Пеш аз вуруд ба асли мавзӯъ, лозим аст ҳиҷоби занро аз лиҳози таърих мавриди таваҷҷӯҳ қарор диҳем. Дар бештари миллатҳо ва оинҳои ҷаҳон ҳиҷоб дар байни занон маъмул будааст, ҳарчанд дар тули таърих, фарозу нишебҳои зиёдеро паймуда ва гоҳо бо эъмоли салиқаи ҳокимон, сахтӣ ё сустӣ ёфтааст, вале ҳеҷ гоҳ ба таври комил аз байн нарафтааст.

  Ончи аз таърихи ҳиҷоб истифода мешавад ин аст, ки дар Юнон, Рум, Миср ва  Эрони Бостон занон, ба хусус занони шаҳрнишин ва занони табақаи ашроф худро мепӯшониданд ва аз назарҳо дур медоштанд. Зан дар Юнон, ҳангоме ки аз хона берун мерафт, бадан ва рӯи худро мепӯшонид. Занони Ошурӣ (Эрони қадим) навъан ба ҳиҷоби бадан ва сурат ва сар одат доштанд. Дар Руми Шарқӣ ҳиҷоб бо шиддати ҳарчи тамомтар ривоҷ дошт. Дар миёни масеҳиён ва Аврупоиён, ҳиҷоб маъмул буда ва ин одат, то қарни сездаҳум хеле ривоҷ дошт ва аз ин таърих ба баъд, рӯ ба сустӣ гузошт, вале дар Руcсия, то ҳангоми салтанати Пётри Кабир ҳиҷоб маъмул буд ва дар асари кушиш ва мудохилаи вай бардошта шуд[1]  ва аз тарафе маълум мегардад, ки ҳиҷоби қабл аз Ислом нисбати ончи дар қонуни Ислом омадааст, сахттар будааст. Гарчи ба назари баъзе аз муваррихон  дар ҷоҳилияти араб ҳиҷоби комил вуҷуд надошта ва ба василаи Ислом дар байни занони Араб падид омадааст.

Вазъи ҳиҷоб дар араби ҷоҳилӣ

  Тибқи баррасӣ ва гувоҳии таърих маълум мегардад, ки дар даврони ҷоҳилияти Араб пеш аз Ислом назароти мухталиф аст. Иддае мегӯянд: Дар ҷоҳилияти араб ҳиҷоб вуҷуд надошта ва ба василаи Ислом пайдо шудааст, вале  иддае мегӯянд: Ҳиҷоб вуҷуд доштааст. Аз ҷумла донишмандони маъруф (Фарид Ваҷдӣ) дар Доиратул маорифи қарни бистум дар моддаи (ҳуҷб) баҳси муфассале дар робита бо ҳиҷоб доранд. Ва ҳиҷобро дар таърихи милал ва ақвом баҳс намуда, то мерасанд ба таърихи ҳиҷоб дар байни қавми араб, қабл аз Ислом ва аз “Доиратул маъорифи Лорус” нақл мекунад, ки Аъроб аз ақвоме будааст, ки қабл аз Ислом пойбанд ба ҳиҷоб будаанд ва худ ҳам ин назарияро таъйид карда ва мегӯяд: ”Қабл аз Ислом, то ҳудуде ҳиҷоб дар байни занон суст шуда буд ва бархе аз салак фурумоягон ба худнамоӣ ва табарруҷ мепардохтанд.[2] ” Пас маълум мегардад, ки ончи дар миёни занҳои араб баъд аз мабъус шудани Паёмбари Акрам(с) вууҷуд дошт, бадҳиҷобӣ буд, на беҳиҷобӣ ба ҳамин хотир Қуръони Карим ба муборизаи бадҳиҷобӣ бархостааст на беҳиҷобӣ.[3]

Ногуфта намонад, ки далели касоне, ки қоил бар онанд, ки ҳиҷоб дар даврони ҷоҳилият вуҷуд надоштааст ва дини Ислом ба вуҷудоварандаи он аст, муҳкамтар аз ин далели боло аст, ки ҳиҷоб дар байни Арабҳои даврони ҷоҳилият вуҷуд доштааст.

Ҳиҷоб дар қавми Яҳуд

   Дар замони гузашта, ҳиҷоб дар миёни Яҳуд роиҷ буда ва миёни онҳо ҳиҷоб ба гунаи машҳур ва мустанад буда, ки бисёре аз муваррихон на фақат аз расми ҳиҷоби онон сухан гуфтаанд,  балки сахтгириҳоеро, ки дар ҳиҷоби онҳо вуҷуд дошт ҳам баён намудаанд.

Дар дини Яҳуд аз ҳузури занони беҳиҷоб дар маконҳои умумӣ ҷилавгирӣ ва пешгирӣ мекарданд ва занон бо риояти ҳиҷоб, дар ҷомеа ҳузур пайдо мекарданд.

Вил Дуронт мегӯяд: Агар зане ба нақзи қонуни Яҳуд мепардохт, масалан, бе онки чизе дар сар дошт, ба миёни мардум мерафт ва ё дар кучаи он нах меришт ё бо ҳар касе аз мардон дарди дил мекард ё садояш он қадар баланд буд, ки чун дар хонааш такаллум менамуд, ҳамсоягон метавонистанд суханони ӯро  бишнаванд, дар он сурат мард ҳақ дошт бе пардохти маҳрия ӯро талоқ диҳад.[4]

“Дар ҷойҳои зиёде дар Аҳди Атиқ ва Талмуд ошкоро ва равшан аз пӯшиши комили занон хусусан бо рӯбанд, барқаъ, чодар ва...сухан ба миён омадааст ва гуфта шудааст, ки вуҷуби пӯшиши сар аз номаҳрам дар берун аз хона ҳатто барои убур (гузаштан) аз роҳ, махсусан байни ду хона зарурӣ буд.”[5]

Қобили зикр аст, ки андоза ва пӯшиши мазкур барои занони шавҳардор аст ва аз назари оини Яҳуд, духтарони яҳудӣ, то қабл аз издивоҷ андозаи хоссе барои пӯшиш доранд ва он иборат аст, аз пӯшиши соддаи либосе, ки домани он, то даҳ сантиметр зери зону ва остин, то оринҷ аст ва тамоми мӯи сар низ пӯшида бошад.”[6]

  Ва аз тарафи дигар агар духтарон беҳиҷоб ба мактаб мерафтанд онҳоро  ба хотири беҳиҷобиашон роҳ намедоданд.

  Дар натиҷа маълум мегардад ҳиҷобе, ки дар қавми Яҳуд маъмул ва роиҷ будааст, аз ҳиҷоби Ислом басе сахттар ва мушкилтар будааст.

Ҳиҷоб ва посух ба шубаҳоти он, Аббос Раҳматуллоҳи Ҳисорӣ.

 



[1] . Расоили ҳиҷобия, Ҷаъфариён, Расул,  ҷ. 1, саҳ. 642

[2] . Доиратул маорифи  қарни бистум, Ваҷдӣ, Муҳаммад Фарид, ҷ. 3, саҳ. 336.

[3] . Тафсири Кашшоф, Ҷоруллоҳи Муҳаммад ибни умар Замахшарӣ, ҷ. 3, саҳ. 231.

[4] . Вилл Дуронт, Таърихи тамаддун, ҷ. 12 саҳ. 30.

[5] . Ҷойгоҳи зан дар Ислом ва Яҳудият, Ҷалилӣ, Муҳаммад Ризо, саҳ. 180.

[6] . Мақола, Иштироки ҳиҷоб дар адёни Иброҳимӣ, фаслномаи фарҳанги-иҷтимоии занон, соли нуҳум, шумораи 36, тобистони 1386 саҳ. 144.

 

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить