Равиши ташвиқ ва танбеҳ, роҳи муносиб дар барангехтани инсон ба сӯи хайру салоҳ ва боздоштани одамӣ аз шарру фасод аст. Ва чунон чи ин равиш ба дурустӣ ва бар асоси одоби он ба кор гирифта шавад, нақши муассир ва муфид дар тарбияту созандагии шахсияти инсон дорад.

Ташвиқ

Ҳамаи инсонҳо ҳатто бузургсолон то охири умр ниёз ба ташвиқ доранд. Ташвиқ, сабаби рағбату дилгармӣ ва нишоту ҳаракат мешавад ва инсонро ба ҷиддият водор мекунад. Инсоне, ки мавриди ташвиқ қарор мегирад, эҳсоси оромиш, ризояти хотир ва эътимод ба нафс мекунад, чун инсон фитратан толиби камоли мутлақ ва инзиҷор(дурӣ) аз нақс аст, ки майл ба камолоту некӣ ва ташвиқу қадрдонӣ дорад. Ва агар нисбат ба талоши ӯ дар ба дастовардани камолот беэътиноӣ шавад сабаби кам шудани ангеза ва дилсардиаш мегардад. Ҳазрати Алӣ(а) дар ин бора ба Молики Аштар чунин сафориш мекунад:

وَ واصِل فِی حُسنِ الثَّناءِ عَلیهِم وَ تَعدیدِ ما أبلَی ذَوُو البَلاءِ مِنهُم. فَانَّ کَثرَة الذِّکرِ الحُسنِ افعالِهِم تهزُّ الشُّجاعَ و تُحرِّضُ النَّاکِلَ ان شاءالله.[1]

"Ҳамеша аз онон (кӯдакон) ситоиш кун ва корҳои муҳимме, ки анҷом додаанд бигӯ, зеро ёдоварии корҳои арзишманди онон, шуҷоонро боангеза мекунад ва тарсуҳоро ба талош ва кӯшиш вомедорад".

 Дар ин ҷо лозим аст як нуктаро ёдоварӣ кунам ва он ин ки: гарчӣ ташвиқ, як василаи муассир дар тарбият аст, лекин бехатар ҳам нест. Хатари он дар ин аст, ки ба сурати ришва дарояд ва аъмоли кӯдак ба подош вобаста шавад. Имкон дорад кӯдак пуртаваққӯъ парвариш ёбад ва дар ҳамаҷо интизори подош дошта бошад. Чунин фарде, вақте ки бузург шуд, дар баробари ҳар амале таваққӯи подоши амалӣ ё маънавӣ дошта бошад, ҳатто дар баробари анҷоми вазоифи қонунӣ ё иҷтимоӣ ё шаръии худ таваққӯи подош хоҳад дошт. Дар сурате, ки ҷомеа чунин шаҳрвандеро дӯст намедорад.

Барои ин ки ташвиқ, безиён ва бехатар бошад ва беҳтар натиҷа бидиҳад риояти нуктаҳои зер зарурист:

1-Бояд ахлоқ ё рафтори неки кӯдак мавриди ситоиш қарор гирад, на худи ӯ. Бояд кӯдак бифаҳмад, ки кори ӯ арзиш дорад, на шахси ӯ ва агар ҳам ӯ мавриди ташвиқ қарор гирифтааст ба хотири рафтори хуби ӯ будааст.

2-Ташвиқ бояд ба андоза бошад ва ҳаргиз аз ҳад таҷовуз накунад, зеро дар ин сурат сабаби ғурур ва табоҳии шахс мешвад.

3-Ташвиқ бояд гоҳ-гоҳ ва дар баробари корҳои хеле хуб бошад, на ба сурати доим ва барои ҳар кор, зеро агар чунин шуд арзиш ва таъсири тарбиятии худро аз даст хоҳад дод.

4-Ташвиқ набояд худ ба сурати ҳадаф дарояд ва тамоми зеҳну фикри кӯдакро ба худ машғул созад, ки дар ин сурат нақши боздоранда пайдо мекунад, зеро боиси фаромӯш шудани ҳадафи аслӣ аз он кор мешавад.

5-Вақте кӯдакро таърифу таҳсин мекунем, набояд ӯро бо бачаҳои дигар муқоиса ва интиқод намоем, масалан хуб нест, ки падар ба фарзандаш бигӯяд, офарин бар тӯ, ки хуб дарс мехонӣ ва монанди "Карим" танбал нестӣ, зеро дар ин сурат, кӯдаки дигар таҳқир ва мазаммат шуда ва худи ин амал бадомӯзӣ дорад.

Танбеҳ

Яке аз равишҳое, ки дар тарбият аз он истифода мешавад, танбеҳ аст. Танбеҳ дар луғат ба маънои огоҳӣ додан ва бедор кардан аст. Ва дар истилоҳ, иборат аст аз муҷозоти инсоне, ки кори нописандеро анҷом додааст ба манзури тарк намудан ва пешгирӣ аз такрор мебошад.

Танбеҳ ҳамгом бо ташвиқ аз замонҳои қадим дар байни волидайн ва мураббиёни кӯдакон ва дар байни ҳамаи масъулон ва ниҳодҳои тарбиятӣ маъмул буда ва дар ин замон низ кам ё зиёд маъмул аст. Лекин равиши мазкур(танбеҳи баданӣ) дар замони охир ба василаи донишмандони таълиму тарбият ва равоншиносони ҷадид шадидан мавриди нақду манъ қарор гирифтааст. Мо ин мавзӯъро дар зимни чанд унвон мавриди баррасӣ ва тадқиқ қарор медиҳем.

идома дорад.



[1] - Наҳҷ-ул- балоға, номаи 53.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить