Печать
Категория: Ҳуқуқи хонавода

Ҳеҷ пайғамбаре бидуни модар ба дунё наёмада аст. Паёмбари бидуни падар дорем, ки ҳазрати Исо (а) мебошанд вале паёмбаре, ки домани пурмеҳру муҳуббати модарро надида бошад, надорем. Пайғамбаронамон дар домани модар, рушд ва тарбият шудаанд.

Зан бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигари худ чархи торихи башариятро ҳаракат медиҳад.

Агар ба ҷавҳар ва фаҳми куллии масъалаи зан назар биандозем ба ин хоҳем расид, ки зан дар хонавода аз чаҳор ҳолати асоси холи нест: зан ё модар аст, ё хоҳар аст ё духтар аст ва ё ҳамсар аст, ки дар мавриди ҳаркадом аз ин ҳолатҳо дини муқаддас раҳнамуд ва ҳидояти хосси худро барои гиромидошт аз мақом ва манзилати зан барои пайравони худ содир намуда аст.

Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад(с)дар мавриди мақом ва манзилати модар мефармояд:

«  بر  الو الدين أفضل  من الصلاة  والصداقة  والصوم  والحج  والعمرة  والجهاد  فى  سبيل الله  »

"Фазилат ва савоби неки ва эҳсон ва хидмат дар ҳаққи падар ва модар бештар аз намоз, закот, руза, ҳаҷ, умра ва ҷиҳод дар роҳи Худованди Мутаол аст".

Ва боз мефармояд:

«  بر أمك وأباك  وأختك  و أخاك ، ثم أدناك فأدناك »

"Бо модар ва падарат, бо хоҳару бародарат некӣ кун сипас ба тартиб ҳаркасеро ки наздиктар аст мавриди муҳаббат ва эҳсон ва некӣ худ қарор деҳ".

Дини муқаддаси Ислом хилқати зан ва мардро яке дониста батавре ки Қуръон дар ин амр таъкид карда мефармояд:

«  خلقكم من نفس واحدة »

"Мард ва занро аз нафси воҳиде халқ намудаам".[1]

Дини муқаддаси Ислом дар тафовут бо дигар адён ва мазоҳиб, ки занро монанди Шайтон ва рондашуда аз раҳмати парвардигори илоҳӣ медонистанд, ба зан ва мақоми он ҳайсияти бузурге қоил буда ва муътақид аст ки: Зан як инсони воқии аст ва аз як ҷуфт инсони нар ва мода ба дунё омада аст ва хислатҳои зотии инсонро дорад ва дар мафҳуми инсоният мард бар зан имтиёзе надорад.

Худованд мефармояд:

« يا ايها الناس إنا خلقناكم من ذكر  وانثى  وجعلناكم  شعوبٱ  وقبايل لتعارفوا  ان اكرامكم  عند الله  اتقاكم  »

"Эй мардум мо ҳамаи шуморо аз зан ва мард офаридем ва онгоҳ шуъбаҳои бисёр ва фирақи мухталиф гардонидем, то бидонед, ки асл ва насаб мояи ифтихор нест балки бузургвортарини шумо

назди Худо касе аст, ки ботақвотар бошад.

Паёмбари Ислом(с) якҳазору чаҳорсадсол қабл эълом дошт:

« الناس كلهم  سواء كا سنان  المشط »

"Мардум(мард ва зан) монанди дандонаҳои шона боҳам баробаранд. Ва ҳеҷгуна тафовуте байнашон вуҷуд надорад.

Аминуддин Саидӣ.



[1] .Нисо, ояи 124.