... 3- Пӯшидагии зан сабаби ҳирс ва иштиёқи мардон мешавад

Яке дигар аз эродҳои мухолифини ҳиҷоб ин аст, ки пӯшидагии зан сабаб мешавад, то ҳирс ва иштиёқи мардон ба занон бештар шавад, зеро инсон аз ҳар чизе, ки манъ шавад ба он ҳаристар мегардад. Бинобар сухане ”الانسان حریص علی ما منع” “Инсон ба ончи аз он манъ шавад, нисбат ба он тамаъ меварзад”. Агар беҳиҷобӣ дар ҷомеа ҳоким бошад, пас аз муддате барои мардон оддӣ шуда ва ҳассосиятҳои ҷинсӣ аз байн меравад.

Дар ҷавоби ин ишкол бояд гуфт:

Якум: Ҳиҷоб агар ҳамон гуна, ки хостаи Ислом аст риоят шавад, чунин асаре надошта ва сабаби ҳарис шудани номаҳрамон намегардад. Касе, ки аз муқобили хонае мегузарад, ҳангоме барои нигоҳ ва сарак кашидан ба даруни он васваса мешавад, ки дари он хона боз ва чизе аз дарун пайдо бошад, ки таваҷҷӯҳи ӯро ба худ ҷалб кунад. Дар ин ҳангом аст, ки таҳрик мешавад, то онро бубинад, вале агар дари хона баста ва пӯшида бошад, дигар омили таҳриккунандае барои дидан вуҷуд нахоҳад дошт. Зан ҳам агар пӯшиши илоҳиро риоят кунад ва рафторҳояш чунон бошад, ки туъмаи ҳавасбозон нашавад, дигар чизе таваҷҷӯҳи мардро ҷалб намекунад, то барои дидани он ба ҳирсу тамаъ биафтад.

Дуюм: Бар фарз агар қабул кардем, ки воқеияти пӯшиш, ҳаристар шудани инсон дар муқобили мамнуъот аст, оё ақл ва шаръ иҷоза медиҳад инсон дар муқобили ҳар воқеияте таслим шавад? Бояд пазируфт, ки посух ба ҳамаи ин дархостҳо мумкин нест. Бинобар ин мардон бояд нигоҳашонро, ки сарчашмаи бисёре аз гуноҳон аст, назорат кунанд. Аз тарафе занон низ иртиботи ду тарафаро комил ва дар муқобили нигоҳи поки мардон, пӯшиши илоҳиро риоят намояд.

     Сеюм: Зани номаҳрам барои мардоне, ки ҳамвора вайро менигаранд мумкин аст оддӣ шавад, аммо номаҳрамон ба чанд нафар хулоса намешавад ва ҳамеша касоне ҳастанд, ки то ӯро асири нигоҳҳои ҳавасронии хеш накунанд ором намегиранд. Ҳамчуноне ки заноне аз ҷамоли бештар бархурдоранд, доиман гирифтори тамаи мардон қарор мегиранд. Ҳарчанд доиман ва ҳамеша дар мавриди назорати онҳо бошанд.

     Чаҳорум: Майл ва рағбати инсон ба як чиз то замоне аст, ки он дар маърази дидаш бошад. Агар чизе аз диди инсон пӯшида бошад бадон рағбат нахоҳад кард. Бинобар ин агар зан ҳиҷоб надошта бошад, сабаб мешавад зинатҳояш ошкор гардад ва чашми мардони ҳавасронро ҷалб намояд. Дар ин ҳолат агар манъ гардад ҳирс ва тамаъаш бештар хоҳад шуд. Дар сурате, ки зан ҳиҷоби хешро ҳифз намояд тамоми муҳассанот ва зинатҳояш пӯшида бимонад ва чизе зоҳир нест, то рағбати дигаронро барангезад.

     Панҷум: Хоҳишҳои ҷинсии мард ба зан дар нигоҳ хулоса намешавад, балки нигоҳ кардан муқаддимаи бедории шаҳват аст ва сабаб мегардад, то барои ба даст овардани талаботи ғароизаш барояд.

Ҳирс ба талаботи шаҳват ба маротиб зиёнбортар аз ҳирс ба нигоҳ кардан аст, зеро дар сурати нарасидан ба ҳадаф сабаб мешавад, ки ба тарафи ҷиноёти ҷинсӣ ва кинаи дарунӣ кашонда шавад.

Бинобар ин ончи сабаби ҳирс ва талоши мардон нисбат ба занон мешавад беҳиҷобӣ аст на ҳиҷоби исломӣ.[1]
4- Покии дил бениёзӣ аз ҳиҷоби исломист

Баъзе аз инсонҳо эрод ва ишкол мекунанд, ки дили инсон бояд пок бошад, вагарна занони бисёре ҳастанд, ки ҳиҷоб доранд ва худро мепӯшонанд, аммо бадкор ҳастанд.

Ҷавоб:

Якум: Зоҳири инсон, нишона аз даруни ӯ аст. Дар хеле аз бархурдҳое ки бо афроди гуногун дорем, дар бораи онҳо бар ҳасаби зоҳириашон қазоват мекунем. Дар зарбулмасали форсӣ омадааст: “Аз кӯза ҳамон берун барояд, ки дар даруни ӯст.” Ин ки инсон ҳар амалӣ нодурустеро анҷом диҳад, баъд бигӯяд, ишколе надорад ва дил бояд пок бошад, ҳарфи авомона ва аз рӯи нодонӣ аст. Агар каме фикр кунем мутаваҷҷеҳ мешавем, ки дили пок он диле аст, ки ба дастурҳои Худои Мутаол амал мекунад. Ва ба гунае рафтор мекунад, ки ризоияти Холиқи беҳамто бошад, на ин ки нисбат ба дастурҳои дин бе аҳаммият бошад ва бигӯяд ман дили пок дорам. Ба яқин агар ин дил пок буд, ҳеҷ вақт хостаҳои илоҳиро зери по намегузошт.

Дуввум: Дар ҷомеа афроди каме низ пайдо мешаванд, ки бо номи ҳиҷоб ё дин ва дар сояи завоҳири исломӣ ба Ислом ва оини илоҳӣ хиёнат мекунанд, аммо ин далел намешавад, ки бадии онҳоро ба пои дин гузошт ва нисбат ба арзишҳои зебоии динӣ ва иҷтимоӣ бе аҳаммият буд. Пас инсон ҳамвора бояд, зоҳир ва ботинро ба хубиҳо ороста кунад, то аз ҳеҷ кадоми онҳо ғафлат накунад.[2]

Севвум: Набояд мо аз ҷузъӣ ба куллӣ ҳукм кунем. Яъне як нафар ё чанд нафар занро бубинем, ки пӯшиши исломӣ доранд, вале бадкор ҳастанд аз рӯи инсоф нест, ки тамоми занҳои боҳиҷобро муттаҳам кунем. Ҳамонтавре ки дар миёни занҳои беҳиҷоб занони олуда низ ҳастанд ва мо наметавонем ҳамаи занони беҳиҷобро занони олуда ба шумор оварем.

Аз Арасту савол карданд, ки чаро китоби мантиқро таълиф кардӣ? Дар ҷавоб гуфт: Чунки мардум аз ҷузъӣ ба куллӣ ҳукм мекунанд.

Чаҳорум: Покдил будан сабаб намешавад, ки ҳиҷоб раҳо шавад, чун Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

>إنَّ الذین آمنوا و عملوا الصالحات<

“Ба таҳқиқ касоне, ки имон оварданд ва амали солеҳ анҷом доданд.”

Дар Қуръони Карим дар ҳар куҷояш, ки калимаи “имон” омадааст, баъд аз он калимаи “амали солеҳ” низ омадааст ва ин далолат бар он дорад, ки танҳо имон ба Худо кифоят намекунад ҳатман бояд амали солеҳ дар канораш бошад.

Мо илова бар ин ки вазифадор ҳастем, дили пок дошта бошем, вазифа дорем, ки аҳкоми динӣ ва фармони Худовандро низ анҷом диҳем.

Панҷум: Мо инкор намекунем, ки бисёре аз заноне, ки пӯшиши исломӣ надоранд, аз ҷиҳати номусӣ, покдоман мебошанд. Ва ё баракс заноне, ки ҳиҷоб доранд нопок мебошанд, вале ин далел бар ҷоиз будани беҳиҷобӣ нахоҳад шуд. Ҳамон занони покдоман агар пӯшиши исломӣ надошта бошанд, нақши асосие дар фасоди ҷомеа доранд, агар чӣ худро пок нигаҳ медоранд, вале чашмҳои ҷавононро наметавонанд пок нигаҳ доранд. Бинобар ин бояд барои покии иҷтимоъ низ кушо бошанд.

Чунончи ориф Мирсайид Алии Ҳамадонӣ мефармояд:

           Ислом ба зоти худ надорад айбе,

         Ҳар айбе, ки ҳаст дар мусалмонии мост.

Шашум: Занони муҳаҷҷабаи олуда дар ҳақиқат нопоканд ва ҳиҷобро василаи сарпуши гуноҳи худ қарор додаанд. Ва ҳаминҳо дар ҳама ҳол ба пӯшиши исломии худ пойбанд нестанд. Вагарна вазъияташон ба бадкорӣ намекашид ва инак ҳам аз ҳиҷоб ба унвони пӯшиши бадан аз номаҳрам истифода намекунанд, балки ба унвони пӯшиши гуноҳ ва номаълум мондани худ истифода менамоянд. Бояд гуфт инҳо дуздони иффат ном доранд, ки ин ҳиҷоб ва пӯшишро барои беиффатӣ дуздидаанд ва набояд масълаи онҳоро бо нақши пӯшиши исломӣ дар ҳифзи иффат ва ахлоқ махлут кунем. Чунон ки бар худи онҳо пӯшида нест.


[1]. Таҳлили нав ва амалӣ аз ҳиҷоб дар асри ҳозир, саҳ. 142

[2] . Ҳиҷоб чаро, Аминкишварӣ, саҳ. 24

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить