... Як озмоиши илмии дигар

Жон Равистони фаронсавӣ озмоишеро дар китоби “Ловӣ”овардааст. Ин озмоиш, ки бар теъдоди мурғобии нару мода анҷом гирифтааст, натоиҷи илмии муфидеро баҷо гузоштааст.

Жон Равистон ва ҳамкоронаш чанд адад мурғобии нар ва модаро дар озмоишгоҳ қарор доданд. Қабл аз оғози озмоиш ҳурмунҳои таносулии мурғобиҳоро низ баррасӣ карданд. Пас аз чанде, ки мурғобиҳо бо ҳамдигар буданд, мавриди озмоиш ҳурмуни қарор гирифтанд, ки дар натиҷа ҳурмунҳои онҳо зиёд шуда буд.

Мурғобиҳои нар ва модаро аз якдигар ҷудо карданд ва пас аз чанде, ки онҳоро дубора озмоиш карданд ҳурмунҳо ба ҳоли табиӣ бозгашта буданд. Барои он ки исбот шавад, ин таҳаввулоти ҳурмонӣ аз роҳи чашм ва биноӣ онҳо сурат гирифтааст, озмоиши дигареро анҷом доданд.

Бадани мурғобиҳои нарро бо порчаи сиёҳе пӯшониданд, то нуре аз роҳи пусти онҳо ба дохили бадан роҳ наёбад ва чашми онҳоро бозгардонданд, то битавонанд якдигарро бубинанд. Дар ин озмоиш низ мушоҳида гардид, ки ҳурмунҳои онҳо зиёд шудааст ва дар натиҷа исбот гардид, ки нигоҳи мурғобиҳои нар ба мода омили таҳавуллоти онҳо будааст. Дар озмоиши дигар чашми мурғобиҳои нарро баста ва онҳоро дар миёни моддаҳо раҳо карданд, Ин бор аз зиёдшавии ҳурмун мушоҳида нашуд.[1]

Ин озмоиш исбот мекунад, заноне ки худро дар маърази диди мардони номаҳрам қарор медиҳанд, чи зиёне бар ҷомеа ва насли инсонҳо мегузоранд.

4- Таҳкими хонавода

Таҳкими хонавода, ки бар асоси муҳаббат, самимият, унс, ваҳдат, ҳамдилӣ ва дилсӯзии ҳамсарон устувор ва мустаҳкам мешавад, аз муҳимтарин масоили хонаводагӣ ба шумор меравад. Ончи бунён ва таҳкими хонаводаро суст ва мутазалзил кунад, аз бадтарин офатҳои он ба ҳисоб меояд. Худнамоӣ ва ҳузури таҳрикомези занон ва духтарон дар саҳнаҳои иҷтимоӣ, назари ҳар марди оиладор(зандор) ва беоиларо(безанро) ба худ ҷалб мекунад. Агар бинанда оиладор бошад бо таваҷҷӯҳ ба ғаризаи танавуъталабӣ ва зебохоҳие ки дорад бахше аз таваҷҷӯҳи худро ба тарафи   онҳо мекунад ва дар натиҷа ба ҳамон андоза, майли ба ҳамсарашро, ки ҳамвора бо ӯ зиндагӣ мекунад камтар мекунад. Гарчи бисёре аз занони худнамо зебоии ҳамсари бинандаро надоранд, аммо тозагӣ ва танаввуъе, ки доранд, камбуди зебоии онҳоро ба таври муваққат ва барои як замони кӯтоҳ ҷуброн мекунад. Вақте чашмҳои марде дар ҷойҳои гуногун иҷтимоӣ аз дидани манозири ҷолиби таваҷҷӯҳи занон ва духтарон комёб шавад, табъан андозаи алоқаи ӯ нисбат ба ҳамсараш аз ноҳияи ҷинсӣ таъмин мешавад, ки ин ниёзро занони ҷилвагари ҷомеа ба таври номашрӯъ бароварда месозанд. Ин камшавии муҳаббат бисёре аз оилаҳоро бо сустӣ ва сардии оилаҳо ҳамроҳ месозад ва масоили ахлоқии мухталиферо ба бор меоварад. Ба гунае ки дар тарзи нигариши мард ба ҳамсараш таъсири манфӣ мегузорад. Каҷхулқӣ баҳонагирӣ, бемайлӣ дар ҳамроҳӣ бо ҳамсар, натиҷа оварҳои ҷалби таваҷҷӯҳи мардон ба занони беҳиҷоби ҷомеа аст. Ҳатто кор ба ҷое мерасад, ки мард ҳамсари никоҳӣ ва қонунии худро халалрасон дар комёбиҳои худ медонад ва ба хотири ҳамин тарзи фикр аз ӯ мутанаффир мешавад. Фалсафаи ҳиҷоб пешгирӣ аз ин намуна офати ногуворе аст, ки асоси хонаводаҳоро таҳдид мекунад.

Ҳол агар бинанда безан бошад ва оиладор набошад, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки чашмони ӯ аз манзараи шаҳватангези занони беҳиҷоб ё бадҳиҷоб баҳраманд мешавад. Ба роҳатӣ тан ба паймонҳои сангини зиндагии заношӯӣ намедиҳад ва аз занон ва духтароне, ки ба таври ройгон чашмони гуруснаи ӯро сероб мекунанд баҳраи ғайри шаръӣ мегирад ва издивоҷро барои солҳои баъд мегузорад. Ин воқеияти талх дар кишварҳои ғарбӣ ривоҷи комил дорад ва дар кишварҳои исломӣ низ вуҷуд дорад. Бидуни тардид таъхир ва ақиб андохтани издивоҷи писарони ҷавон танҳо ба мушкилоти иқтисодӣ ё таҳсилии онҳо марбут намешавад, бетаваҷҷӯҳӣ ба тақвои ҷинсӣ ва лаҷомгусехтагии занон ва духтарони худнамо дар ин ақиб афтодани издивоҷҳо, ки офаташ ба онҳо низ сироят мекунад, марбут мешавад. Вақте духтарон бидуни паймони ҳамсардорӣ ва ҳазинаҳо ва паймони шаръӣ ва қонунӣ, худро дар маҳалли нигоҳҳои ҷавонон қарор медиҳанд, онҳо бар худ лозим намедонанд, ки ончи ба таври ройгон ба онҳо мерасадро бо баҳои сангини издивоҷ ба даст оваранд. Фалсафаи ҳиҷоби исломӣ ин аст, ки аз берағбатиҳо ва тазалзулҳо дар ташкили хонаводаҳои ҷавон пешгирӣ мекунад.

А. Фозилӣ


[1]Баргирифта аз китоби Беҳдошти издивоҷ навиштаи Доктор Сонеъӣ

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить