Барои вожаи ваҳдат ва иттиҳод аз сӯи донишмандон таърифи гуногуне зикр шуда, ки дар воқеъ на танҳо мухолифи ҳам нестанд, балки мубайин ва тавзеҳи якдигаранд, ба унвони намуна ба яке аз онҳо ишора мегардад:

   Ваҳдати исломӣ иборат аст аз; ҳамкорӣ ва таовуни пайравони мазоҳиби исломӣ бар асоси усули мусаллам ва муштаракоти исломӣ ва пазириши мавзеи воҳид барои таҳаққуқи аҳдоф ва масолеҳи олии уммати исломӣ, ва мавзеъгирии воҳид дар баробари душманони Ислом, ва эҳтиром ба илтизоми қалбӣ ва амалии ҳар яке аз мусулмонон ба мазҳаби худ аст.[1]

Дар ин таъриф ба нукоти муҳим ва асосӣ ишора шуда аз ҷумла ин ки: “Эҳтиром ба илтизоми қалбӣ ва амалии ҳар як аз мусулмонон ба мазҳаби худ” ин нукта аз нукоти муҳим ва аз роҳкорҳои асосӣ барои эҷоди ваҳдат ба ҳисоб меояд ва паёмаш ин аст, ки бояд ба эътиқодоти ҳар мусулмоне, ки пойбандии қалбӣ ва амалӣ ба мазҳаби худ дорад, эҳтиром гузошт ва набояд ба гунае рафтор кард, ки тавҳин ба муқаддасоти пайравони дигар мазоҳиб бошад.

Бардоштҳои иштибоҳ

   Гоҳе дида мешавад, бархе бо ваҳдат ва тақриби мазоҳиб шадидан мухолифат мекунанд. Ин мухолифатҳо гоҳе аз сари дилсузӣ ба иллати дуруст нафаҳмидани мафҳуми ваҳдати исломӣ ва баъзан аз рӯи ғаразҳои ғайри исломӣ аст. Ин ду амр сабаб шуда, то бархе аз онҳо таориф аз ваҳдат ироа диҳанд, ки таҳаққуқи ваҳдатро муҳол ва ғайри мумкин нишон медиҳад, аз қабили ин ки "Ваҳдат ба маънои яке кардани ҳамаи мазоҳиб ва табдили он ба як мазҳаб аст ва ё ваҳдат ба маънои ин аст, ки муштаракотро бигирем ва ифтироқотро раҳо кунем ва исломи бе мазҳаб ба вуҷуд оварем ва...  

     Дар посух ба ин таваҳҳумот, уламо суханҳо гуфтаанд, аз ҷумла шайх Маҳмуди Шалтут(рҳ) дар ин робита мегӯяд: “Мақсуди мо ин нест, ки мардумро ба мактаби муайяне даъват кунем ва ё ин ки мазҳаби шиаро дар мазҳаби тасаннун ва ё мазҳаби тасаннунро дар мазҳаби шиа биёмезем, балки ҳадафи мо ин аст, ки тоифаҳои мухталифи исломӣ бар асоси муҳаббат ба кӯмаки якдигар бишитобанд, ва таассубро раҳо созанд ва аз нисбатҳои нораво ба якдигар бипарҳезанд ва аз бадгумонӣ дурӣ гузинанд, зеро танҳо дар ин сурат аст, ки сарриштаи фикр дар майдон озод ва ором раҳоӣ меёбад, ва ба он тарс ва изтироб ва ҳаяҷонӣ рӯҳии ҳақиқат ва воқеъро ҷустуҷӯ мекунад ва то вақте ки ҳамагӣ аз асли воҳиде сарчашма гиранд, миёни суннӣ ва истифода аз раъй ва назарияи бародари шиааш ва ҳамчунин миёни шиӣ ва истифода аз раъй ва назари бародари сунниаш, бархурде пеш намеояд”.[2]

Идома дорад.

У Ганҷа

[1] .Фаслномаи роҳи тарбият (вижаи тақриби мазоҳиби исломӣ), соли дуввум, шумораи шашум, тирамоҳ ва зимистони 1387 ҳ, ш. С 2014. (ин таърифро маҷмуаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ ироа додааст).

[2] .Ҳамбастагии мазоҳиби исломӣ ( мақолоти дор ул тақриб), созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ, Теҳрон, 1377 ҳ, ш, саҳ 356.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить