... Даст задани табиб ба бадани номаҳрам

Қаблан гуфта шуд: Нигоҳ ба ғайр аз руй ва дастҳои номаҳрам тамоман ҳаром аст ва фарқе байни табибу ғайри табиб нест, аммо дар як ҷо фуқаҳо нигоҳро ҷоиз шумурданд ва он ҳам замони зарурат бошад. Масъалаи даст задани духтур ҳам дар ҳолати зарурат ҷоиз мешавад. Баъзе аз фуқаҳои муосир мефармоянд:" Аз ҳурмати нигоҳ ва ламси номаҳрам дар ҳолати муолиҷа итисно шудааст ба шарте, ки табиби зан барои зан ва табиби мард барои мард имкон надошта бошад ва ё имкони муолиҷа бо воситаи дараҷасанҷ ва монанди он набошад"[1]

Аммо дар ин замон баҳсе, ки матраҳ аст ин аст, ки агар табибони мард беҳтар муолиҷа кунанд, оё ин беҳтар муолиҷа кардан сабаби ҷоиз будани ламс ё нигоҳ кардан мешавад ё не? Ончи ки аз ривоёт ба даст меояд, ин аст ки иллати ҷоиз будан дар замони замони ночорӣ аст на замони ихтиёрӣ ва ғайри зарурат.

«ابي حمزه ثمالي, عن ابي جعفر (ع) قال: سألته عن المرأة المسلمة يصيبها البلاء في جسدها؛ امّا جرحٌ في مکان لا يصلح النظر اليه يکون الرجل أرفق بعلاجه من النساء، ايصلح له النظّر اليها؟ قال: اذا اضطرّت اليه فليعالجها شاءت»[2]

“Абуҳамзаи Сумолӣ аз Имом Боқир(а) савол мекунад, ки зани мусалмоне ба беморӣ гирифтор мешавад, монанди шикастагӣ ё ҷароҳат, табиби мард беҳтар аз занон метавонанд ӯро муолиҷа кунанд, оё пеши он рафтан ҷоиз аст? Ҳазрат фармуданд: Агарночор бошад монее надорад.” Инҷо Имом(а) на ба таври куллӣ ва умумӣ ҷавоби мусбат доданд ва наба таври куллӣ манъ кардааст, чун агар ҷавоби мусбат медоданд, дар ҳар ҳолате, ки мардон беҳтар метавонистанд муолиҷакунанд, ҷоиз буд, занон ба онон муроҷеа намоянд ва агар ҷавоби манфӣ медоданд, дар ҳеч ҳолате муроҷиа ба мардон ҷоиз набуд. Имом як қоидаи куллиро иллат қарор доданд барои мардум ва он ҳам ҳолати изтирорва маҷбур буданаст.
7-Виқор дар сухан гуфтан

Яке аз ангезаҳои гароиш ба фасод, суханони дилпазир ва дилангезест, ки байни духтарон ва писарон ва занону мардони бегона ба баҳонаҳои мухталиф сурат мегирад; мисли пурсидани саволҳои дарсӣ, дарди дил кардан, машварат ва ... ҳарчанд ин масоил дар ҳадди худ метавонад муфид бошад, вале наҳваи гуфтугӯҳо ва бархурдҳо метавонад нишонгари ангезаи шайтонии чунин афроде бошад. Имом Боқир(а) мефармоянд:

«محادثةُ النِّساء من مصائد الشيطان»[3]

“Сухан гуфтани мард бо занони номаҳрам аз домҳои шайтонист.”

Ислом ба ин мавзӯъ аз ду назар нигаристааст, ки ҳарду шоёни таваҷҷӯҳ ва қобили диққат аст.


[1]- Ҳамон масъалаи 21, саҳ. 221.

[2]- Васоил, ҷ.7, саҳ. 172

[3]- Мустадракул васоил ва мустанбитул масоил, Нурии Табарсӣ, Мирзоҳусейн, ҷ.2 саҳ. 555.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить