بِِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيم

رَبِّ إِنِّي ظَلَمْتُ نَفْسِي وَأَسْلَمْتُ مَعَ سُلَيْمَانَ لِلَّهِ رَبِّالْعَالَمِينَ[1]

Раббӣ иннӣ заламту нафсӣ ва асламту маъа Сулаймона лиллоҳи раббил оламин

Парвардигоро! Ман ба худам зулм кардаам ва акнун ҳамроҳи Сулаймон дар баробари Парвардигори ҷаҳониён сари таслим фуруд овардаам.

Пас онгаҳ Билқис он ҳақпараст

Бигуфто каломе зи ботил бираст

Ситам кардаам Кирдигорро ба хеш

Кунун роҳи тоат бигирам ба пеш

Кунун бо Сулаймон, ки бошад Расул

Намудам Худои ҷаҳонро қабул

Паёмҳо

  1. Пазируфтани ҳақ нишонаи озодагӣ аст.
  2. Вобастагӣ ва дилбастагӣ ба ғайри Худо ва парастиши ғайри ӯ-ҳар кас ва ҳарчи бошад –зулм аст.
  3. Тавбаи воқеӣ он аст, ки гузаштаҳоро бо иқрор ҷуброн кунем ва роҳи ояндаро бо чароғи ҳидояти илоҳӣ тай кунем.
  4. Доштани ном, нон, унвон ва атрофиён дар қабули ҳақ ва тағйири ақида шуморо асир накунад.
  5. Имон таслим холиқ шудан аст на дар баробари халқ ҳарчанд он Сулаймон бошад.
  6. Имони ҳамроҳи Анбиё ва авлиё инсонро суғурта мекунад.
  7. Ҳадафи ҳукумати Анбиё даъват ба сӯи Худо аст на кишваркушоӣ. Маликаи Сабаъ низ ин ҳақиқатро фаҳмид.

 

 



[1]Намл 44

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить