Касоне ки шахсиятро дар либоси зеботар медонанд, бо пӯшидани он худро болотар аз дигарон эҳсос мекунанд ва интизор доранд чашмҳо ба сӯи онҳо бошад ва ҳама ҳасрати либоси онҳоро бихуранд. Шариати Ислом ба таври куллӣ, бо ин ки инсон чизеро, ки маншаи арзиши воқеии ӯ нест, арзиш бидиҳад, мухолиф аст. Яъне ин тавр хоста, ки ба ҳар чиз ба миқдоре, ки арзиш дорад, аҳаммият дода шавад на бештар.

Паёмбари Акрам(с) мефармоянд:

«مَن لبسَ ثوباً مشهوراً مِن الثياب أعرضَ الله عنهُ يومَ القيمة»2

“Касе, ки либоси шуҳрат бипӯшад Худованд дар рӯзи қиёмат аз вай рӯй гардонад.”

Имом Содиқ(а) мефармоянд,:

«کفي بالمرء خِزياً أن يلبس ثوباً يشهره»3

“Барои хории одамӣ ҳамин бас, ки либосе бар тан кунад, ки ӯро машҳур намояд.”

Аз Имом Содиқ(а) ривоят шудааст, ки:

«اِنّ الله يُبغَضُ شُهرةَ اللباسِ»4

“Худованд, либоси шуҳратро мабғуз медорад.”

Рушан аст, ки ҳикмати манъ аз чунин либосе аз ҷумла ҷалб кардани назарҳо ва мутаваҷҷеҳ сохтани мардон ба занон аст. Дар зимни баҳс ба чанд намуна бархурд мекунем, ки ихтисос ба зан надошта ва мардҳо низ мукаллаф ба риояти он шудаанд, ки иборатанд аз:

1)         Наҳий аз ташаббуҳ(мамнуияти истифодаи либоси ҷинси мухолиф)

Ҳар як аз зану мард вазифа доранд либоси хосси худро бар тан кунанд. Паёмбари Акрам(с) дар ин робита мефармояд:

[5]«لعن الله المتشبّهين مِنَ الرجال بالنِساءِ و المشبهات مِن النساء بالرجال»

“Худованд мардҳоеро, ки худро монанд ба занон кунанд ва ҳаминтавр занҳоеро, ки монанд ба мардон шударо лаън кардааст.”

Аз Имом Боқир(а) ривоят шудааст:

عن الباقر (ع) في حديث: «ولا يجوزُ لها ان تشبّه بالرجالِ لانَّ رسول الله لعن المتشبَّهِنَّ منِ الرجال بالنساء و لعن المتشبّهات من النساء بالرَّجال 6»

Ҷоиз нест, ки зан худро шабеҳ ва монанди мард намояд, зеро Паёмбар(с) мардонеро, ки мушобеҳи занон мешаванд ва ҳамчунин заноне, ки худро шабеҳи мардҳо қарор медиҳанд, лаънат кардааст.”

Дар ривояте аз Имом Содиқ(а) омадааст:

[7]«قال: کان رسول الله " يزجر الرجل ان يتشبّه بالنساء, و ينهي المرأة أن تشبّه بالرجال في لباسها»

“Паёмбар(с) монеъ аз ин мешуд, ки мард шабеҳи занон шавад ва аз ин ки зан дар пӯшиши худ, ҳамонанди мардон шавад, манъ мекард.” Дар ин ривоят таъбири «کان رسول الله يزجر ... و ينهي» ба кор бурданд, ки далолат бар ҳаром будан дорад. Зоҳиран мақсуд аз ташаббуҳ ва монандӣ дар либос гуфта шуда ин аст, ки ҳар як аз зану мард, дар шаклу шамоили дигарӣ ошкор шаванд, ки ин кор палидтарини палидиҳост. Ва ҳурмати ингуна ташаббуҳот ва ҳамонандиҳо метавонад ба хотири ҳолатҳои лаҳвӣ ва дур шудан аз мақому шахсияти инсонӣ бошад.

Идома дорад.

[1] . Ҳарими ифоф, Ҳусейниён, Руҳуллоҳ, саҳ 108.

[2] . Маҷмаул завоид ва манбаъул фавоид, Ҳайсамӣ, Абӯбакр, ҷ.5, саҳ 135.

[3] . Васоил, ҷ.3, абвоби аҳкомул малобис, боби 2, с 354, ҷ.20,

[4] . Ҳамон, боби 12, саҳ 154.

[5] . Биҳорул анвор, Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, ҷ.103, саҳ258..

[6] . Васоид, ҷ.3, саҳ 258.

[7] . Васоил, ҷ.3, саҳ 355.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить