Барои посух ба ин саволҳо ба суроғи Қуръони Карим меравем. Худованд дар чанд оят дастур додааст, ки ба падару модари худ эҳсон ва некӣ кунед.

قال الله تعالی: وَ قَضى‏ رَبُّكَ أَلاَّ تَعْبُدُوا إِلاَّ إِيَّاهُ وَ بِالْوالِدَيْنِ إِحْساناً

Ва Парвардигорат фармони ҳатмӣ додааст, ки фақат  ӯро бипарастед ва ба падару модар (и худ) некӣ кунед. Исроъ/23

Мехоҳем бифаҳмем, ки Худованд бо ин дастур аз мо чи мехоҳад?

 Барои беҳтар фаҳмидани ин масъала баҳсро ба 4  қисм тақсим ва баён мекунем;

  1. 1.       Некӣ ба падару модар хеле муҳим аст , чунки:
  • 6 бор дар Қуръони Карим омада аст. Бо таваҷҷӯҳ ба инки бархе аз аҳкоми муҳим монанди хумс дар як оят омадааст.(Анфол/41)
  • 4 бор баъд аз масъалаи тавҳид омадааст. Бақара/83; Нисо/36; Анъом/151; Исроъ/21
  • Нишонаи муваҳҳиди воқеӣ аст.
  • Як масъала ва вазифаи инсонӣ аст. Аҳқоф/15 ва  Анкабут/8
  • Дар адёни гузашта ҳам будааст. (Бақара/83)
  • Дастур ва ҳукми Худост. Пас бояд ба он амал шавад. Исроъ/23
  • Тарки он ҳаром ва гуноҳ аст. Исроъ/23
  • Дастури мураббӣ аст. Яъне амал ба он сабаби тарбият ва рушд аст. Исроъ/23
  • Бояд бевосита ва шахсан бошад. (бои илсоқ на ило) Дар ҳамаи 6 оят.

ü  Пас фарзанди азиз!

Аз падару модар, ки туро ба дунё оварданд ва пеши ту ҳастанд, ташаккур кун ва ба азамати офаридгори ҳақиқӣ, ки ҳам падару модар ва ҳам туро офаридааст диққат кун ва ба фикри ташаккур аз ӯ бош!

Худое, ки мураббии ҳамаи оламиён аст, ба падару модар тавфиқи тарбияти фарзанд додааст ва ташаккур аз он дуро воҷиб кардааст. Ин масъала на танҳо ширк нест, балки худи тавҳид аст. Пас бо ташаккур аз падару модар, дастури мураббии аслӣ ва ҳақиқиро амал мекунӣ, ки ҳам ташаккур ва ҳам рушд аст.

Воқеан меҳри падару модар ба фарзандро кӣ додааст? Агар падару модар ин қадар ба фарзанд муҳаббат доранд ва ӯро дӯст медоранд, пас он Худое, ки ин ҳама муҳаббатро ба падару модар додааст бандаашро чи қадар дӯст медорад?

Идома дорад

Таҳияи С. М.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить