1- Суқути шахсият

Ҳиҷоб қонуни фитрат аст ва сарпечӣ аз қавонини фитрӣ, занро аз ҳувияти ӯ хориҷ месозад ва хуруҷ аз ҳувияти инсонӣ ҳамон суқут аз ҷойгоҳи баланди арзиши ӯ мебошад.

Ҳар қадар, ки зан дар ороишҳои хеш фурӯ равад аз тазйини рӯҳи илоҳии худ фурӯ меафтад. Идома додани он ба хатми арзишҳои ӯ ба поён мерасад, ки талхтарин натиҷаи ҳаракати шаҳватронии ӯ хоҳад буд.

Беҳиҷобӣ барои зан калиди фасодшавӣ ва поён овардани арзишҳои зан аст. Чаро ки ҳиҷоби динӣ девори мустаҳкаме аст, ки занони бетақво дар баробари камтарин мушкил ва гоҳе барои гирифтани моли арзон аз фурушандагон, ба намоиш додани асрори зебоиҳо ва зинатҳои худ мепардозанд, ки ба таври мусаллам ком додан ба чашмҳои номаҳрамон камшави ҷиддии арзиши занро ба дунбол дорад.

2- Тазалзули хонавода

Яке аз осори зиёнбори ҷилвагарии занон суст кардани решаҳои хонаводаҳо аст. Кашондани масоили ҷинсӣ аз муҳити хонавода ба ҷомеа як зулм ва ситами ошкор ва ғайри қобили ҷуброни иҷтимоӣ аст, хонаводаҳоро мутазалзил месозад ва албатта ин ғайр аз тазалзуле аст, ки дар иффати зан ба вуҷуд меояд ва заминаи гуноҳи дигар ва аз ҳам пошидагии бунёни хонаводаи ӯ мешавад. Тавзеҳи бештар дар баҳси таҳкими хонавода дар бахши фалсафаи ҳиҷоб баён гардид.

3- Булуғи зудраси ҷинсии ҷавонон

Ҳангоме ки хонумҳо бо ҷилвагарӣ ё беҳиҷобӣ дар баробари ҷавонҳо зоҳир шаванд, онҳо таҳрик мешаванд ва зудтар аз замони табиӣ ба булуғ мерасанд. Ин гуна болиғ шудани навҷавонҳо монанди расидани меваи норасе мисли (банана) аст, ки оҳиста - оҳиста ва дар шароити табиӣ ба таъму ранг нарасида бошад, балки бо ҳарорати беш аз ҳад дар замони кутоҳтар аз замони лозим ва табиӣ бирасад. Ба таври мусаллам чунин мевае, ки гоҳе осори сӯхтагӣ бар он ошкор аст, аз як силсила камбудиҳо ва норасоиҳо бархурдор аст. Ва навҷавоне ҳам, ки зудтар ба булуғ мерасанд булуғи норас ва зудраси онҳо сабаби ошкор шудани барҳамхурдагӣ дар вуҷуди онҳо мегардад ва сабаби ин, занону духтарони худнамо ҳастанд.

4- Эҷоди ғафлат

Заноне ки бо ҷилвагарӣ ва худнамоӣ ё бо пӯшиши ноқис дар витрин ва намоишгоҳи ҷомеа ҳузур пайдо мекунанд, таваҷҷӯҳи мардон ва ба хусус ҷавононро ба зебоиҳо ва вижагиҳои занонаи худ ҷалб мекунанд. Табиӣ аст, ки ҷалби назари онҳо ҳамроҳ бо таҳрикоти ҷинсӣ сурат мегирад ва ёди Худоро аз дили мардон ба хусус ҷавонон берун мекунад ва ёди шаҳват ва манзараҳои ҷинсӣ ва шаҳватангезро дар онҳо зинда месозад. Бидуни шак ин ғафлати мардон аз гарду ғубори ҳавасҳое аст, ки занони бетақво дар ҷомеа ба вуҷуд меоваранд, ҳол чигуна зан ба худ иҷоза медиҳад, ки аз вижагиҳои занонаи худ сӯиистифода намояд ва чароғи ёди Худоро дар дили хонаи мардон ва ҷавонони ҷомеа хомӯш созад. Ва ин масъулияте аст, ки худи зан ҷавобгӯи он хоҳад буд.


5- Иқоб ва азоби охират

Аз ҷумла осори ҷилвагарӣ ва беҳиҷобии занон азоб ва кайфари охиратӣ аст. Зеро ҳиҷобҳои ноқис ё ошкор кардани ороиш ва зинатҳои зан дар назди номаҳрам ва ҷилвагарӣ бо либосҳои нозук, танг, моделҳои махсус ва ё рангҳои ҷазбкунанда ва ҷолиби таваҷҷӯҳи номаҳрам, аз ҷумла гуноҳони кабирае аст, ки бар он ваъдаи азоб ва кайфар дода шудааст..

Пайғамбари Акарам(с) фармудааст: “Зане, ки бо мӯйҳояш бар ҷаҳаннам овезон аст касе аст, ки мӯйҳои худро аз номаҳрам намепӯшонад.[1]”

Расули Худо (с) фармуд: “Дар меъроҷ занеро дидам, ки оташ аз ӯ забона мекашад, зеро он зан худро барои мардум ороиш мекард.[2]”

Дар ҳадиси дигар фармудааст: “Ду гурӯҳ аз аҳли оташ ҳастанд, ки ман онҳоро надидам. Гурӯҳе, ки тозиёнаҳое ҳамонанди думи гов доранд ва инсонҳоро мезананд ва заноне, ки дар айни пӯшидагӣ бараҳнаанд(либосҳои нозук ё танг) ва баданнамо мепӯшанд ҳавасбоз ва дилфиребанд. Мӯйҳои онҳо ҳамонанди кӯҳони шутур ҷилвагар аст. Инҳо вориди биҳишт намешаванд ва бӯи онро ҳам истишмом намекунанд. Агарчи бӯи он аз роҳи бисёр дур истишмом мешавад.[3]


[1]. Васоил, ҷ.14,саҳ. 156

[2]. Ҳамон, саҳ. 155

[3]. Саҳеҳ Муслим, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, ҷ. 3, саҳ. 1680

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить