аъмоли бад муртакиб шуданд, ба ҷое расид, ки оятҳои Худоро инкор карданд ва онро ба масхара гирифтанд.

11         Худованд офаринишро оғоз мекунад, сипас онро бозмеградонад, сипас шуморо ба сӯи Ӯ бозмегардонанд.

12         Он рӯз, ки қиёмат барпо мешавад, муҷримон дар ноумедӣ ва ғаму андӯҳ фурӯ мераванд.

13         Ва барои онон шафеоне аз маъбудонашон нахоҳад буд ва нисбат ба маъбудҳое, ки онҳоро ҳамтои Худо қарор дода буданд, кофир мешаванд.

14         Он рӯз, ки қиёмат барпо мегардад, (мардум) аз ҳам ҷудо мешаванд.

15         Аммо онон, ки имон оварда ва аъмоли солеҳ анҷом доданд, дар боғе аз биҳишт шоду масрур хоҳанд буд.

16         Ва аммо онон, ки ба оятҳои мо ва лиқои охират кофир шуданд, дар азоби илоҳӣ ҳозир карда мешаванд.

17         Муназзаҳ аст Худованд, дар ҳангоме, ки шом мекунед ва субҳ мекунед.

18         Ва ҳамду ситоиш махсуси Ӯст дар осмон ва замин ва дар ҳангоми аср ва ҳангоме, ки зуҳр мекунед.

19         Ӯ зиндаро аз мурда берун меоварад ва мурдаро аз зинда. Ва заминро пас аз мурданаш ҳаёт мебахшад ва ба ҳамин гуна рӯзи қиёмат (аз гӯрҳо) берун оварда мешавед.

20         Аз нишонаҳои Ӯ ин аст, ки шуморо аз хок офарид, сипас паногоҳи инсонҳое шудед ва дар рӯи замин густариш ёфтед!

21         Ва аз нишонаҳои Ӯ ин ки ҳамсароне аз ҷинси худатон барои шумо офарид, то дар канори онон оромиш ёбед ва дар миёнатон маваддат ва раҳмат қарор дод, дар ин нишонаҳое аст барои гурӯҳе, ки тафаккур мекунанд.

22         Ва аз оятҳои Ӯ офариниши осмонҳо ва замин ва тафовути забонҳо ва рангҳои шумост. Дар ин нишонаҳое аст барои олимон.

23         Ва аз нишонаҳои Ӯ хоби шумо дар шабу рӯз аст ва талошу кӯшишатон барои баҳрагирӣ аз фазли Парвардигор (ва таъмини маош). Дар ин корҳо нишонаҳое аст барои онон, ки гӯши шунаво доранд.

24         Ва аз оятҳои Ӯ ин аст, ки барқ (ва раъд)-ро ба шумо нишон медиҳад, ки ҳам сабаби тарс ва ҳам умед аст. (Тарс аз соиқа ва умед ба нузули борон). Ва аз осмон обе мефиристад, ки заминро баъд аз мурданаш ба василаи он зинда мекунад, дар ин нишонаҳое аст барои ҷамъияте, ки меандешанд.

25         Ва аз оятҳои Ӯ ин аст, ки осмону замин ба фармони Ӯ барпост, сипас ҳангоме, ки шуморо (дар қиёмат) аз замин фаро хонад, ногаҳон ҳама хориҷ мешавед (ва дар саҳнаи маҳшар ҳузур меёбед!).

26         Ва аз они ӯст тамоми касоне, ки дар осмонҳо ва заминанд ва ҳамагӣ дар баробари Ӯ хозеъ ва мутеанд.

27         Ӯ касе аст, ки офаринишро оғоз мекунад, сипас онро бозмегардонад. Ва ин кор барои Ӯ осонтарин мебошад. Ва барои ӯст тавсифи бартар дар осмонҳо ва замин ва ӯст Тавонманд ва Ҳаким.

28         Худованд мисоле аз худатон, барои шумо задааст: Оё (агар мамлук ва бардае дошта бошед), ин бардаҳои шумо ҳаргиз дар рӯзиҳое, ки ба шумо додаем шарики шумо мебошанд, он чунон, ки ҳар ду баробар буда ва аз масрафи мустақил ва беиҷозаи онон хавф дошта бошед, он гуна, ки дар мавриди (шарикони озоди) худ хавф доред?! Ин чунин оятҳои худро барои касоне, ки тааққул мекунанд, шарҳ медиҳем.

29         Вале золимон беилму огоҳи аз ҳавою ҳавасҳои худ пайравӣ карданд. Пас чӣ касе метавонад ононро, ки Худо гумроҳ кардааст, ҳидоят кунад?! Ва барои онҳо ҳеҷ ёваре нахоад буд.

30         Пас рӯи худро мутаваҷҷеҳи оини холиси Парвардигор кун. Ин фитрате аст, ки Худованд, инсонҳоро бар он офаридааст. Дигаргунӣ дар офариниши илоҳӣ нест. Ин оини устувор аст, вале аксари мардум намедонанд.

31         Ин бояд дар ҳоле бошад, ки шумо ба сӯи Ӯ бозгашт мекунед ва аз (мухолифати фармони) Ӯ бипарҳезед, намозро барпо доред ва аз мушрикон набошед,

32         Аз касоне, ки дини худро пароканда сохтанд ва ба дастаҳо ва гурӯҳҳо тақсим шуданд ва (аҷиб ин ки) ҳар гурӯҳе ба он чӣ назди онҳост, (дилбаста ва) хушҳоланд!

33         Ҳангоме, ки ранҷу зиёне ба мардум бирасад, Парвардигори худро мехонанд ва тавбакунон ба сӯи Ӯ бозмегарданд, аммо ҳамин, ки раҳмате аз худаш ба онон бичашонад, баногоҳ гурӯҳе аз онон нисбат ба Парвардигорашон мушрик мешаванд.

34         (Бугзор) неъматҳоеро, ки мо ба онҳо додаем куфрон кунанд! Ва (аз неъматҳои зудгузари дунё ҳар чӣ метавонед), баҳра гиред, аммо ба зудӣ хоҳед донист, (ки натиҷаи куфрон ва комҷӯиҳои беҳисоби шумо чӣ будааст!).

35         Оё мо далели маҳкаме бар онон фиристодем, ки аз ширкашон сухан мегӯяд (ва онро муваҷҷаҳ мешуморад?!).

36         Ва ҳангоме, ки раҳмате ба мардум бичашонем, аз он хушҳол мешаванд ва ҳар гоҳ ранҷу мусибате ба хотири аъмоле, ки анҷом додаанд ба онон расад, ногаҳон маъюс мешаванд.

37         Оё надиданд, ки Худованд рӯзиро барои ҳар кас бихоҳад густарда ё танг месозад?! Дар ин нишонаҳое аст барои гурӯҳе, ки имон меоваранд.

38         Пас ҳаққи наздикон ва мискинон ва дар роҳмондагонро адо кун. Ин барои онҳо, ки ризои Худоро металабанд беҳтар аст ва чунин касоне растагоронанд.

39         Ончӣ ба унвони рибо мепардозед, то дар амволи мардум фузунӣ ёбад, назди Худо фузунӣ нахоҳад ёфт. Ва ончиро ба унвони закот мепардозед ва танҳо ризои Худоро металабед, (сабаби баракат аст ва) касоне, ки чунин мекунанд подоши музоаф доранд.

40         Худованд ҳамон касе аст, ки шуморо офарид, сипас рӯзӣ дод, баъд мемиронад, сипас зинда мекунад. Оё ҳеҷ як аз ҳамтоёне, ки барои Худо қарор додаед, чизе аз ин корҳоро метавонанд анҷом диҳанд?! Ӯ муназзаҳ ва бартар аст аз он чӣ ҳамтои Ӯ қарор медиҳанд.

41         Фасод, дар хушкиву дарё ба хотири корҳое, ки мардум анҷом додаанд, ошкор шудааст, Худо мехоҳад натиҷаи баъзе аз аъмолашонро ба онон бичашонад, шояд (ба сӯи ҳақ) бозгарданд.

42         Бигӯ: «Дар замин сайр кунед ва бингаред оқибати касоне, ки пеш аз шумо буданд, чӣ гуна буд! Бештари онҳо мушрик буданд.

43         Рӯи худро ба сӯи оини росту пойдор бидор, пеш аз он ки рӯзе фаро расад, ки ҳеҷ кас наметавонад онро аз Худо бозгардонад. Дар он рӯз мардум ба гурӯҳҳое тақсим мешаванд:

44         Ҳар кас кофир шавад, куфраш бар зиёни худи ӯст. Ва онҳо, ки кори шоиста анҷом диҳанд, ба суди худашон омода месозанд.

45         Ин барои он аст, ки Худованд касонеро, ки имон оварда ва аъмоли солеҳ анҷом додаанд, аз фазлаш подош диҳад. Ӯ кофиронро дӯст намедорад.

46         Ва аз нишонаҳои (бузурги) Худо ин аст, ки бодҳоро ба унвони башоратгароне мефиристад, то шуморо аз раҳматаш бичашонад (ва сероб кунад) ва киштиҳо ба фармонаш ҳаракат кунанд ва аз фазли Ӯ баҳра гиред, шояд шукргузорӣ кунед.

47         Ва пеш аз ту пайғамбаронеро ба сӯи қавмашон фиристодем. Онҳо бо далелҳои равшан ба суроғи қавми худ рафтанд, вале (ҳангоме, ки андарзҳо суде надод), аз муҷримон интиқом гирифтем (ва мӯъминонро ёрӣ кардем). Ва ёрии мӯъминон, ҳамвора ҳаққе бар ӯҳдаи мост.

48         Худованд ҳамон касе аст, ки боҳоро мефиристад, то абрҳоеро ба ҳаракат дароваранд, сипас онҳоро дар паҳнаи осмон он гуна, ки бихоҳад, мегустаронад ва мутароким месозад, дар ин ҳангом донаҳои боронро мебинӣ, ки аз лобалои он хориҷ мешавад. Ҳангоме, ки ин (борони ҳаётбахш)-ро ба ҳар кас аз бандагонаш, ки бихоҳад бирасонад, ногаҳон хушҳол мешаванд.

49         Ва қатъан пеш аз он ки бар онон нозил шавад, маъюс буданд.

50         Ба осори раҳмати илоҳӣ бинигар, ки чӣ гуна заминро баъд аз мурданаш зинда мекунад. Чунин касе, (ки замини мурдаро зинда кард), зиндакунандаи мурдагон (дар қиёмат) аст. Ва Ӯ бар ҳама чиз Тавоност.

51         Ва агар мо боде бифиристем (доғу сӯзон) ва бар асари он зироат ва боғи худро зарду пажмурда бибинанд, (маъюс шуда ва) пас аз он роҳи куфрон пеш мегиарнд.

52         Ту наметавонӣ садои худро ба гӯши мурдагон бирасонӣ. Ва на суханатро ба гӯши карон ҳангоме, ки рӯй баргардонанд ва дур шаванд.

53         Ва (низ) наметавонӣ нобиноёнро аз гумроҳияшон ҳидоят кунӣ, ту танҳо суханатро ба гӯши касоне мерасонӣ, ки имон ба оятҳои мо меоваранд ва дар баробари ҳақ таслиманд.

54         Худо ҳамон касе аст, ки шуморо офарид, дар ҳоле, ки заиф будед, сипас баъд аз нотавонӣ, қувват бахшид ва боз баъд аз қувват, заъфу пирӣ қарор дод. Ӯ ҳар чӣ бихоҳад меофаринад ва Доно ва Тавоност.

55         Ва рӯзе, ки қиёмат барпо шавад, муҷримон савганд ёд мекунанд, ки ҷуз соате (дар олами барзах) даранг накарданд! Ин чунин аз дарки ҳақиқат бозгардонада мешаванд.

56         Вале касоне, ки илму имон ба онон дода шудааст, мегӯянд: «Шумо ба фармони Худо то рӯзи қиёмат (дар олами барзах) даранг кардед ва акнун рӯзи растохез аст, аммо шумо намедонистед».

57         Он рӯз узрхоҳии золимон суде ба ҳолашон надорад ва тавбаи онон пазируфта намешавад.

58         Мо барои мардум дар ин Қуръон аз ҳар гуна мисолу матлабе баён кардем ва агар ояте барои онон биёварӣ, кофирон мегӯянд: «Шумо аҳли ботилед (ва инҳо сеҳру ҷодуст)».

59         Ин гуна Худованд бар дилҳои онон, ки огоҳӣ надоранд, мӯҳр мениҳад.

60         Акнун, ки чунин аст, сабр пеша кун, ки ваъдаи Худо ҳақ аст ва ҳаргиз касоне, ки имон надоранд, туро хашмгин насозанд (ва аз роҳ мунҳариф накунанд!).

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить