Фатвоҳо дар мавриди ҳукми рўза дар сафар.

Ҳанафиҳо ва шофеиҳо дар бораи рўзаи фарз дар сафар мегўянд: “Рўза дар сафар агар мушаққат ва сахтӣ надошта бошад мустаҳаб аст ба далели ояти: “Ан тасуму хайрун лакум” (Ин ки рўза бигиред беҳтар аст).

Моликиҳо мегўянд: “Агар машаққат ва сахтӣ надошта бошад, афзал ва беҳтар бар мусофир ин аст, ки рўза бигирад”.

Ҳанбалиҳо мегўянд: “Суннат ин аст, ки мусофир дар сафар рўза надорад ва рўза гирифтан макрўҳ аст, гарчӣ машаққат надошта бошад ба далели ҳадиси “Рўза гирифтан дар сафар хайр ва савоб намебошад”. Китоби “Ал-Фиқҳу алал мазоҳибил арбаа” боби “рўзаи макрўҳ.

Ҷаъфариҳо мегўянд: “Рўза доштан дар сафар ҷоиз нест ва ҳар ки бо илму огоҳӣ (дар сафар) рўза бигирад, бояд қазои онро дар ватанаш бидорад”.

Ривоятҳо дар ин замина

Инак, бо аҳодиси исломӣ дар мавриди рўзаи дар сафар ошно хоҳем шуд:

قال جابر بن عبد الله كنا مع رسول الله زمان غزوة تبوك ورسول الله يسير بعد أن أضحى إذا هو بجماعة في ظل شجرة فقال "من هذه الجماعة"؟ قالوا رجل صائم أجهده الصوم أو كلمة نحو هذه فقال رسول الله "ليس من البر أن تصوموا في السفر"

Ҷобир мегўяд: Дар ҷанги Табук (охири соли 9 ҳиҷрӣ) ҳамроҳи Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) будем.Баъд аз чошт ҳазрат ҳаракат мекарданд, ки ногаҳон ҷамоатеро диданд, ки зери сояи дарахте нишастаанд.Пурсиданд: Ин ҷамоат кӣ ҳастанд? Гуфтанд: Марди рўзадорест, ки рўза ўро ба сахтӣ андохтааст”. Ҳазратфармуданд: Рўзагирифтандарсафаркорихайрнест.[1]

Ин ҳадис аз Аммор, Ибни Аббос, Ҷобир, Абўдардо, Абўбарза, Ибни Амр, Каъб, Ибни Умар ва Саид ибни Мусаййиб ривоят шуда, ки метавон гуфт, ки мутавотир аст.

Ривояти дигаре ба ҳамин мазмун аз Аммор ривоят шуда.[2]Ва Ибни Ҳаҷар санади онро ҳасан ва хуб гуфтааст.

عن جابر بن عبد الله أن رسول الله خرج إلى مكة عام الفتح في رمضان فصام حتى بلغ كراع الغميم فصام الناس معه فقيل له يا رسول الله إن الناس قد شق عليهم الصيام فدعا بقدح من ماء بعد العصر فشرب والناس ينظرون فأفطر بعض الناس وصام بعضهم فبلغه أن ناسا صاموا فقال "أولئك العصاة"

Ҷобир мегўяд: Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар соли фатҳи Макка дар моҳи мубораки Рамазон ба сўи Макка ҳаракат карданд ва рўза гирифтанд, то он ки расиданд ба “Курроил−ғамим”, мардум ҳам рўза гирифтанд. Аз он ҳазрат пурсиданд: “Рўза барои мардум машаққат оварда”. Ҳазрат зарфе аз обро талабид ва ин баъд аз аср буд ва нўшид дар ҳоле, ки мардум нигоҳ мекарданд. Баъзе аз мардум низ рўза хўрданд ва баъзе ҳам рўза гирифтанд. Ба он ҳазрат хабар расид, ки баъзеҳо рўза гирифтанд. Ҳазрат фармуд: “Онҳо исёнкор ҳастанд”.[3]

Ин ҳадис аз Ҷобир, Ибни Аббос, Абўҳурайра, Каъб, Сафвон ва Имом Боқир ривоят шудааст.

عن عبد الله بن عباس قال خرج رسول الله عام الفتح في رمضان فصام رمضان وصام المسلمون معه حتى إذا كان بالكديد دعا بماء في قعب وهوعلى راحلته فشرب والناس ينظرون يعلمهم انه قد أفطر فافطر المسلمون.

Ибни Аббосмегўяд: Дар соли фатҳи Макка дар моҳи мубораки Рамазон Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба сафар баромад ва рўза гирифт ва мардум низ рўза гирифтанд.Пас дар роҳ он ҷо ки ба “Кадид” расид, об талабид ва дар ҳоле, ки дар маркабаш буд онро нўшид дар ҳоле, ки мардум нигоҳ мекарданд ва он ҳазрат бо ин кор мехост барояшон маълум кунад, ки ў рўзаашро хўрдааст ва он гоҳ муслимин низ ифтор карданд ва рўзаи худро шикастанд.[4]

Ҳайсамӣ ду санади ин ҳадисро саҳеҳ донистааст.

Ду ривоят ба ҳамин мазмун аз Анас нақл шудааст, ки низ Ҳайсамӣ он дуро бо се санад аз Табаронӣ, Аҳмад ва Абўяъло ривоят карда ва ду санади онро саҳеҳ дониста ва Ҳоким низ ба шарти Муслим онро саҳеҳ донистааст.[5]

ثنا بشر بن حرب قال سألت عبد الله بن عمر قال قلت ما تقول في الصوم في السفر قال تأخذ ان حدثتك قلت نعم قال كان رسول الله إذا خرج من هذه المدينة قصر الصلاة ولم يصم حتى يرجع إليها.

Бушр ибни Ҳарб мегўяд: Аз Ибни Умар пурсидам, ки дар бораи рўза дар сафар чӣ мегўӣ? Гуфт: Агар ҳадис бароят нақл кунам мегирӣ? Гуфтам: Оре. Гуфт: Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ҳамеша агар аз ин шаҳр хориҷ мешуд, намозро қаср мехонд ва рўза намедошт то ин ки баргардад.[6]

Ҳайсамӣ мегўяд: “Дар бораи Бушр калом аст ва гоҳе ҳам тавсиқ шуда”. Ибни Ҳаҷар Бушрро дар “Тақриб” садуқ гуфтааст, пас ин ҳадис саҳеҳ аст.

جعفر بن عمروبن أمية الضمري عن أبيه قال قدمت على النبي وهويأكل فقال هلم فقلت إنى صائم فقال هلم أحدثك إن الله تعالى وضع عن المسافر الصيام وشطر الصلاة.

Ҷаъфар ибни Амр ибни Умайяи Замрӣаз падараш ривоят мекунад:Ба ҳузури Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) рафтам дар ҳоле, ки он ҳазрат таом мехўрд.Фармуд: Биё”.Гуфтам: Ман рўза ҳастам”.Фармуд: Биё, бароят ҳадис бигўям.Ҳамоно Худованди Мутаол рўза ва миқдоре аз намозро аз мусофир бардоштааст.[7]

Ин ҳадисро Анас, Ибни Абўавфо, Омир ибни Молик, Абўумайя, Абдуллоҳ ибни Шухайр ва Абўқулоба ривоят кардаанд ва Тирмизӣ ва Ибни Ҳаҷар дар Таҳзиб онро саҳеҳ донистаанд.

وعن ابى طعمة قال كنت عند ابن عمر فجاءه رجل فقال يا أبا عبدالرحمن انى أقوى على الصيام في السفر فقال ابن عمر إنى سمعت رسول الله يقول من لم يقبل رخصة الله عزوجل كان عليه من الاثم مثل جبال عرفة.

Абўтуъма мегўяд: Назди Ибни Умар будам, ки марде омаду ба ў гуфт: Ман барои рўза дар сафар қудрат дорам”. Ибни Умар гуфт: Ман аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) шунидам, ки мефармуд: Ҳар ки рухсати Худоро қабул накунад, ба монанди кўҳи Арафа бар ў гуноҳ хоҳад буд”. Муснади Аҳмад, 2/71. Маҷмаъ-уз-завоиди Ҳайсамӣ, 3/161.

Ҳайсамӣ санади ин ҳадисро ҳасан ва хуб гуфтааст.

وعن عقبة بن عامر قال قال رسول الله من لم يقبل رخصة الله عزوجل كان عليه من الذنوب مثل جبال عرفة.

Уқба ибни Омир мегўяд: Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуданд: Ҳар ки рухсати Худоро қабул накунад, ба монанди кўҳи Арафа бар ў гуноҳ хоҳад буд”.

Ин ҳадисро Ҷобир, Амр ибни Ҳазм, Уқба ва Ибни Умар ривоят кардаанд. Муснади Аҳмад, 2/71, 4/158. Маҷмаъ-уз-завоиди Ҳайсамӣ, 3/162 бо се санад. Фатҳул борӣ, 4/160. Тафсири Ибни Касир, 1/223.

Ҳайсамӣ ду санади ин ҳадисро саҳеҳ ва ҳасан гуфтааст.

وعن ابن عمر ان النبي قال ان الله تبارك وتعالي يحب أن تؤتى رخصه كما يكره أن تؤتى معصيته.

Ибни Умар мегўяд: Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуд: Ҳамоно Худованд дўст дорад, ки ба рухсатҳои ў амал шавад чунон, ки намеписандад, ки гуноҳо ў анҷом гирад.2 Муснади Аҳмад, 2/108. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон, 6/451. Мусаннафи Ибни Абўшайба, 6/234. Маҷмаъ-уз-завоид, 3/162.

Ин ҳадис аз Ибни Масъуд ва Ибни Умар ривоят шуда ва Ҳайсамӣ як санадро саҳеҳ ва якеро ҳасан ва хуб гуфтааст.

عن عبد الله بن يزيد بن أديم قال حدثنى أبوالدرداء وواثلة بن الاسقع وأبوامامة وأنس ابن مالك ان رسول الله قال ان الله يحب ان تقبل رخصه كما يحب العبد مغفرة ربه.

Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуданд: Ҳамоно Худованд дўст дорад, ки рухсатҳояш қабул гардад(ва ба он амал шавад) чунон, ки банда бахшиши гуноҳонашро дўст дорад.

Ин ҳадис аз чаҳор саҳоба ривоят шуда гарчӣ санадаш саиф аст, вале  бо гувоҳии аҳодиси саҳеҳи гузашта бар сиҳҳати маънои он пай мебаред. Мўъҷамул кабир, 8/154. Мўъҷамул авсат, 5/155. Маҷмаъ-уз-завоид, 3/162. Дуррул мансур, 1/193.

عن ابن عباسوعن عبدالله ابن مسعود قال قال رسول الله ان الله يحب أن تؤتى رخصه كما يحب أن تؤتى عزائمه.

Аз Ибни Аббос ва Ибни Масъуд ривоят шудааст: “Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуданд: Худованд дўст дорад, ки ба рухсатҳояш амал шавад чунон, ки дўст дорад бар воҷиботаш амал шавад.

Ин ҳадис аз Ибни Аббос, Масруқ ва Ибни Мункадир ривоят шудааст ва Ҳайсамӣ санади онро саҳеҳ донистааст. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон, 2/69, 8/333. Мусаннафи Ибни Абўшайба, 6/234. Маҷмаъ-уз-завоиди Ҳайсамӣ, 3/162. 

Ин аҳодис хеле равшан бар ҷоиз набудани рўза гирифтан дар сафар далолат мекунанд, балки мулоҳиза мекунед, ки рўза доштан дар сафарро баробар бо гуноҳе медонад, ки ба андозаи кўҳи Арафа хоҳад буд ва ҳадиси ба ин маъноро ҳам чаҳор нафар аз саҳоба ривоят кардаанд ва ҳам саҳеҳ мебошад. Ҳамчуноне, ки ҳар ки воҷиберо тарк кунад мавриди ғазаби Худованд қарор хоҳад гирифт, ҳамчунин ҳар ки ҳаромеро муртакиб шавад чунин вазъе хоҳад дошт. Пас рўза гирифтан дар сафар низ ин ҳукмҳоро бино бар аҳодиси гузашта хоҳад дошт.

أن رسول الله قال: خيار أمتي من شهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له وأن محمدا عبده ورسوله والذين إذا أحسنوا استبشروا وإذا أساؤوا استغفروا وإذا سافروا قصروا وأفطروا.

Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуданд: “Некони умматам касоне ҳастанд, ки шаҳодатайн мегўянд ва касоне, ки вақте хубӣ мекунанд хушҳол мешаванд ва агар гуноҳ кунанд истиғфор мекунанд, агар сафар карданд қаср хонанд ва рўза нагиранд.[8]

Ин ҳадис аз Ҷобир, Урва ибни Рувайм ва Ибни Мусаййиб ривоят шуда ва санадаш саҳеҳ мебошад.

عن الضحاك بن مزاحم قال: قال لي ابن عباس: مهما عصيتني فيه من شئ فلا تعصيني في ثلاث: إذا خرجت مسافرا فصل ركعتين حتى ترجع إلى أهليك ولا تصومن حتى ترجع إلى بيتك ولا تدخل مكة إلا بإحرام.

Заҳҳок мегўяд: Ибни Аббос ба ман гуфт: Дар ҳар чизе ҳам маро нофармонӣ бикунӣ бикун, вале дар се чиз ба  суханам амал кун: Вақте ба сафар баромадӣ, намозатро қаср бихон то замоне, ки баргардӣ ва дар сафар то барнагаштӣ рўза надор ва ба Макка дохил нашав, магар бо эҳром. Мусаннафи Абдураззоқ, 2/565р4482.

Санади ин ҳадис саҳеҳ аст.

عن عبد الله بن عامر بن ربيعة أن عمر بن الخطاب أمر رجلا صام شهر رمضان في السفر أن يقضيه.

Умар ибни Хаттоб (р) мардеро, ки моҳи мубораки Рамазонро дар сафар рўза гирифта буд амр кард, ки дубора қазои он рўзаро бидорад. Мусаннафи Абдураззоқ, 2/565р4483, 4/270р7763. Канзул уммол,ҷ8ҳадиси 24369.

Санади ин хабар саҳеҳ мебошад.

عن المحرر بن أبى هريرة قال صمت رمضان في السفر فأمرني أبوهريرة أن أعيد الصيام في أهلي.

Муҳаррир ибни Абўҳурайра мегўяд: Ман дар сафар моҳи мубораки Рамазонро рўза гирифтам, пас Абўҳурайра маро амр кард, ки дар хонаам дубора қазои онро бидорам”. Мусаннафи Ибни Абўшайба, 2/434. Тафсири Табарӣ, 2/205р2346.

Санади ин хабар низ саҳеҳ мебошад.

عبد الرزاق عن يحيى بن ربيعة قال: سألت عطاء ابن أبي رباح عن الصائم في السفر فقال: أما المفروض فلا وأما التطوع فلا بأس.

Яҳё мегўяд: Аз Ато ибни Абўрибоҳ аз рўзаи дар сафр савол кардам, гуфт: Рўзаи фарз дар сафар ҷоиз нест, вале рўзаи мустаҳаб ҷоиз аст. Мусаннафи Абдураззоқ, 2/565р4485.

Санади ин ривоят саҳеҳ аст.

هشام بن حسان قال: سمعت القاسم يحدث عن ابن عمر قال: كان يقول: من صحبنا فلا يصوم قال: وكان لا يصوم في السفر.

Ибни Умар мегуфт: Ҳар ки ҳамроҳи мо сафар мекунад, набояд рўза бигирад”.Ва худи ў ҳеҷ вақт дар сафар рўза намедошт. Мусаннафи Абдураззоқ, 2/565р4486.

Санади ин хабар саҳеҳ аст.

عبد الرزاق عن عبد العزيز بن أبي رواد عن نافع قال: كان ابن عمر لا يصوم في السفر ولا يزيد على ركعتين بالنهار وكان يحيي الليل.

Нофеъ мегўяд: Ибни Умар ҳеҷ вақт дар сафар рўза намегирифт ва намозро қаср мехонд ва шабзиндадорӣ мекард. Мусаннафи Абдураззоқ, 2/566р4488.

Санади ин ҳадис саҳеҳ аст.

Ҳасани Басрӣ ва Қутода гуфтаанд: Мусофир рўза намедорад ва намозашро қаср мехонад. Мусаннафи Абдураззоқ, 2/566р4487.

Санади ин ривоят саҳеҳ аст.

عبد الرزاق عن أبي بكر بن محمد عن إسماعيل بن رافع عن ابن عمر أن رسول الله سأله رجل عن الصلاة والفطر في شهر رمضان في السفر فقال رسول الله: أفطر قال: إني أقوى على الصوم يارسول الله! قال له النبي: أنت أقوى أم الله؟ إن الله تصدق بإفطار الصائم على مرضى أمتي ومسافريهم أفيحب أحدكم أن يتصدق على أحدكم بصدقة ثم يظل يردها عليه.

Ибни Умар мегўяд: Марде аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар бораи намоз ва рўза дар сафар пурсид? Ҳазрат фармуданд: Рўза надор. Гуфт: Ман қудраташро дорам. Фармуданд: Ту қавитар ҳастӣ ё Худо? Худованд ба мусофир ва маризҳо хўрдани рўзаро садақа кардааст.Оё касе дўст дорад, ки ба касе садақае диҳад ва он кас садақаашро нагирад ва баргардонад.[9]

عبدالرحمن بن عوف قال: قال رسول الله الصائم في السفر كالمفطر في الحضر.

Абдураҳмон ибни Авф мегўяд: Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуданд: Касе ки дар сафар рўза медорад монанди касест, ки дар ҳолати ҳузур (яъне ғайри сафар) рўза мехўрад. Сунани Ибни Моҷа, 1/532р1666. Тафсири Табарӣ, 2/206р1349.

عن بن عباس قال الافطار في السفر عزمة

Ибни Аббос мегўяд: Ифтор кардан ва рўза надоштан дар сафар фарз аст. МусаннафиИбни Абўшайба, 2/431. Тафсири Табарӣ, 2/205р2341.

Санади ин хабар саҳеҳ аст.

قال أبوجعفر كان أبي لا يصوم في السفر وينهى عنه.

Имом Боқир фармуданд: “Падарам (Имом Саҷҷод) ҳеҷ вақт дар сафар рўза намегирифт ва дигаронро низ аз рўза гирифтан (дар сафар) манъ мекард. Тафсири Табарӣ, 2/205р2343.

Санади ин ҳадис саҳеҳ мебошад.

Табарӣ менависад:

أن قوما قدموا على عمر بن الخطاب وقد صاموا رمضان في سفر فقال لهم: والله لكأنكم كنتم تصومون! فقالوا: والله يا أمير المؤمنين لقد صمنا قال: فأطلقتموه؟ قالوا: نعم قال: فاقضوه فاقضوه فاقضوه.

Гурўҳе ба назди Умар ибни Хаттоб (р) омаданд, ки моҳи мубораки Рамазонро дар сафар рўза гирифта буданд. Умар (р) ба онҳо гуфт: Ба Худо савганд гўё шумо рўза мегирифтед?”Гуфтанд: Ба Худо савганд, оре рўза доштем. Он гоҳ се маротиба гуфт: Пас онро қазо кунед”. Тафсири Табарӣ, 2/205р2348.

Муҷоҳид мегўяд: Ҳар гоҳ сафар кардӣ, рўза нагир... Фатҳул борӣ, 4/160ба нақл аз Табарӣ.

Ин танҳо баъзе аз аҳодис ва ахбор дар ин мавзўъ буд, ки ҳама ҷоиз набудани рўза гирифтан дар сафарро мерасонанд. Дар ин мавзўъ мо ҳеҷ ҳадиси саҳеҳе аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) надидем, ки дар сафар рўза гирифта бошанд ва ё онро ҷоиз хонда бошанд ва танҳо як хабари мавқуф аз ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) ворид шуда, ки он низ бо чандин хабаре, ки мо дар ин ҷо аз ҷаноби халифаи дуюм нақл кардем, мухолифат мекунад.

Ёсин



[1]-Саҳеҳи Бухорӣ, 2/238. Сунани Ибни Моҷа, 1/532 р1664-1665. Сунани Насоӣ, 2/99 р2563 то 2570. Саҳеҳи Ибни Хузайма, 3/254. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон, 2/70. Муснади Аҳмад, 3/319-399, 5/434.

[2]-Сунани Насоӣ, 2/100 р2566. Маҷмаъ-уз-завоид, 3/161. Фатҳул борӣ, 4/161. 

[3]-Саҳеҳи Муслим, 3/142. Сунани Насоӣ, 2/100 р2571. Саҳеҳи Ибни Хузайма, 3/255. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон, 6/423, 8/317. Муснади Аҳмад, 3/475. Муснади Ҳумайдӣ, 2/450. Сунани Тирмизӣ, 2/107 р705.

[4]-Сунани Насоӣ, 2/111 р2622-2623. Муснади Аҳмад, 1/166-261, 3/475. Табақоти Ибни Саъд, 2/137. Маҷмаъ-уз-завоид, 3/164-165.

[5]-Муснади Аҳмад, 3/126. Муснади Абўяъло, 4/146 р2208 аз Ҷобир. Мустадрак, 1/433. Маҷмаъ-уз-завоид, 3/160.

[6]- Муснади Аҳмад, 2/99. Маҷмаъ-уз-завоид, 3/159.

[7]-Сунани Насоӣ, 2/102-170 ҳадиси 2577 то 2591 ва 2900 бо 15 санад. Саҳеҳи Ибни Хузайма, 3/267. Мусаннафи Абдураззоқ, 2/565 р4478. Муснади Аҳмад, 4/347, 529. Сунани Ибни Моҷа, 1/533 р1667. Ал-оҳод вал масонӣ, 3/151 ва дигарон.

[8]-Ал-умми Имом Шофеӣ, 1/208. Муснади Шофеӣ, с 25. Мусаннафи Абдураззоқ, 2/565 р4481. Талхисул ҳабир, 4/474. Маҷмаъ-уз-завоид, 2/157.

[9]-Мусаннафи Абдураззоқ, 2/566 р4477.

 

 

 

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить