... 3 – Муаллим ва мактаб - муҳити мактаб

Мактаб монанди хонавода, омили муҳимме дар парвариши ҷисмӣ ва рӯҳии кӯдак ва навҷавон аст. Муҳити мактаб зери пӯшиши авомили гуногуне аз ҷумла муаллим, мудир, масъули тарбиятӣ ва ҳамсинфҳо қарор дорад, ки ҳамаи онҳо метавонанд барои шогирдон, улгу ва сармашқ бошанд ва дар шаклгирии абъоди тарбиятии онҳо ифои нақш намоянд.

     Нақши муаллим дар созандагӣ ё вайронии ахлоқи кӯдакон бисёр муҳим аст. Муаллим ба сабаби нуфузи маънавии худ, бо тамоми рафтораш, улгуҳо ва сармашқҳое дар ихтиёри шогирдон қарор медиҳад ва онон аз тамоми ҳаракоту саканот ва ишорот ва ҳатто вожаҳое, ки муаллим дар хилоли анҷоми вазифаи таълим, аз онҳо истифода мекунад, ба шиддат таъсир мепазиранд.[1]

Илова бар нақши таъсиргузории муаллим, фазои мазҳабӣ ва маънавии ҳоким бар мактаб, дар таълиму тарбияти динии кӯдакон ва навҷавонон таваҷҷӯҳбарангез аст. Маросими мазҳабӣ, ҷаласоти дуо ва намози ҷамоат ва монанди он, заминаи тарбияти динӣ ва ахлоқӣ ва таваҷҷӯҳ ба маорифи Ислом иро фароҳам месозад. Табиист, ки ҳузури муаллимон ва донишомӯзон дар ин маросимҳо бар умқи таъсиргузорӣ меафзояд.

Аз миёни тамоми авомили омузишӣ ва тарбиятӣ, нақши муаллим ба унвони муҳимтарин авомили низоми таълиму тарбият, ҷойгоҳ ва аҳамияти басазое дорад. Муаллим дар рушд ва парвариши донишомӯзон, нақши бисёр муҳиммеро ифо мекунад. Тамоми фаъолиятҳои муаллим, монанди шинохти фароянди рушди кӯдакон ва навҷавонон, шеваҳои тадрис ва алоқамандӣ ба риштаи тадриси худ, аз авомиле ҳастанд, ки дар омӯзиш ва парвариши донишомӯзон, дахолати зиёде доранд. Муаллимоне, ки дар тадриси худ аз шеваҳои гуногун истифода мекунанд, бар муҳтавои риштаи тадриси худ тасаллут доранд ва ба кори худ ишқ меварзанд, ағлаб донишомӯзони тавоно ва халлоқе парвариш медиҳанд. Муаллим барои касби муваффақият дар тадрис, бояд аз назарияҳои навини омӯзишӣ ва равоншиносӣ огоҳӣ ва иттилооти лозим ва кофӣ дошта бошад. Равиши тадриси муаллим бояд бо усул ва аҳдофи омӯзишу парвариш ва вижагиҳои шахсиятии донишомӯзон ҳамоҳанг бошад, то битавонад зимни ҷиҳат додан ба фаъолиятҳои тарбиятӣ ва омӯзишии худ, шогирдонро ба сӯи аҳдофи таълиму тарбият ҳидоят ва роҳнамоӣ кунад. Фарогирон дар ҳар як аз давраҳои омӯзишӣ ниёзҳои вижае доранд. Бинобар ин, ошноии мураббиён ва муаллимон бо хусусиёти рушд ва ниёзҳои донишомӯзон дар ҳар як давраҳои таҳсилӣ метавонанд дар пешрафти ёдгирӣ ва рушду такомули шахсияти онҳо муассир бошанд.

Муаллим бояд тавоноии ёдгирӣ ва ба кор бастани дониш, маҳорат, усул ва натоиҷи ҳосил аз таҳқиқоти равоншиносиро дар тадрис дошта бошад. Ҳамчунин муаллим бояд бидонад, ки мафҳуми ёдгирӣ чист, чӣ вижагиҳое дорад, чӣ гуна ҳосил мешавад ва чӣ шеваҳо ва амалкардҳо ва роҳкорҳое дар фароянди ёддиҳӣ-ёдгирӣ таъсири бештаре мегузоранд. Илова бар ин, муаллим бояд дар ҷараёни тадрис, замина ва шароитеро барои донишомӯзон фароҳам кунад, то ёдгирӣ ва омӯзиш барои онҳо осон шавад. Аз онҷо ки муаллим бо руҳ ва равони шогирдон сару кор дорад, бояд дарду ранҷи ононро бишиносад, дар ҳифзи асрор ва ҷалби эътимод ва итминони онҳо бикӯшад, масоил ва мушкилоташонро бубинад ва саъй кунад иллати мушкилотро баррасӣ ва кашф кунад, хусусан ба дунболи авомиле бошад, ки шогирдонро аз дарун тағйир диҳад ва ба фаъолият ва кӯшиши муносиб водор кунад. Ба таври куллӣ бояд гуфт, ки муаллим муҳимтарин омили низоми омӯзишӣ аст ва нақши тарбиятӣ ва омӯзишии ӯ дар ҳидояти донишомӯзон, бисёр ошкор ва қобили таваҷҷӯҳ аст. Ба ҳамин далел, дар тӯли таърих донишмандон, файласуфон ва мураббиёни бузург, дидгоҳҳо ва назароти бисёр муҳимме дар бораи нақши тарбиятӣ ва омӯзишии муаллим матраҳ кардаанд.

идома дорад.


[1]. ниг. Таълиму тарбияти исломӣ, саҳ. 69 – 70.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить